Предыдущая публикация
Гуфти маро- Як бўса кун,
Дутои он бошад зиёд.
Гуфтам :-Ба ман як бўса бас,
Чун чуръаи оби ҳаёт.
Гуфти маро:-Наздам нишин,
Дар ғояти фақру ниёз.
Гуфтам:-Ба амрат розиам,
Ҳамчун ғуломи сарфароз.
Гуфти:-Ба мо нанмо назар,
Дорам ҳазар аз чашми тар.
Гуфтам:-Ҳабибатро марон.
Ҳамчун гадои пушти дар.
Гуфти маро:- Безор макун,
Дар кўи мо бозор макун.
Гуфтам:-Макун бегонаги,
Дарду ғамам бедор макун.
Хорам макун, хорам макун,
Ҳар лаҳза беморам макун,
Дар чодаҳои ошиқи,
Дилхастаю зорам макун.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев