Милоки манъ ва нигоҳдории кӯдакон ва навҷавонон аз рафторҳои нобиҳинҷор чист ва аз чи замоне бояд ононро манъ кард?
Ҷавоб: Милоки мо барои манъи кӯдакон ва навҷавонон аз рафторҳои нохушоянд, бояд шаръи муқаддас бошад ва милоки дин, воҷиб ва ҳаром аст. Рафтори салиқаии волидайн дар ин масъала, писандида нест. Баъзе волидайн бар асоси салиқа ва рафтори шахсии худ, кӯдаконро аз корҳои манъ мекунанд; ҳол онки аз дидгоҳи дин, манъе барои онҳо нест.
Бозии кӯдакон(агар музоҳимате барои дигарон эҷод намекунад); сару садои онон(агар дигаронро наёзорад); бозии беш аз ҳаддашон(агар зарар ва хатареро дар пай надошта бошад); қадам задан бо дӯстон, ҳузур дар хонаҳои дӯстон ё даъвати онон(агар ҳамсолон мавриди эътимоданд); хариди кафш ва либоси мавриди алоқа ва…., ҳеч гуна ишколе надорад ва набод кӯдаконро аз ин корҳо манъ кард.
Ҳаргоҳ кӯдак муртакиби ҳароме шуд, бояд ӯро аз он амал боз дошт.“кӯдакӣ” наметавонад сабаб бар бе таваҷҷуҳӣ ба гуноҳони ӯ бошад; ҳамон гуна, ки агар миқдори ҳероин масраф кунад, ба далели синни поини ӯ аз он чашм намепӯшед.
Иқдоми ба мавқеъи шумо дар баробари аъмоли хилофи кӯдак, ӯро аз рафторҳои нохушоянди баъди муҳофизат хоҳад кард. Пермуд Бетро(Permuda Betra) равон шиноси ғарбӣ, сухани ҳушдор диҳандаи дорад.
Ҷулуи бисёре аз оташсузиҳои бузурги ҷаҳонро бо як финҷон об метавон гирифт; албатта агар ба мавқеъ анҷом шавад.
Мутаассифона бархе хонаводаҳо ба сабаби дер иқдом кардан дар баробари гуноҳони кӯдак, дар даврони навҷавониаш бо фарзанде мувоҷеҳ мешавад, ки рафтори нобиҳинҷор дар ӯ ниҳодина шудааст ва ислоҳи ӯ, кори бисёр сахте хоҳад буд. https://www.khonavoda.com/?p=1325
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев