
*Мавзӯъ*
Номае аз он ҳазрат барои яке аз ёронаш ки дар он ӯро панд медиҳад ва аз дунёгароӣ бар ҳазар медорад.
* Тарҷумаи нома:
Абдулло писари Ҳабиб моро хабар дод, гуфт: Ҳазрати Мансури Ҳошимии Хуросонӣ барои ман номае навишт ва дар он пас аз номи Худованд ва ситойиши Ӯ ва дуруд бар Паёмбар ва хонадонаш фармуд:
«Ва аммо баъд ..
Эй Абдуллоҳ писари Ҳабиб! Бидон ки растгорӣ, оқибати парҳезкорон аст ва парҳезкорӣ унвони ибодати Худованд ва ибодати Худованд, ҳамон итоъати Ӯст ва итоъати Ӯ, амал ба воҷибот ва парҳез аз муҳаррамоте аст ки дар китоби худ ва суннати Паёмбараш баён фармудааст. Пас бандагони Худованд, парҳезкороне ҳастанд ки некукоронӣ ростгуфтор ва порсоёнӣ хештандоранд; Онҳо ки дилҳошон аз бими Худованд ларзида ва ба умеди Ӯ дар ҷои худ қарор ёфта; Онҳо ки лабҳошон аз зикри бисёр хушкида ва шикамҳошон аз рӯзаи паёпай лоғар гардида; ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1300/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев