Сабзаву себаргаи фасли баҳоронаш хўш аст.
Қаҳ-қаҳи кабгонѝ масташ дилрабо бошад маро,
Кўҳҳои сарбаланду дашту домонаш хўш аст.
Ҳулбаву испанду ҳам ҳолмонду роваш бешумор,
Теппаҳои чкридору хочу торонаш хўш аст.
Нолаи мурғонѝ ошиқ субҳгоҳон дар чаман,
Булбули шуридасар дар боғу бустонаш хўш аст.
Бас шамоли сахт гардад барф хезад то миён,
Фаслҳои дилнишин ҳам барфу боронаш хўш аст.
Чон бикоҳонанд чамоли духтаронаш мардро,
Аҳду паймону вафои дўстдоронаш хўш аст.
Аҳли байташ хайрхоҳи бахти фарзандонѝ худ,
Лафзи ширину дуои неки пиронаш хўш аст.
Нолаи мурғонѝ ошиқ оварад илҳоми кас,
Ҳофизони номии чун кабки хушхонаш хўш аст.
Бо ниҳонѝ баҳру васфи ин диёру ин Ватан,
Мисраҳои шаккарин аз баҳри ёронаш хўш аст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1