Алӣ(а) бо
хулафо?
Суол:
Аввалан: оё Имом Алӣ бо
хулафои ғосиб байат кард? Сониян: чаро иқдоме барои
гирифтани ҳаққи мусаллами худ
накард?
Ҷавоб:
Аввал: Имом Алӣ(а) ва гурӯҳе аз
ёронаш ва баъзе аз ёрони Паёмбар(с) дар аввал бо Абӯбакр
байат накрданд ва агар ҳам ба
зоҳир бо ӯ байат карданд фақат ба
хотири ҳифзи Ислом ва масолеҳи
ҳукумати исломӣ буд.
Дуввум: Ҳамаи мушкилот бо шамшер ва шуҷоат ҳал
намешавад ва ҳама ҷо, ҷои ба кор
бурдани зӯру бозу нест. Инсони
ҳаким ва хирадманд ҳар
мушкилеро бо василаҳо ва
асбоби хосси худ ҳал мекунад. Севвум: Агар Имом ба хотири
маслиҳати боарзише ҳамчун
ҳифзи дини Худо ва заҳматҳои
тоқатфарсои Расули гиромии
Ислом(с) бо гурӯҳе байат кунад
ба ин маъно нест, ки аз қудрати онон бар ҷони худ тарсу воҳимае
дорад ва ё аз онон дар имомат ва
раҳбарии ҷомеаи исломӣ, қудрат
ва тавоноии камтаре дорад.
Чаҳорум: Аз таърих ва каломи
Алӣ(а) истифода мешавад вай борҳо эътирози худро ба
вазъияти мавҷуд дар замони
хулафо эълом кардааст, вале
ниҳояти кӯшиши худро дар роҳи
ҳифз ва тақвияти ҳукумати
исломӣ дар муқобили душманони Ислом ба кор мебаранд.
Ҷавоби тафсилӣ
Бо нигоҳе батаърихи садри Ислом
равшан мешавад, ки:
Аввал: Ҳанӯз Паёмбар(с) дафн
нашуда буд, ки воқеаи сақифаи Банӣ Соида шакл гирифт ва
гурӯҳе бо шахсе ғайр аз Алӣ(а)
байат карданд, дар ҳоле ки Алӣ(а)
машғули кафан ва дафни Расули
Худо(с) буданд. Аммо гурӯҳе аз
саҳоба ва бузургони қавм аз ҷумла Аббос ибни
Абдулмуталлиб, Фазл ибни Аббос,
Зубайр ибни Авом, Холид ибни
Саид, Миқдод ибни Амр, Салмони
Форсӣ, Абӯзари Ғаффорӣ, Аммор
ибни Ёсир, Албаро ибни Озиб, ва Убай ибни Каъб бо вай байат
накарданд ва ҷониби Имом Алӣ
(а)-ро гирифтанд. Ба тасриҳи
Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал ҷ. 12,
саҳ. 55, ва Табарӣ ҷ. 2, саҳ. 466, ин
гурӯҳ дар хонаи ҳазрати Заҳро(а) ҷамъ шуда буданд ва аз байат бо
Абӯбакр сарпечӣ карданд. Дар
таърих омадааст, ки ҳазрати Алӣ
(а) дар ҷавоби ононе, ки бар дари
хонааш ҷамъ шуда буданд ва
дархост карданд, ки бо вай байат кунанд, фармуд: фардо субҳ дар
ҳоле ки мӯҳои худро кӯтоҳ
кардаед биёед! Вале фардо ғайр
аз се нафар касе наёмад.
Ҳамчунин дар таърих гузориш
шудааст, ки Алӣ(а) то замоне, ки Фотима(а) дар қайди ҳаёт буд
байат накард, вале вақте дид
мардум аз ӯ рӯй бартофтанд,
маҷбур ба мусолиҳа бо Абӯбакр
шуд.
Бинобар ин Имом Алӣ(а) ва гурӯҳе аз асҳобаш ва баъзе аз
ёрони Паёмбар(с) аз аввал ва то
муддате баъд аз реҳлати Паёмбар
(с) бо Абӯбакр байат накарданд ва
замоне ҳам, ки бо ӯ байат карданд
фақат ба хотири ҳифзи Ислом ва масолеҳи ҳукумати Ислом буд.
Билозарӣ дар баёни иллати байати
Имом Алӣ(а) мегӯяд: “Баъд аз
вафоти Паёмбар(с), ки гурӯҳе аз
қабилаҳои араб муртад шуданд
ва аз дин баргаштанд, Усмон назди Алӣ(а) омаду гуфт: "Эй
писари амак! То ту байат накунӣ
касе ба ҷанги ин душманон
намеравад", пайваста бо Алӣ(а)
чунин такаллум мекард, то дар
охир Алӣ(а) бо Абӯбакр байат кард”. Аммо пайваста Алӣ(а) дар
даврони хилофати Абӯбакр ва
баъди он аз ин ҷараёнот шикоят
карда ва эътироз мекард. Дар
ҳамин замина Имом Алӣ(а)
мефармояд: “Огоҳ бошед ба Худо савганд Абӯбакр ҷомаи
хилофатро бар тан кард, дар ҳоле
ки медонист ҷойгоҳи ман ба
ҳукумати исломӣ монанди
меҳвари осиёб аст нисбат ба
осиёб, ки гирди он ҳаракат мекунад ... пас ман ридои
хилофатро раҳо када ва доман
ҷамъ намудам аз он канорагирӣ
кардам ва дар андеша будам, ки
оё бо дасти холӣ ва танҳо барои
гирифтани ҳаққи худ бархезам? Ё дар ин муҳити хафақонзо ва
(ноамну сёсӣ) сабр пеша
кунам? ... Пас аз арзёбии дуруст
сабр ва бурдбориро
хирадмандонатар дидам. Сабр
кардам дар ҳоле ки гӯё хор дар чашм ва устухон дар гулӯи ман
монда буд.”
Аммо инки чаро Имом Алӣ(а) бо
вуҷуди шуҷоат, қиём накард ва
даст ба иқдоми амалӣ назад? Дар
ҷавоб бояд гуфт: ҳамаи мушкилот бо шамшеру ҷанг ҳал
намешавад ва ҳама ҷо, ҷои ба
кор бурдани зуру бозу нест.
Инсони ҳаким ва доно дар ҳалли
мушкилҳо роҳи муносиби онро
тай мекунад, доштани бозу, қудрат ва шуҷоат дар майдони
ҷангро, ҳаргиз таваҷҷӯҳе барои
анҷоми корҳои бефоида
намедонад.
Ҳамон тавре, ки ҳазрати Ҳорун(а)
вақте дид қавми Мусо(а) ба гӯсолапарастӣ рӯй оварданд, бо
инки шахси фасеҳ ва ҷонишини
ҳазрати Мусо(а) буда, вале ғайр аз
баёни ҳақ ва инзор (тарсондан аз
оқибати гуноҳ ва қиёмат ва ...)-и
онон коре накард. Қуръон аз қавли Ҳорун(а) дар ҷавоб ба
эътирози шадиди ҳазрати Мусо(а)
ба иқдом накардани ӯ дар
пешгирӣ дар аз гӯсолапарастии
Банӣ Исроил мегӯяд: “ Ҳорун
гуфт: Эй фарзанди модарам! (эй бародар) ришу сари маро магир!
Ман тарсидам бигӯӣ ту миёни Банӣ
Исроил тафриқа андохтӣ ва ба
суфориши ман амал накардӣ!”.
Қуръон аз канорагирии Иброҳим
(а) аз бутпарастон хабар медиҳад ва мефармояд: “Ҳангоме, ки
(Иброҳим) аз онон ва аз ончи
ғайри Худо мепарастиданд
канорагирӣ кард...”. Ҳамчунин
дар бораи канорагирии ҷавонони
асҳоби Каҳф аз қавми золимашон мефармояд: “Ва (ба онҳо гуфтем:)
ҳангоме, ки аз онон ва ончи
ғайри Худо мепарастанд
канорагирӣ кардед, ба ғор паноҳ
баред, ки парвадигоратон (сояи)
раҳматашро бар шумо мегустаронад ва дар ин амр,
оромише барои шумо фароҳам
месозад”.
Оё дуруст аст, ки ононро ҳам дар
ин мудоро ва канорагирӣ, тарсу ё
хоин бидонем?!!! Дар ҳоле ки дар чунин шароите роҳи ҳалли
муносиб ҳамин аст. Агар Имом ба
хотири маслиҳати боарзише
ҳамчун ҳифзи дини Худо ва
заҳамоти тоқатфарсои Расули
Худо(с) бо иддае байат бикунад ба ин маънӣ нест, ки аз қудрати
онон ба ҷони худ тарс ва воҳимае
дорад ва ё аз онон дар имомат ва
раҳбарии ҷомеаи исломӣ қудрат
ва тавоноии камтаре дорад, ки
агар имомат ба ӯ вогузор мешуд дар ҳамон даврон, қудрати
раҳбарии бар ҳама собит мешуд.
Ҳазрат иллати қиём накардани
худро танҳо будан дар ин роҳ
баён мекунад ва мефармояд:
"Баъд аз вафоти Паёмбар(с) ва бевафоии ёрон, ба атрофи худ
нигоҳ кардам ёре ҷуз (ғайр) аз
хонаводаам надидам, пас розӣ
нашудам, ки онҳо кушта шаванд,
чашми пур аз хору хошокро
фурӯ бастам ва бо гулӯе, ки устухони шикаста дар он гир
карда буд, ҷоми талхи ҳаводисро
нушидам ва хашми хешро фурӯ
хурдам ва бар нушидани ҷоми
талхтар аз гиёҳи ҳанзал шакибоӣ
намудам". Дар ҷои дигар Ҳазрат иллати
иқдом накардани худро ингуна
баён мекунад: “... имрӯз дар
шароите қарор дорам, ки агар
сухан бигӯям, мегӯянд бар
ҳукумат ҳарис аст ва агар хомуш бошам мегӯянд аз марг
метарсид!”. Хулоса онки байати
Алӣ(а) на аз рӯи тарс (ки дӯсту
душман ба шуҷоати беназири ӯ
муътарифанд), балки ба хотири
камбуди ёрони дар роҳи эҳқоқи ҳаққи худ ва ҳифзи ваҳдат ва
масолеҳи Ислом буд. Коре, ки ҳар
раҳбари воқеӣ анҷом медиҳад,
ҳатто худи Паёмбар(с) ба хотири
камбуди ёрон ва дар ҷиҳати
ҳифзи ҳамон миқдори кам ва ҳифзи маслиҳати Ислом, маҷбур
ба канорагирӣ аз қавмаш ва
ҳиҷрат ба Мадина шуд, то замоне
бо ёрони фаровон ба фатҳи Макка
иқдом кард ва ё замони дигар
маҷбур ба сулҳ бо мушрикон шуд, оё метавон гуфт агар худро
пайғамбари Худо медонист чаро
бо мушрикон сулҳ кард? ки агар
қудрати муқобила надошт пас
салоҳияти пайғамбарӣ ва
раҳбариро надорад?!!! Бинобар ин, ҳазрати Алӣ(а) бо
инки худро ҷонишини Пайғамбар
(с) медонист, вале салоҳи ҷомеаи
мусалмононро дар сабру
бурдборӣ медонист; зеро ҳазрат
ҷои ба кор бурдани шуҷоату шамшер ва қудрати бозӯ дар
роҳи Худоро ба хубӣ дарк када
буд, вале дар вазъияте аз
шамшер ба даст гирифтани он
ҳазрат ва ақвому ёронаш танҳо
душманони Ислом барои аз байн бурдани решаҳои дарахти навпои
Ислом истифода хоҳанд кард.
Бинобар ин масолеҳ, ҳазрат
маслиҳати муҳимро дар роҳи
маслиҳати аҳам (муҳимтар) (асоси
Ислом) қурбонӣ карданд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4