Макка хачи
Акбар аст,
Дустонро табрик намудан,
суннати
пайгамбар аст. Шуморо бо фарорасии
Иди Қурбон табрик мегўям
ва аз
Худои мехрабон
бароятонтани сиҳати, дили
пур аз муҳаббати АЛЛОҲ, забони зикри Худо
гу, чашми
ҳақиқатбин, гуши нидои
АЛЛОҲ
шунав , дасти хайрхоҳ, пои
рострав ва ҷисми пок аз гунаҳ дуогу
ҳастам!
(АЛЛОҲ мусалмонҳоро
ъиззат бидеҳ)) Рузи Идат мо
хама пиру
чавон. Мехмон хастем дар хар
хонадон. Сураи Куръон
тиловат
мекунем. Шукри хакро
мекунем аз
магзи чон. -Субҳи Иди Қурбон
барвақт аз хоб хеста, ғусл
намуда, дандонҳоро мисвок
кардан суннат
аст. Либоси тоза пӯшида,
хушбӯиҳо намуда, ба намозгоҳ рафтан
савоби
зиёд дорад. Аз хона то
масҷид дар
роҳ такбир гуфтан, ба
мӯҳтоҷон садақа ё ҳадя дода, онҳоро
хушнуд кардан кори хайр
аст. Дар Иди
Қурбон баръакси Иди
Рамазон баъди
намози Ид ғизо хӯрдан беҳтар
мебошад. Рӯзи ид айёми
шодиву
хурсандист. Аз ин рӯ,
ҳангоми
мулоқот баъди табрики ҳамдигар гуфтани
"Ғафараллоҳу лано ва
лакум" (Худованд мову
шуморо
мағфират кунад) савоби зиёд
дорад. -Баъзеҳо чунин меҳисобанд,
ки агар
ҳафт қурбонӣ хурӣ, гӯё
баробари як
қурбонӣ кардан савоб
мегирифта бошӣ. Оё ин ақида дуруст аст? -
Чунин фикр нодуруст ва
ботилу
бепоя аст. Савоб танҳо ба
худи
қурбоникунанда мерасад. Пурхурӣ
ҳеҷ гоҳ савоб намешавад.
Баръакс
дар рӯзи Ид ба исрофкорӣ ва
пурхурӣ
роҳ додан норавост. Баъзеҳо қурбониро бо шириниву
тезию
туршӣ
омехта мекунанду
тандурустиашонро аз даст
медиҳанд. Дар хусуси савоби қурбонӣ ҳазрати Муҳаммад
саллаллоҳу алайҳи ва саллам
чунин фармудаанд:
"Қурбоникунанда ба ҳар
дирҳаме, ки
барои қурбонӣ сарф мекунад, савоби ҳафтсад
дирҳамро меёбад. Аз ҳар
қатра хуни қурбонӣ Аллоҳ
Таъоло
фаришта халқ мекунад, ки
то Рӯзи қиёмат истиғфори ӯро талаб
мекунанд ва дар ҳар луқмаи
гӯшти
қурбонӣ савоби озод
кардани бандае аз
фарзандони Исмоил алайҳиссаломро дармеёбад ".
-
Қурбониро фақат рӯзи Ид
мекунанд?
-Вақти қурбонӣ аз тулӯи
субҳи рӯзи Ид оғоз мегардад. Барои
мардуми
шаҳр пеш аз оғози намози
Ид забҳи қурбонӣ ҷоиз нест.
Мардуми деҳаҳои
хурде, ки дар он ҷо намози Ид хонда
намешавад метавонанд
баъди
дамидани субҳ (тулӯи фаҷр)
қурбониашонро забҳ
кунанд. Қурбонӣ на танҳо рӯзи Ид,
балки ду рӯзи баъди Ид ҳам
ҷоиз аст.
Қурбоникунанда метавонад
гӯшти
қурбониро ҳамроҳи аҳли оилааш
бихӯрад ё ба ақрабою
ҳамсоягон ва
мискинон миқдоре бидиҳад.
Дар
китоби "Хулосатул масоил" омадааст, ки асосияи чорво
(нухта,
ресмон ...) бояд ҳайрот дода
шавад.
Агар шахсе дар шаҳр
зиндагӣ кунаду қурбониашро ба деҳа
фиристад ва
нафаре ваколатан аз номи ӯ
қурбонӣ
кунад, ҷоиз аст. -Таманниёти
Шумо дар арафаи Иди Қурбон. -Дуо
мекунем, ки Худованд ба
баракати
ин Ид ва айёми ташриқ дар
диёри мо
сулҳу осоиштагиро бардавом нигоҳ
дораду меҳру муҳаббат
миёни
афроди ҷомеа бештар гашта,
дар хонадони ҳар
тоҷикистонӣ файзу баракат афзун шавад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев