бихур.
Ҷавоне назди яке аз донишмандон рафт ва аз ӯ пурсид, ки оё
мешавад Паёмбари Худоро дар хоб дид?
Донишманд гуфт: дар ҳақиқат мехоҳи ҷамоли Паёмбари Худоро
дар хоб бубинӣ?
Ҷавон гуфт: бисёр мехоҳам Паёмбарро дар хоб бубинам.
Донишманд гуфт: инки чизи мушкиле нест, бисёр ба осонӣ
метавонӣ ӯро дар хоб бубинӣ.
Ҷавон гуфт: чи гуна?
Донишманд: агар ба гуфтаҳои ман чи гуна, ки мегӯям амал кунӣ?
Ҷавон: ман розиям.
Донишманд: имрӯз ба хонаат баргард ва нисфирӯзӣ аз гушти
гусфанд гуштбирёни шуру тез карда бихур, аммо як қатра об ва ё
чой нахур. Ҳамин гуна бегоҳ ҳам гушбирёни шуру тез бихур ва
кушиш кун як қатра об ба даҳонат нагузошта ба хоб равӣ.
Ҷавон гуфт: танҳо ҳамин?
Донишманд: танҳо ҳамин.
Ҷавон ба хонааш баргашта нисфирӯзӣ гуштбирёни бомаза карда
бо мурчу қаламфур хурд, ҳамин гуна бегоҳ ҳам як бори дигар аз
ҳамон хуроки бомазааш хурду пас аз чанд лаҳзае сар ба бистар
гузошт. Лаҳза ба лаҳза ташнагияш зиёд мешуду ҷавон аз
ташнагии зиёд бетоқат гашта хобаш намебурд, аммо мабодо, ки
аз дидори Паёмбар маҳрум гардад тоқат карду дар ниҳоят хоб
бар ӯ ғалаба намуд.
Ҷавон фардо субҳ ба назди донишманд рафт, донишманд аз ӯ
пурсид: акнун бигӯед, ки Паёмбари Худоро дар хобат дидӣ?
Ҷавон гуфт: не, надидам.
Донишманд: пас чӣ дидӣ?
Дар хоб худамро дидам, ки дар дарёе оббозӣ мекунам, об
мехурам, аз осмон борон меборад, сел меояд, аз ҳама ҷои замин
чашмаҳо мебарояд, ман фақат об мехурам, ба ҳар куҷо, ки
менигарам чизе ғайр аз об намебинам, ҳама хобам об буду
оббозӣ, ва чуноне, ки шумо гуфтед нашуд, чизе аз Паёмбари
Худоро надидам.
Донишманд гуфт: эй ҷавони зебо! Акнун дидед? Агар чуноне, ки
тамоми фикру хаёлат дар об буд ба фикри Паёмбари Худо мебуд
ва чуноне, ки аз ташнагӣ барои об хурдан бетоқатӣ мекардӣ,
барои дидани Паёмбар бетоқатӣ мекардӣ ҳатман ӯ (с)-ро дар
хобат медидӣ.
Эй фарзандам! Агар мехоҳӣ Паёмбари Худоро дар хоб бубинӣ
бояд ҳамаи хобу хаёлат дар ӯ бошад ва чизе дигар ғайр аз ӯ дар
фикри ту набошад. Дар ин сурат Худованд туро ба дидани ӯ (с)
мушарраф мегардонад, ва касе, ки ӯро дар хоб бубинад, дар
ҳақиқат ӯро дидааст. Худи ӯ (с) мефармояд:
«Касе маро дар хоб бубинад, маро дар бедорӣ мебинад, шайтон
худро ба ман ҳаммонанд намекунад»
Тарҷумаи Абдулҳаннони Абдурраҳмон
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев