ҒАМГИН МАБОШ
Ғамгин мабош, ки ту фақир ҳастиву сарвати кам дорӣ, зеро ба гайр аз ту каси дигаре низ ҳаст, ки умуман тиккаи ноне надорад, қарзи зиёд бар гарданаш бору хонаашро фурӯхта бесаробон аст.
Агар ту маркаб ё мошини гаронбаҳо надорӣ ва аз ин пайвасл а ғам мехӯрй, бидон, ки ба ғайр аз ту каси дигаре низ ҳаст, ки умуман пой надорад. Ва ё пой дораду фалаҷ аст, роҳ гашта наметавонад.
Агар туро боре бемории кӯчак як лаҳза азиятат дод, бидон, ки нафаре низ ҳаст, ки якумр аз бистари беморй нахестааст.
Агар фарзанди писар надорӣ ва аз ин ғам мехурй, бидон, ки афроде низ ҳаст, ки дар орзуи нохуни фарзанд як умр зор аст, умуман фарзанд надорад.
Агар аз офате ё беморие фарзанди ту мурд, бидон, ки дар ҷои дигар нафареро тамоми фарзандаш дар як лаҳза ба коми дарё фурӯ рафта ё дар натиҷаи заминларза ҳама зери бори хона монда мурдаанд.
Ғамгин мабош зеро туро Худованд мусулмон офаридаст. Имон ба Худо дорӣ ба расулу малоикаҳояш, рӯзи охирату такдироти неку бад бовар дар дилат қойим аст. Лекин гайри ту ононе ҳастанд, ки кофир зода шуданд, Худо надоранд, дурӯғ мегӯянд ва паямбарону рӯзи охират ва тақдири неку бадро инкор мекунанд.
Ғамгин мабош, вақте гуноҳсодир кардӣ, тавба гӯй. Бадие кардӣ, истиғфор бигӯй, хатогие дори, ислоҳ кун. Раҳмати Оллоҳ бузург аст ва дари ӯ ҳамеша барои тавба боз аст.
Ғамгин мабош. зеро монда мешавад асабҳоят, баданҳо хаста ва шабҳои бароҳат ба бехобиву азият табдил меёбад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3