1. Худо кадом хабарро ба мо гуфтанӣ аст?
Худо мехоҳад, ки одамон аз зиндагӣ дар рӯи замин лаззат баранд. Ӯ замин ва ҳамаи чизҳои дар он бударо офарид, чунки одамизодро дӯст медорад. Ба қарибӣ Ӯ коре мекунад, то ки ҳаёти одамон дар ҳама мамлакатҳо беҳтар шавад. Ӯ он чизҳоеро, ки ба инсоният азоб меоранд, нест мекунад.
Ирмиё 29:11
" Зеро фикрҳоеро, ки Ман дар бораи шумо дорам, Ман
медонам, — мегӯяд Худопанд, — фикрҳое ки ба осоиштагй
оид аст, на ба бадӣ, то ки ба шумо ояндаи нек ва умедворй
бибахшам."
Ягон ҳокимият ҳеҷ гоҳ зӯроварӣ, беморӣ ва маргро нест карда натавонист. Вале барои мо хабари нағзе ҳаст. Ба наздикӣ Худо ҳамаи ҳокимиятҳои одамиро бо ҳокимияти худ иваз хоҳад кард. Одамон зери он ҳокимият аз сулҳу осоиштагӣ ва саломатии хуб баҳравар мешаванд.
Дониёл 2:44
"Ва дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате бар-
ио хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин
салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи
ин салтанатҳоро гард-гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале
худаш то абад хоҳад истод."
2. Чаро донистани ин хабар муҳим аст?Азобу уқубатҳо танҳо ҳамон вақт ба охир мерасанд, ки вақте Худо заминро аз одамони бад пок месозад (Сафанё 2:3). Ин кай рӯй медиҳад? Каломи Худо шароитеро, ки ҳоло вуҷудияти инсониятро зери хатар мегузорад, пешгӯӣ карда буд. Воқеаҳои ҳоло рӯйдодаистода нишон медиҳанд, ки Худо ба наздикӣ амал мекунад.
3. Мо бояд чӣ кор кунем?Мо бояд дар бораи Худо аз Каломаш — Китоби Муқаддас дониш гирем. Ин китоб ба мактубе монанд аст, ки падари меҳрубон ба фарзандонаш навиштааст. Дар он гуфта мешавад, ки чӣ тавр мо метавонем ҳоло ҳаёти худро беҳтар кунем ва дар оянда аз ҳаёти ҷовидонӣ дар рӯи замин баҳра барем. Баъзеҳо шояд розӣ нестанд, ки барои фаҳмидани Китоби Муқаддас касе ба шумо ёрӣ дода истодааст. Вале имконияти ояндаи хушбахтонаро, ки Худо ваъда медиҳад, аз даст надиҳед. (Масалҳо 29:25 ва Ваҳй 14:6, 7-ро хонед). https://www.jw.org/tg/%D0%B0%D0%B4%D0%B0%D0%B1%D0%B8%D1%91%D1%82%D2%B3%D0%BE/%D0%BA%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B1%D2%B3%D0%BE/bible-teach/%D0%9A%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B1%D0%B8-%D0%9C%D1%83%D2%9B%D0%B0%D0%B4%D0%B4%D0%B0%D1%81-%D0%BA%D0%B8%D1%82%D0%BE%D0%B1%D0%B8-%D0%B8%D0%BB%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D1%81%D1%82/
https://chat.whatsapp.com/CDohmwc3J9i2Rsje7Mutl7
http://ok.ru/amrisitam.tj/topic/63507807977655
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев