БОШАД? МЕХОҲИ АЛЛОҲ
(ҷ. ҷ) МУВАФФАҚАТ ГАРДОНАД?
Пас беҳтарин роҳи он
муваффақийят руй овардан ба
Он Холиқи Бузургу Тавоност
дар намозу дуъоҳои хеш. Аммо
барои дуъову ҳоҷатхохи пеш
аз ҳама бандагон бояд эмон ба
Аллоҳ (ҷ.ҷ) дошта бошанд ва аз
«ТАВҲИД» бохабар бошанд.
Чун ТАВҲИД (яктопарасти)
рукни аввал ва асоси ислом
аст- ва ҳар касе аз он дур монд
аз Ислом дур монд. Сипас
АЪМОЛИ ИСЛОМИ ДОШТАН: ЧУН
НАМОЗУ РУЗАи бо ҳузури дил
(комил) доштан, аз руи дорои
закоту хаҷро адо кардан.
Сабаби ин навиштаҳо дар чист?
Оё шумо боре бо нафаре аз ёру
дустон ва ё мусалмононе ки
ноумед шудаанд ва ё аз сабаби
он ки як нафаре ки «ғараз»
дорад онҳоро аз руй овардан
бо ҳоҷатхохи суи даргохи
Илоҳи манъ мекунанд
вонахурдаед? Мисол:
- як ду руз пеш як бародар ва
пештар дигаре ба ман
навиштанд ки вақте ки ман
ҳоҷат доштам ва ё дар
тангдасти будам Худованд
маро мадад накард. Ё дигаре
мегуяд ки фалон домло мегуяд
ки ту худ зиёд гунаҳкори –
бехтараш худ руй ба Аллоҳ
(ҷ.ҷ) наёру назди қабри
бузургон- зиёратгоҳҳо рав то
дар ҳаққат дуъо кунанд ва
ҳоҷататро ба Худованд
расонанд.
Аммо дар асл онҳо ъамалҳои
кардаи худро навиштанду
ҳайрон мемони – охир ин ҳама
акидаҳои зидди Қуръону
Аҳодиси Набавист!? Охир
Худову Расулаш як чи
фармудаанду ин ноМуллоҳое
ки қабри олимеро «зиёратгоҳ»
сохта болои катҳо нишастаанд
зидди он фармудаҳо дигар
коре ки щирк аст фармудаанд.
Чун зиёданд чунин ғараздор
номуллоҳое ки аз мардум пулу
мол талаб мекунанду он чи
мефармоянд ки дар асл зидди
Ислом аст:
- албатта се ҳафта паи ҳам
назди ман сари қабри ин
«ҳазрат» биё дуъо гир, гар
ҳоҷате дори 3-4 маротиба
назди ин қабр ва ё қабри
фалон ҳазрат бирав, 1-2 моли
кабудча ва ё дигар бузу
гусфанд кушта назди фалон
бузургвор хун бикун, аз фалони
дуъо бигир ва ғайра.
Гуиё ки то ин ъамалҳоро
накуни Худованд дуъои туро
қабул намекунад: ба туву
наздиконат бахт намедиҳад,
фарзанд намедиҳад, кушоиши
кор намедиҳад, аз офатҳо
нигоҳ намедорад ва ғайра.
Пулу моли дунё сабаб шудааст
ки ин аз «тавҳид» бехабарон
ин дунёву охираташонро
барбод додаанд ва ба шайтон
дода шудаанд. Чун акнун инҳо
«дастёри Шайтони лаъинанд»-
ва мардумро ба щирк даъват
мекунанд.
Аммо он чи ки «моли кабуд
биёр», «фалон хел ришта
биёр», қулфу дигару дигар
биёр- ин ҳама он сифатҳоест
«ҶОДУГАРОН»-у Фолбинон
мефармоянд на Худову
Расулаш. Ҳар нафаре ки ба он
ҷодугарсифатон бовар кунад
эмонаш ҳам заъиф ва ҳатто
эмони ба Худо надорад.
Пас он мардумон аввал
ъамалҳои щирки менамоянд,
зидди фармудаҳои Худову
Расулаш зиёд ъамал мекунанд,
чун корашон барор нагирифт
сипас руй ба Аллоҳ меоранд бе
тавбаву истиғфору тоъату
ъибодат -боз умед доранд ки
Худованд онҳоро муваффақ
гардонад? Сабаби асосии ба
ъамалҳои куфру щиркиву
буидъат руй овардани
мардумон ин аз Исломи асли
дур будан аст – ва ё ҳамон
муллоҳои сари қабре ки барои
пулу мол шуда мардумро ба
щирк мебаранд.
Аммо ман ҳайронам аз он
нафароне ки худро ъилми
Исломи дорам мегуянд. Охир
зиёди ъамали онон щирк аст,
гуноҳи бузург аст, зидди
Қуръону суннат аст- аммо
ноМуллоҳои мо чун ёфтаанд
мардуми содаро дигар
намехоҳанд аз чунин даромад
маҳрум шаванд!
Шиори онон: « ГУР СУЗАДУ-ДЕГ
ҶУШАД».-шудааст.
Каманд имрузхо муллоҳое ки
тибқи Қуръону суннат
мардумро фахмонанд:
- Худованд дар фалон ояи
Қуръон чунин фармудааст ва ё
Паёмбар ( ﷺ) дар ҳадисаш чунин
таъкид карддаст.
Намефармоянд ки аз ҳама
беҳтараш ту худ Қуръон хон,
намозҳои «Истихора»-ву дигар
намозҳои нофила хон ва худ
ДУЪО кун ва аз ХУДОВАНД ҳоҷат
бихоҳ. Аз инҳо пайрави куни
Ин Шо Аллоҳ ҳоҷатат
бароварда мешавад.
Намегуянд ки сифати
ҷодугарону фолбинон чист.
Аммо афсус сари ҳар
«зиёратгоҳ» болои кат нишаста
ноМуллоҳо дониставу
надониста мардумро ба щирк
равона мекунанду бо ин роҳ
фоида ба даст меоранд. Куҷо
шумо хабаре шунидаед ки
аввалин мусалмонон сари
қабри Паёмбар ﷺ ва ё асҳобаш
қабре-зиёратгоҳе рост карда
пул кор кунанду мардумро ба
ҳоҷатхоҳи, шифохоҳи, бахту
тахтхоҳи ба сари он қабрҳо
даъват карда бошанд? Магар
онон зиёд аз Ислому Эмон
хабар доштанд – ва ё ин
имруза ноМуллохои сари қабри
«азизони Худованд»?
То асрҳои навин чунин хабарҳо
набуд! Чун он аввалин
мусалмонон медонистанд ки
ин ъамал «щирки ба Худост»!-
балки ҳар ҳоҷату мушкиле пеш
ки меомад- худ намозу дуъову
тазарруъ ба Холиқи Яктои
Беҳамто доштанд тибқи
Қуръону суннат! Пас ба таърих
бингаред то чи андоза онон
ғолибу дастболо гашта буданд
«би изни Илоҳи»!
Як қиссаи воқеии ъибратомуз
бар нафароне ки Ҳоҷату
мушкилие доранд:
Нақл аст, дар он вақт, ки
Абдуллоҳи Тоҳир амири
Хуросон буд ва тахтгоҳ дар
Нишопур дошт, марди
оҳангаре аз шаҳри Ҳирот ба
Нишопур рафт ва як чанд вақт
дар он ҷо кор кард. Ва хост, ки
ба Ҳирот ба сӯи аҳлу аёли худ
баргардад.
Ва дар он вақт Абдуллоҳи
Тоҳир афсаронро фармуда буд,
то роҳҳоро аз дуздон эмин
доранд. Рӯзе афсарон дуздонро
дастгир карда, ба амир хабар
доданд. Ногоҳ як нафаре аз он
дуздон гурехт ва афсарон
тарсиданд.
Ва ин марди оҳангар шабона
ба роҳ баромада буд, ӯро
дастгир карда бо ҳамроҳии
дуздон ба пеши амир
оварданд. Амир пеш аз он, ки
тафтиш намояд фармон кард,
ки онҳоро ба зиндон баранд.
Хоҷаи оҳангар донист, ки кор
аз куҷо кушояд ва мақсуд аз
куҷо барояд. Зуд таҳорат сохт
ва дар гӯшаи зиндон ба намоз
машғул шуд ва ҳар ду ракаъат
намоз, ки мехонд сар ба саҷда
ниҳода матлабашро изҳор
карда, аз сидқи дил бо Худо
муноҷот мекард, ки:
-«Худвандо, ту медонӣ, ки ман
аз ин кор бегуноҳам».
Чун шаб даромад Абдуллоҳи
Тоҳир ба хоб дид, ки чаҳор
нафар шахси боҳайбату
салобат омаданд ва аз чаҳор
гӯшаи тахти вай гирифтанд, ки
нагунсор кунанд.
Абдуллоҳ аз хоб тарсида
бархост ва калимаи «Ло ҳавла
ва ло қуввата илло биллоҳил-
ъалийил-ъазим»-ро бар забон
ронд ва таҳорат карду ду
ракаъат намоз бигузорид.
!! Бародарону хоҳарони
Эмониам!:
Хушо бар ҳоли он мардумони
пеш, ки чй шоҳу чӣ гадо ҳар
киро мушкилеву ҳоҷате пеш
меомад, рӯй ба сӯи ин даргоҳи
Худовандй оварда розу ниёзи
худро арза мекарданд. Пас
Худованд бар онон фатҳу
зафарийят ва неъматҳояшро
бе ҳисоб ато менамуд.
Таърих гувоҳ аст ки то чи
андоза он замонҳо
мусалмонон ғолибу муваффак
буданд- чун ҳар ҳоҷоте ки
доштанд худ намозҳои
нофилаи «дили шаб» гузошта
аз Холикашон (ҷ.ҷ) ҳоҷат
мехостанд! Албатта он
гузаштагони мо дар намозхои
фарзиву рузаву закоту хаҷ сахт
пойбанд буданд.
Аммо дар ин замони мо ба
сари касе мусибате ва ё
мушкилие афтад ба сӯи
фолбинҳову, сари қабри
азизону, муллоҳои дуъохоне ки
сифати фолбини доранд
мераванд ва кушоиши корро
аз онҳо талаб мекунанд .
Худованд на ин ъамалҳои
щирку бидъат - балки намозу
дуъои худи шуморо қабул
дорад! «Холиқ»( ҷ. ҷ)
ҳоҷатбарор аст - чаро шумо
паи « махлуқ»-и заъифу
нотавоне ва ё мурдагоне ки
худ ба дуъои мову шумо хоҷат
доранд мегардед?
Давоми қисса:
Абдуллоҳ боз ба хоб рафт ва
боз ҳамон хобро дид. Ва
ҳамчунин то чаҳор маротиба
ҳамон чаҳор касро медид, ки
аз чаҳор гӯшаи тахти вай
мегирифтанд, то нагунсор
кунанд.
Абдуллоҳ битарсид ва донист,
ки «оҳи мазлум» дар вай
расидааст. Ҳам дар шаб
зиндонбонро талаб карду гуфт:
- Ҳеҷ мазлум дар зиндон
медонй, ки маҳбус монда
бошад?
Зиндонбон гуфт:
-Эй амир, надонам ки мазлум
кист, аммо мардеро мебинам,
ки пайваста намоз мегузораду
муноҷоти дилсуз мекунад.
Абдуллоҳ бифармуд, то ӯро
ҳозир карданд. Аз ҳоли вай
тафтиш кард ва донист, ки вай
бегуноҳ будааст. Пас узр хосту
гуфт:
-Бо ман се кор бикун:
- Аввал, он ки маро бубахш.
-Дуввум, он ки ҳазор дирами
ҳалол аз ман қабул кун.
-Саввум, он ки ҳар гоҳ туро
муҳимме пеш ояд назди ман
биёӣ, то ҳоҷататро
раво кунам.
Марди оҳангар гуфт:
-Он чй гуфтй: Маро бубахш-
Туро бубахшидам. Ва он ҳазор
дирамро қабул
кардам, аммо он чи гуфтй:
-Чун туро муҳимме пеш ояд ба
даргоҳи ман ой. Инро
наметавонам кард.
Абдуллоҳ гуфт:
-Чаро?
Гуфт:
-Аз барои он, ки мо Худованде
дорем , ки аз барои чун ман
гадое- тахти чун ту подшоҳеро
дар шабе чаҳор бор нагунсор
кунад! Пас даргоҳи У-ро
гузоштан ва ҳоҷати худ ба
ғайри У бурдан шарти бандагӣ
набошад! Маро аз намоз
гузоридан кадом кор дар банд
шуд, то паноҳ ба ғайри Худои
таъоло барам?
Фоидаи ҳоҷат хостан дар
дуъоҳо аз Аллоҳ (ҷ. ҷ)!
Худованди Мутаъол дар
Каломаш фармудаанд:
«(Эй Бандагони ман) Шумо дуъо
кунед то ман иҷобат кунам!»
Сураи «Ғ oфир», 6о.
Аллоҳи Бузург ҳамчунин
фармудаанд: :
« Гар бандагони ман аз ту дар
бораи Ман бипурсанд (Ё
Муҳаммад) пас донанд ки ман
ба онҳо наздикам ва ба дуъои
ъобидон ҷавоб мегуям- гар аз
суи Ман ҳоҷат хоҳанд. Пас
барои онҳо беҳ аст ки ба Ман
руй оранд, ба Ман таваккул
дошта бошанд- шояд ки онҳо
бо роҳи рост раванд (наҷот
ёбанд)». Суратуль-Бақара, 186.
Расули Худо (ﷺ) дар ҳадиси худ
фармудаанд:
-« Суи Аллоҳи Бузург руй
овардан бо дуъо аз суи
бандагон- ин ъибодат аст чун
худ Аллоҳи Бузург фармудаанд:
--« Шумо (бандагон) суи Ман
дуъо кунед (ҳоҷат бихохед)-
Ман ҷавоб медиҳам»
ҳадис: Абу Довуд (1481); ат-
Тирмизи (2959); Ибн Моджаҳ
(3828), «Саҳиҳуль- Чоми’ус-
Сагир» (3/150).
Паёмбар (ﷺ) хамчунин
фармудаанд:
- «Дар ҳақиқат Аллоҳи Бузург ва
Тавоно шарм медорад аз
бандагоне ки суи У дасти ба
дуъо бардоранд(ҳоҷат хоҳанд)
ва У он дастҳоро холи
баргардонад»! Абу Довуд
(1488); ат-Тирмизи (3556); Ибн
Моджаҳ (3865), ибни Ходжар
Он Ҳазрат ( ﷺ) ҳамчунин
фармудаанд:
-« Ҳар мусалмоне ки аз Аллоҳ
(ҷ.ҷ) ҳоҷат бихоҳад ва дар он
ҳаромкардаи У (ҷ. ҷ) набошад
ва ё байни хешу табори силаи
раҳм канда нашавад- пас
донад ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба у аз се
якеро медиҳад: «ё ҳоҷаташро
бароварда гардонад», «ё он
ҳоҷаташро захираи охираташ
гардонад», ё аз ъамали баде ё
офате наҷоташ диҳад ки
баробари ҳамон ҳоҷати дар
дуъои хостааш бошад»!
Ат-Тирмизи (3573); Аҳмад
(11150),
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
Ъибрат:
Пас бародарону хоҳарони
Эмони донед ки Ислом он аст
ки Худованд дар Қуръону
Расули Акрам ( ﷺ) дар
ъамалҳояш ба мо расонидааст-
на он чи ки бо ақли худ баъзе
номуллоҳои беъилму
ғараздори ин замони мо
мефармоянд. Он чи ки баъзе
беъилмону нафарони бо ғараз
мефармоянд гар зидди
Қуръону суннат бошад –
пайрави аз он куфру щирку
гумроҳист.
Чун мумкин худ шунида бошед
ки мисол назди ягон
зиёратгоҳе болои кат ноМуллое
нишастаасту аз мардум пулу
мол барои худ ҷамъ меорад ва
гуиё хоҷату хохиши онҳоро
«ҳазрат» (дохили қабр буда) ба
Худованд расонида онро ҳосил
менамояд. Агар пурси ки оё
чунин дуъову хоҷатхохи дуруст
аст? Аз Қуръону суннат ягон
хабаре ҳаст? мисолҳое
меоранд ки зидди Ислом аст:
- « Фалон бобом гуфтаанд ё
раҳмати фалон ҳазрати Эшон
гуфта будаанд ки дуруст аст!
моли кабуд хун куни бахтат
кушода мешавад ва ё
фарзанддор мешави», « хоки
ин бузургвор шифо аст ва
ҳатто хар ки се –чор маротиба
зиёрат ояду ҳоҷат хоҳад ин
ҳазрат хоҳишу дархости он
бандаро ба Худованд
мерасонад». «Як муйсафед
хоки ин бузургворро бурда дар
заминаш чошидааст- ҳам
ҳашаротҳо мурдаанд ва ҳам
ҳосили хуб гирифтаанд», «
рузҳои чоршанбеву бегоҳи
ҷумъа «руҳи ин ҳазрат» омада
ин ҷо ҳоҷатхои шуморо гуш
карда ба Худованд мерасонад»
ва ғайра.
Аммо дар асл ин «щирк» аст ва
зидди Қуръону Суннат. Шиъаҳо
чунин ақидаи щиркии худро
миёни мо «аҳли суннат» паҳн
сохтаанду моро ҳам мехоҳанд
ба ақидаи куфриву ҷоҳилии
худ бибаранд. Чун бубинед ки
дар Қуръон Худованд
мефармояд ки:
- «шумо худ дуъо кунед, худ
тоъату ъибодат карда аз Ман
(ҷ. ҷ) ҳоҷат бихоҳед», ё дар
ҳадисҳо Паёмбар( ﷺ)
мефармоянд ки «худ руй ба
Худо оред то Худованд
ҳоҷататонро барорад»,
«Худованд он қадар ба шумо
наздик аст ки шумо тасаввур
ҳам намекунед»- аммо боз ҳам
мардум назди он ноМуллоҳои
ғараздори назди зиёратгоҳҳо
мераванд, фолбину ҷодугарҳо
мераванд бо умеди ҳоҷатхоҳи.
Мо худро пайрави «АҲЛИ
СУННАТ ВАЛЬ ДЖАМОЪАТ»
мегуему- аммо дар асл як
гумроҳе ва ё ноМуллое ҳатто
задди Қуръону суннат фатво
диҳад онро пайрави мекунем.
Мисол:
- дар бораи «ишораи саввоба
36 хадиси саҳеҳ омадааст ки
ин ишораи саввобаро
Паёмбари Худо ( ﷺ) мудовамат
мекарданд- аммо нафароне
ҳастанд ки мегуянд ки «пирам
гуфт ки беҳтараш ишораи
саввобаро накунед»! Магар
суннати Паёмбари Акрам зарур
аст- ва ё фармудаи пиру
ноМуллое?
Паёмбар ( ﷺ ) фармояд ки ҳоҷат
аз ғайри Аллоҳ хостан щирк
аст- ана ҳамин муллое ки зидди
ъамали суннат ҳарф мегуфт
акнун ба ҷанг мехезаду ояи
Қуръону хадиси Набавиро ва
аъмоли Эмоми Аъзамро (р.а)
қабул намекунад- балки аз ким
кадом домлое ки 10-20 сол
пеш мурдааст далел меорад ки:
-Эшон мегуфтанд ки ҳар ки
ҳоҷат дорад албатта сари
қабри ҳазрати Султон,
Амирҷон, Мавлоно Яъкуби
чархи раванд ҳоҷаташон
бароварда мешавад. Он кас
мегуфтанд ки ҳар касе ки
нийяти Ҳаҷ рафтан дорад агар
ба сари қабри ин «азизон»
наравад ҳаҷҷаш қабул
намешавад»- ва ғайра ақидае
ки дар асл зидди Ояҳои
Қуръониву Суннати Набавист!
Гуиё ки гуфтаву боварии ким
кадом ноМулло ва ё бобову
бибии у асли Ислом аст- на
ояҳои Куръониву Суннати
Набави! Нуъузубиллоҳ! Аммо
афсус ки ин замони мо мардум
ба чунин дуруғгуёну
ғараздорон пайрав шуда аз
Қуръону суннат дур мондаанд!
Аммо дар асл мақсади ин
ноМуллоҳо ҳамин болои кат
нишастану мардуми гумроҳро
бо фиребу найранг ба сари
қабрҳо даъват кардан ва пулу
моли зиёд ғун доштан асту
халос!
Чун ҳар нафаре ки худ аз
Қуръону суннат бохабар бошад
ҳаргиз ба чунин ақидаву
бовариҳои щирки пайрав
намешавад. Дар ҳар як масъала
далелу ҳуҷҷат аз Қуръону
Суннати Набави зарур аст на
гуфтаву боварии хатокороне!
ПАС БАРОДАРОНУ ХОҲАРОНИ
ЭМОНИ! ИСЛОМ ОН АСТ КИ БА МО
ХУДОВУ РАСУЛАШ ОВАРДААНД-
ҲАР КИ ПАЙРАВИ АЗ ОН КУНАД
МУВАФФАҚ МЕШАВАД ВА ХАР КИ
БА ДУРУҒХОИ ОН «ноМУЛЛОХО»-
ву ДУШМАНОНИ ИСЛОМЕ КИ
ЗИДДИ ФАРМУДАҲОИ ХУДОВУ
РАСУЛАШ МАРДУМРО РАВОНА
МЕКУНАНД ЪАМАЛ КУНАД
ОҚИБАТАШ ПУШАЙМОНИВУ
ХОРИВУ ЗАЛИЛИСТ.
АЛБАТТА БЕҲТАР АЗ ХАМА
ЗИЁРАТИ ҚУБУРИ ВОЛИДАЙНУ
НАЗДИКОНу БУЗУРГОН КУНЕД-
АММО БА ХОТИРИ ЪИБРАТ, БА
ХОТИРИ ДУЪО ДАР ҲАҚҚИ ОНҲО.
ЧУН САД ҲАЗОР ОНҲО БУЗУРГ
ГУЗАШТА БОШАНД ҲАМ ДИГАР
ОНҲО МУРДААНД ва
НАМЕТАВОНАНД НА ҲОҶАТЕРО
РАСОНАНД ВА Ё САБУК КУНАНД.
ОНҲО ДИГАР ХУД МУҲТОҶИ
ДУЪОИ МОВУ ШУМОАНД.
ҲАР ЯКИ МОВУ ШУМО АЛБАТТА
НАМОЗҲОИ ФАРОИЗРО АДО
КУНЕМ, РУЗА ГИРЕМ, ХАЙРУ
САХОВАТ КУНЕМ ВА ЧУН ҲОҶАТЕ
ДОШТА БОШЕМ ВА Ё ВАЗНИНИЕ
БОЛОИ МО КИ ОМАД ТАҲОРАТУ
ҒУСЛИ ПОК КУНЕМ ВА НАМОЗҲОИ
НОФИЛАИ ИСТИХОРАВУ
ТАҲАҶҶУД ВА ШУКРОНА ХОНЕМ-
РУЗАҲОИ НОФИЛА ГИРЕМ ВА ХУД
ДАСТ БА ДУЪО БАРДОРЕМУ БА
ХОЛИҚИ ХУД МУРОҶИАТ КУНЕМ.
ИН АСТ ИСЛОМ! ИН АСТ ОН ЧИ КИ
БА МО АЗ ПАЁМБАР ( ﷺ ) ТАЪКИД
ШУДААСТ.
БОҚИ ДОНЕД КИ ХАР КИ
ПАЙВАВИ АЗ ҚУРЪОНУ СУННАТ
КУНАД ВА ПАРҲЕЗКОР БОШАД
БЕШАК ХУДИ У НАЗДИ ОН
«ХОЛИҚИ ОСУМОНҲО» МАРТАБАИ
ХОСЕ ДОРАД ВА ДУЪОИ КАРДААШ
БЕ ГУМОН ИҶОБАТ МЕШАВАД.
ХУД АЗ ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНИВУ
АҲОДИСИ НАБАВИ ВА
ЗИНДАГИНОМАИ САҲОБАГОНУ
СОҲИБМАЗХАБОН ХОНЕМ ВА
БУБИНЕМ КИ ОЁ БАРОИ ДУЪОИ
ҲОҶАТ ОНОН ЧИ ЪАМАЛҲО
ДОШТАНД:
-МАГАР НАФАРЕ АЗ САҲОБАГОНУ
СОҲИБМАЗҲАБОН ЧУН ЭМОМИ МО
АБУ ҲАНИФА ВАҚТЕ ҲОҶАТ
МЕХОСТАНД БОРЕ НАЗДИ ҚАБРИ
ОН ҲАЗРАТ ( ﷺ) РАФТА
ПУРСИДААНД КИ БА ХУДОВАНД
ИН ҲОҶАТИ МОРО БИРАСОН ВА Ё
ХУД ДУЪО КАРДААНД?
ЧУН ОН ҲАЗРАТ ( ﷺ) САБАБИ
ПАЙДОИШИ ИН ДИН БУД, ҲАБИБИ
ХУДО БУД, АЗ ИН ОЛИМОНУ
ВОИЗОНИ МУРДАИ МО ҲАЗОРҲО
МАРОТИБА БОЛО БУД, ВА АГАР
НАЗДИ ҚАБРЕ МУМКИН МЕШУД
ҲОҶАТХОХИ ВА Ё ҲОҶАТРАСОНИ
(миёнарави) НАЗДИ ҚАБРИ У(ﷺ)
МЕШУД. ОН «ҲАЗРАТ(ﷺ) » ҲАМ
МЕГУФТ КИ САРИ ҚАБРИ МАН
БАРОИ ҲОҶОТУ МУШКИЛАТОН
ОЕД! АММО ИН ЪАМАЛРО
«ЩИРК» КИ МЕДОНИСТ ҚАТЪИЯН
МАНЪ КАДА БУД!
ПАС ОЁ БАЪДИ ОН ҲАЗРАТ- ПАС АЗ
ХАЗОР СОЛ ИН ЪАМАЛ МУМКИН
ШУД( ки пахн кард?)? Ё ДИНИ
ИСЛОМ ДИГАР ШУД? ВА Ё ИН
ХИЗМАТИ «ХИРСОНАИ» БАЪЗЕ
ноМУЛЛОҲОВУ ДУШМАНОНИ
ИСЛОМ БУД? ОХИР КИ БА ОНҲО
ИҶОЗАТ ДОД ФИКРУ АҚИДАИ
ЩИРКИИ ХУДРО АЗ ОЯҲОИ
ҚУРЪОНУ АЗ СУННАТИ НАБАВИ
БОЛОВУ АВЛО ДОНАНД?
!!Дар ҳадисе омадааст, ки ҳар
шахсе бар намози ҷамоъат
мудовамат кунад (панҷвақта
гузор бошад), Худои таъоло ӯро
ба панҷ сурат мавриди икрому
навозиш қарор медиҳад.
!Аввал, ин ки тангии ризқ аз ӯ
дур карда мешавад.
!Дуввум, ин ки азоби қабр аз ӯ
дур карда мешавад.
!Саввум, ин ки рӯзи қиёмат
номаи аъмоли ӯ ба дасти
росташ дода мешавад.
!Чаҳорум, ин ки аз Пули сирот
мисли барқ мегузарад.
!Панҷум, ин ки бидуни ҳисобу
китоб дохили ҷаннат магардад.
_____Пас куҷостанд он нафароне
имрузҳо ба тангии ризки худ
шикоят менамоянд?
Куҷостанд нафароне ки аз
азоби қабр метарсанд?
Куҷостанд нафароне ки аз
соати «саволу ҷавоб»-и
Худованди хавотиранд?
Куҷостанд нафароне ки
мехоҳанд аз «Пули Сирот» ба
осони гузаранд?
Куҷостанд нафароне ки дар
орзуи «ҷаннати пурнозу
неъмату роҳат»-анд?
Марҳамат Худованд худ ба
шумо ваъда дорад ки: бандаи
«обид»-у парҳезкор бош Ман
(ҷ.ҷ) худ ба ту ваъда медиҳам
ин «неъматҳо»-и худро арзони.
Охир он чи ки Аллоҳ (ҷ.ҷ) худ
ваъда дод бешак ҷои баҳсу
гумон нест. Имруз Ъамал кун-
фардо онро соҳиб хоҳи шуд!
БАРОДАРОНУ ХОҲАРОН ГАР
ХОХЕД МУВАФФАҚ ШАВЕД
ПАЙРАВИ ОН ИСЛОМЕ ШАВЕД КИ
АЗ СУИ ХУДОВАНД БА МО
РАСИДААСТ НА ОН ЧИЗЕ КИ БАЪЗЕ
БЕЪИЛМОНУ ҒАРАЗДОРОН АЗ
АҚЛИ ХУД БОФТААНД.
ИН АЪМОЛИ ЪИБОДОТ САБАБИ
САРБАЛАНДИИ ШУМО ҲАМ ДАР
ИН ДУНЁВУ ҲАМ ДАР ОХИРАТ
МЕГАРДАД. ХУД ҚУРЪОНУ АҲОДИС
ВА ЗИНДАГИНОМАИ БУЗУРГОНРО
ХОНЕДУ АЗ ОНҲО ПАЙРАВИ КУНЕД
ВА ГУФТАҲОИ ОН
«БЕЪИЛМОНРО» ГУШ
НААНДОЗЕД! ХУДОВАНД
МУВАФФАҚАТОН ГАРДОНАД!
ОМИН!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев