- Муддате буд, ки мехостам Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб бубинам ва ғами худро барояш бозгӯ кунам. Ба ман ин саодат муосидат намуд ва дар шаби гузашта ба ин давлат расидам ва ҷамоли бокамоли он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро дар хоб дидам ва гуфтам:
- Эй Расули Худо ( С ), ҳазор дирҳам қарз дорам ва ба адои он қодир нестам. Метарсам, ки аҷал бирасад ва он қарз дар гардани ман боқӣ бимонад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Бирав назди Маҳмуди Сабуктегин ва он маблағро аз ӯ биситон.
Арз кардам:
-Шояд аз ман бовар накунаду нишон талабад.
Он Ҳазрат ( С ) фармуд:
-Ба ӯ бигу ба он нишон, ки дар аввали шаб сӣ ҳазор маротиба бар ман салавот мефиристад ва дар охири шаб сӣ ҳазор маротибаи дигар бар ман салавот мефиристад.
Султон Маҳмуд аз шунидани ин хоб ба гиря омаду тасдиқ кард ва қарзи ӯро адо кард ва ҳазор дирҳами дигар низ ба ӯ бахшид. Атрофиёни султон тааҷҷуб карданду гуфтанд:
-Эй султон, суханони ин мардро чӣ гуна тасдиқ мекунӣ? Ҳол он ки мо дар аввали шаб ва охири шаб бо ту ҳастем ва намебинем, ки ба фиристодани салавот машғул бошӣ. Ва агар касе дар тамоми вақтҳои шабонарӯз ба фиристодани салавот машғул бошад, наметавонад, ки шаст ҳазор салавот бифиристад.
Султон Маҳмуд гуфт:
-Ман аз уламо шунидаам, ки: << Ҳар кӣ як бор ин салавотро бифиристад, гӯё чунон аст, ки даҳ ҳазор маротиба салавот фиристодааст >>. Ва ман дар аввали шаб се маротиба ва дар охири шаб низ се маротиба ин салавотро мехондам. Ин шахс ки пайғоми он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва салламро овард, дуруст ва рост мегӯяд ва ин гиряи ман аз шодӣ аст. Ин салавот чунин аст:
Аллоҳумма салли ало саййидино ва набиййино Муҳаммадив-ва Олиҳи махталафа-л-малавони ва таоқаба-л-асрони ва карра-л-ҷадидони вастақбала-л-фарқадони ва баллиғ рӯҳаҳу ва арвоҳаҳу ва арвоҳа аҳли байтиҳи миниа-т-таҳийята ва-с-салом.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев