Ва онро бисёр дӯст дошт, ки тақрибан қади он 2,2 метр буд. Аммо вақте расид, ки он мор дигар чизе намехӯрд, ин хонум ҳафтаҳо талош кард, ки мораш дубора битавонад ғизо бихӯрад, аммо муваффақ нашуд.
Маҷбӯр шуд то бо мори худ назди пизишки байтор муроҷиат кунад. Пизишк баъзе суолотро дар бораи мор аз хонум пурсид, ки суоли охираш чунин буд: оё ба тозагӣ мор майли хоб карданро дар канори шумо пайдо карда ва худашро ба шумо каш ва чен мекунад?
Хонум гуфт: Бале, аммо хеле нороҳат ва парешон ҳастам, ки наметавонм коре барои наҷоташ кунам. Пизишк гуфт: ин мор мариз нест, балки худро омода мекунад, то шуморо бихӯрад. Ў дар ҳақиқат шуморо ҳар рӯз андозагирӣ мекунад то бидонад то чӣ андоза дар бадани худ ҷо дорад то шуморо ҳазм кунад.
Баъзе аз одамҳо дар зиндагии шумо худро хеле наздик месозанд, монанд ҳамин мор вале бо ҳадафи инки фурсати муносиб барояшон даст диҳад ва ба шумо зарар бирасонанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев