Инсон аз марг мегурезад ва чун бемор шавад аз тарси он, ки мабодо бимирад, дарҳол худро муолиҷа мекунад. Ҷое, ки эҳсос мекунад буи марг меояд, он ҷо по намегузорад. Вале марг аз роҳи дигар ворид мешавад. Ҳар қадар доно бошӣ , марг аз ту боҳуштар аст. Ҳар қадар саркаш ва пулдор бошӣ марг корашро мекунад. У ҳаргиз дари хонаеро ба нияти иҷоза гирифтан намезанад. Ҳеҷ мониа ва деворе садди роҳи у намешавад ва пораҳам қабул намекунад. Кафил намехоҳад. Раҳм бар хурду бузург намекунад. Ришва қабул намекунад.Супориш ва амри касеро намепазирад. Лаззатҳоро аз байн мебарад ва амали инсонро қатъ мекунад. У ҳақ аст. У меҳмоне аст, ки бехабар бар хона дохил мешавад.Мақому мансабро ба дигарон медиҳад. Инсонро аз сарваташ ҷудо мекунад. Ҷисмро аз ҳаракат бозмедорад. Гарданкашонро гардан мезанад. Дустонро ҷудо мекунад. Фарёдҳоро хомуш мекунад. Барномаҳо ва барномарезиҳоро баҳам мезанад. Шарорат, зургуӣ ва ситамҳоро поён медиҳад. Марг ҳақиқате аст, ки аз он мегурезем. Шарбатест, ки таъми онро гунаҳкорон ва фармонбардорон чашидаанд. Косаест, ки аз он паёмбарон ва авлиё нушидаанд. Ҳақиқатест, ки наметавон онро нодида гирифт ва аз он фирор кард.
" قُلْ إِنَّ الْمَوْتَ الَّذِي تَفِرُّونَ مِنْهُ فَإِنَّهُ مُلَاقِيكُمْ ۖ ثُمَّ تُرَدُّونَ إِلَىٰ عَالِمِ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ "
«Бигу (эй Паёмбар) ҳамон марге, ки аз он мегурехтед, албатта ба шумо хоҳад расид ва сипас баргардонида мешавад ба суи Худои донандаи ниҳону ошкоро, пас У шуморо ба он чи мекардед хабар хоҳад дод.» сураи «Ҷумъа» ояти 8. Оре, у шуморо мулоқот хоҳад кард, ҳар ҷо, ки бошед. Бар ҳар шахсе гуруҳи дигаре гиря хоҳад кард. Ҳар номоваре фаромуш хоҳад шуд. Ҳар курсӣ ва мансабе холӣ хоҳад монд ва ҷои онро дигар кас хоҳад гирифт. Дустон, бародарон, ҳамсоягон, зан ва фарзандон тарк хоҳанд шуд. Либосҳои зебо бесоҳиб хоҳанд монд ва занги куч бастан ва худоҳофизӣ навохта хоҳад шуд. Туфони марг барномаҳо ва умедҳоро бо худ хоҳад бурд. Парвандаи амалҳои неку бад баста хоҳад шуд. Парда канор зада хоҳад шуд ва оятҳои Қуръон таъбир хоҳанд шуд. Ширинии зиндагӣ талх ва ё талхии он ширин хоҳад шуд. Ваъдаҳои илоҳӣ мутаҳаққиқ хоҳанд шуд. Оре он руз хоҳ ад омад ва ҳатман меояд. Орзуҳо нобуд, биноҳо вайрон ва баданҳо зери хок пусида хоҳанд шуд. Баданҳои муаттар бо беҳ тарини атрҳо буй гирифта туъмаи кирмҳо хоҳанд шуд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев