Мунагаш гашта байти обдоре. :
«Маро бо хохиши ман н-офариданд,
Ва хам бо хохиши худ ман намурдам.
Хар он чизк ки аз дунё гирифтам .
Ба дунё боз чун карзаш супурдам»
Ба санги обшуста лайсу хамвор.
Чунин лавхаест аз ёри вафодор.:
«Батори кулахо фарёд кардам,
Чавонию туро ман ёод кардам.
Нату боз омадиву на чавони,
Ба байте сангро обот кардам»
Бидидам дар яке болори хона,
Чунин ду байти аз усто нишона:
«Биё мехмони ман шав эй бародар.
Гулистон кун даме кошонаи ман.
Биё хар гох дасти холи аммо.
Дили холи найо бар хонаи ман»
Ба даври шахсутуни хонакохе.
Чунин шахбайт аз окил гувохест:
«Намеарзад барои молу мансаб.
Бародарзода бифиребат бародар.
Чу мо фарзанди куххои баландем .
Бамо пасти намезебад бародар!» Лоик Шерали «КИТОБИ САНГИН»
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев