Ҳоли сари ин мардуми сарсон чӣ донед.
Имрӯз,ки шумо дар Ватанед соқу саломат,
Аз хоку хуну марги шаҳидон чӣ донед.
Фарзанди падар ҷон ба талаф доду падар нест,
Аз модари рӯйкандаву гирён чӣ донед.
Бо тӯҳмати ноҳақ кунанд занҷири зиндон,
Аз ғуссаву ғамҳои ба зиндон чӣ донед.
Гӯянд,ки туро ном ғалат хӯрда ба ҳуҷҷат,
Аз чашми ҷавони монда ҳайрон чӣ донед.
Як соли дароз заҳмату ранҷ бурда валекин,
Нодида ягон танга ба дастон чӣ донед.
Бемору мадор гаштаву хобанд ба ҷойгаҳ,
Нодидани хешону таборон чӣ донед.
Беному нишон гашта дар ин мулки ғарибӣ,
Аз маҳталии модари нолон чӣ донед.
Дар банди бало афтида мардони ҷавонмард,
Бехонаву дар гаштани эшон чӣ донед.
Гӯед,ки ҳама айби худу кардаи онҳо,
Афсӯс,ки шумо қиммати инсон чӣ донед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев