Ҷалолиддини
Балхи
Каноре надорад биёбони мо,
Қароре надорад дилу ҷони мо!
Ҷаҳон дар ҷаҳон нақшу сурат гирифт,
Кадом аст аз ин нақшҳо они мо?!
Чу дар раҳ бибинӣ бурида саре,
Ки ғалтон равад сӯйи майдони мо,
Аз ӯ пурс, аз ӯ пурс асрори мо,
К-аз ӯ бишнавӣ сирри пинҳони мо!
Чи будӣ, ки як гӯш пайдо шудӣ
Ҳарифи забонҳои мурғони мо?!
Чи будӣ, ки як мурғ паррон шудӣ,
Бар ӯ тавқи сирри Сулаймони мо?!
Чи гӯям, чи донам, ки ин достон
Фузун аст аз ҳадду имкони мо!
Чи гуна занам дам, ки ҳар дам ба дам
Парешонтар аст ин парешони мо!
Чи кабкону бозон, ситон мепаранд
Миёни ҳавои куҳистони мо!
Миёни ҳавое, ки ҳафтум ҳавост,
Ки бар авҷи он аст айвони мо!
Аз ин достон бигзар, аз ман мапурс,
Ки ҳар дам шикастаст дастони мо!
Салоҳулҳақу дин намояд туро
Ҷамоли шаҳаншоҳу султони мо!
Ҷалолиддини Румӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев