
🔸 Матни пурсиш:
Оё шумо ончи Мухтор дар хусуси Хувлӣ анҷом додро таъйид мекунед? Оё рафтори Мухтор бо дигар ширкат кунандагон дар воқеъаи Карбалоро адолат медонед?
🔸 Матни посух:
Гуфта шудааст ки Мухтор ибни Абӣ Убайдаи Сақафӣ (д.67қ), даст ва пойи Хувлӣ ибни Язиди Асбаҳӣ (д.66қ) аз қотилони Ҳусейн ибни Алӣ алайҳимо саломро бурид ва ҷасадашро сӯзонд; Ҳамчунонки бархӣ дигар аз ҷанг кунандагон бо аҳли байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам дар Карбалоро бо шеваҳойи мушобеҳ кушт. Ин дар ҳоле аст ки куштани қотили золим дар Ислом, аз як сӯ бидуни ҳукми қозии одил ва изни валии мақтул ҷойиз нест ва аз сӯӣ дигар наметавонад бо азобӣ шадид ё буридани аъзои бадани ӯ бошад; Чунонки Худованд дар китоби худ фармудааст: ﴾وَلَا تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ ۗ وَمَنْ قُتِلَ مَظْلُومًا فَقَدْ جَعَلْنَا لِوَلِيِّهِ سُلْطَانًا فَلَا يُسْرِفْ فِي الْقَتْلِ ۖ إِنَّهُ كَانَ مَنْصُورًا﴿[п/1]; «Ва нафсе ки Худованд мӯҳтарам доштаастро ҷуз ба ҳақ накушед ва ҳар кас мазлум кушта шуд барои валии ӯ султае қарор додаем, пас дар куштан зиёдаравӣ накунд ки ӯ мавриди ҳимоят аст». ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3908/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев