Боз бароятон киссаи навбатиро аз саргузашт ва таърихи хазрати Юунус (ъ) пешкаш мекунам. Пас дар хондани хар кисса бо диккат бошед ва хонданро аз кисми аввалашон сар кунед. ТАЪРИХНИГОРОН МЕГУЯНД, ки хазрати Юунус (ъ) аз авлоди хазрати Худ (ъ) мебошад. Худованд хазрати Юунус (ъ)-ро дар шахри НАЙНАВО ба пайгамбари фиристода буд. Акнун дар холи хозир ин шахрро бо номи ДИМАШК ва ё ДИМИШК мешиносанд. Дар ин шахр кавме буд бо номи САМУД. Хазрати Юунус (ъ) дар байни кавми худ 40- сол мардумро ба худошиноси даъват кард ва гуфт: эй мардум! Бигуед, ЛО ИЛОХА ИЛЛАЛОХУ ЮУНУС РАСУЛУЛЛОХ, аммо мардуми он кавм ин суханро нагуфтанд. Мардум гуфтанд: эй Юунус! Агар ту худатро пора-пора куни, мо туро расули Худо намегуем. Дустон бубинед,ки азизони Худо чи гунна азоб кашидаанд. Вакте ки мо ин киссахоро мехонем,албатта обхои чашмонамон равон мешаванд. Вакте ки мардум сухани хазрати Юунус (ъ)-ро кабул накарданд,пас у гамгин шуд. Ин кавми хазрати Юунус (ъ) бутпараст буданд. Хатто хазрати Юунус (ъ) ба онхо мегуфт,ки биёед Худои ягонаро парастиш кунед ва аз парастиши бутхоятон даст бикашед,аммо он кавм кабул намекарданд. Хазрати Юунус (ъ) ба кавмаш гуфт: «эй кавми ман! Агар ба ягонагии Худо бовар надошта бшед,пас болои шумо азоби сахте меояд». Мардум гуфтанд: Худои ту ба мо чи гунна азоб мефиристад?? Хазрати Юунус (ъ) гуфт: ба сари шумо аз оташи дузах меорад. Ин мардуми гумрох гуфтанд: бигузор ба сари мо оташи дузах фиристад,мо парво надорем. Хазрати Юунус (ъ) аз Худованд азоберо талаб кард,то ин кавм бифахманд. Аз чониби Худованд нидое омад,ки эй Юунус! Рузе мешавад,ки мо басари ин мардуми бе имон азобе мефиристем. Хазрати Юунус (ъ) аз байни ин кавми бадбахт баромада рафт. Аз сабабе,ки хазрати Юунус (ъ) аз байни кавмаш бе ичозат Парвардигор баромада рафта буд, аз ин хотир Худованд хазрати Юунус (ъ)-ро дар шиками мохие чой дод. Сабаби дар шиками МОХИ чой додани хазрати Юунус (ъ) ин буд,ки мардум бифахманд,ки кассе,ки бе ичозати Парвадигор амал мекунад,пас чазояш чунин мебошад. Яъне хазрати Юунус (ъ) расул буд,яъне фиристодаи Худо буд,пас бояд бе ичозати Парвардиор аз байни кавмаш баромада намерафт. Аз хамин сабаб Худованд уро дар шиками мохи чой кард,то барои мардуми дигар дарси ибрат шавад. (сураи Анбиё ояти 87). Хазрати Юунус (ъ) ба канори дарёе рафт ва ниго кард,ки мардум дар киштихо саворанд ва дар болои дарё харакат доранд. Хазрати Юунус (ъ) хам ба як киштие савор шуд ва давоми се шабонаруз дар кишти харакат кард. Вакти намози шом буд,ки аз дарё як мохии калоне баромад ва пеши рохи киштии хазрати Юунус (ъ)-ро гирифт. Мардуми кишти тарсиданд ва гуфтанд: дар байни мо кассе айбдор бошад,пас уро ба хамин мохи медихем,то ин мохи киштии моро вайрон накунад. Хазрати Юунус (ъ) аз чои худ хест ва гуфт: эй рафикон! Ман айбдор ва гунахгорам,пас манро ба ин мохи бидихед,то киштии шуморо вайрон накунад. мардум гуфтанд: эй Юнус! Ту инсони хуб ва поксиришт мебоши, аз ин хотир туро ба мохи намедихем. Хар нафареро,ки ба дахони мохи медодан, он мохи кабул намекард. Хазрати Юунус (ъ) ба ба рафиконаш гуфт: эй рафикон! Ман инчо гунахгор хастам,зеро ман бе ичозати Парвардигорам аз байни кавми худ баромада рафтам, аз ин хотир хамин мохи маро мехохад. Хулоса, хазрати Юунус (ъ)-ро ба дахони мохи доданд,ки мохи ба забон омад ва гуфт: эй Пайгамбар! Худованд ба ман амр кардааст,ки Юунусро ба шикамат фуру бар,аммо уро халок накун. (сураи Соффот ояти 142). Акнун Худованд шиками хамин мохиро барои Юунус (ъ) чун зиндон карор дод. Мохи ба хазрати Юунус (ъ) гуфт: эй Юунус! Ман Парвардигорро бо калбам мешиносам ва уро ёд мекунам, аз ин хотир хамин калби поки ман ибодатгохи ту мебошад. Бародарони чон! Кисми 2-юми ин кисса камтар пас ё пагох иншоаллох манзури шумо мегардонам! www.odnoklassniki.ru/group/51985930584248 * * * * * m.odnoklassniki.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=52131580608696&_prevCmd=userAltGroups&tkn=4700 * * * * * m.odnoklassniki.ru/dk?st.cmd=altGroupMain&st.groupId=52089292193976&_prevCmd=userAltGroups&tkn=8781
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1