душманӣ бо Паёмбари
гиромии Ислом аст
ﻝﺎﻗ ﻝﻮﺳﺭ ﻪﻠﻟﺍ ﻰﻠﺻ ﻪﻠﻟﺍ ﻪﻴﻠﻋ
.ًﺎّﻴﻠﻋ ﻯﺩﺎﻋ ﻦﻣ ﻪﻠﻟﺍ ﻯﺩﺎﻋ :ﻢﻠﺳﻭ ﻪﻟﺁﻭ
Паёмбари гиромии Ислом
(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи
ва саллам) фармуданд:
"Худованд душман дорад ҳар
касеро, ки бо Алӣ душман аст".
Ровиён: 1)Абўрофеъ.
2)Абдуллоҳ ибни Зубайр.
Китобҳо: 1)"Исоба"-и Ибни
Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.373,р-2560.
2)"Усд-ул-ғоба"-и Ибни Асир
ҷ.2.саҳ.154. 3)Ҷомеъ-ус-сағир"-
и Суютӣ ҷ.2.саҳ.145,р-5362.
4)"Канз-ул-уммол"
ҷ.11.саҳ.601,р.32899.
5)Мунтахаби "Канз-ул-уммол".
6)"Фатҳ-ул-кабир"-и Набаҳонӣ.
7)"Кунуз-ул-ҳақоиқ"-и Муновӣ.
Санади ин ҳадис саҳеҳ аст.
ﻝﺎﻗ ﻲﺒﻨﻟﺍ ﻰّﻠﺻ ﻪﻠﻟﺍ ﻪﻴﻠﻋ ﻪﻟﺁﻭ
:ٍّﻲﻠﻌﻟ ﺎﻳ ُّﻲﻠﻋ ﻮﻟ َّﻥﺃ ﻲﺘَّﻣﺃ ﻙﻮﻀﻐﺑﺃ
.ﺭﺎّﻨﻟﺍ ﻲﻓ ﻢﻫﺮﺧﺎﻨﻣ ﻰﻠﻋ ُﻪﻠﻟﺍ ﻢﻬَّﺒَﻛﻷ
Паёмбари гиромии Ислом
(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи
ва саллам) ба Алӣ фармуданд:
"Эй Алӣ, агар умматам туро
душман донанд Худованд
онҳоро бо сар ва сураташон
ба оташи дўзах меандозад".
Ровиён: 1)Ҷобир ибни
Абдуллоҳ. 2)Анас ибни Молик.
Китобҳо: 1)Таърихи Ибни
Асокир ҷ.42.саҳ.297.
2)"Шавоҳид-ут-танзил”-и
Ҳасаконӣ ҷ.1.саҳ.551.
ﻝﺎﻗ ﻝﻮﺳﺭ ﻪﻠﻟﺍ ﻰﻠﺻ ﻪﻠﻟﺍ ﻪﻴﻠﻋ
ﻪﻟﺁﻭ :ﻢﻠﺳﻭ ﻦﻣ ﺾﻐﺑﺃ ًﺎّﻴﻠﻋ ﺪﻘﻓ
ﻲﻨﻀﻐﺑﺃ ﻭ ﻦﻣ ﻲﻨﻀﻐﺑﺃ ﺪﻘﻓ ﺾﻐﺑﺃ
َﻪﻠﻟﺍ ﻭ ﻦﻣ َّﺐﺣﺃ ًﺎّﻴﻠﻋ ﺪﻘﻓ ﻲﻨَّﺒﺣﺃ ﻦﻣ ﻭ
.َﻪﻠﻟﺍ َّﺐﺣﺃ ﺪﻘﻓ ﻲﻨَّﺒﺣﺃ
Паёмбари гиромии Ислом
(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи
ва саллам) фармуданд:
"Ҳар кӣ Алиро ба ғазаб
оварад, дар ҳақиқат маро ба
ғазаб овардааст, ҳар кӣ маро
ба ғазаб оварад ба дурустӣ
Худоро ба ғазаб овардааст ва
ҳар кӣ Алиро дўст бидорад, ба
дурустӣ маро дўст доштааст ва
ҳар кӣ маро дўст бидорад, дар
ҳақиқат Худоро дўст
доштааст".
Ровӣ: Абўрофеъ.
Китобҳо: 1)"Муснад"-и
Баззор. 2)"Мўъҷам-ул-кабир”-и
Табаронӣ ҷ.1.саҳ.319.р.947.
3)”Маҷмаъ-уз-завоид"
ҷ.9.саҳ.129. Санади ин ҳадис
саҳеҳ аст.
ﻦﻋ ّﻡﺃ ﺔﻤﻠﺳ :ْﺖﻟﺎﻗ ﺪﻬﺷﺃ ﻲّﻧﺃ
ُﺖﻌﻤﺳ ﻝﻮﺳﺭ ﻪﻠﻟﺍ ﻰّﻠﺻ ﻪﻠﻟﺍ ﻪﻴﻠﻋ ﻭ
ﻪﻟﺁ :ﻝﻮﻘﻳ ﻦﻣ َّﺐَﺣﺃ ًﺎﻴﻠﻋ ﺪﻘﻓ ﻲﻨَّﺒﺣﺃ ﻭ
ﻦﻣ ﻲﻨَّﺒﺣﺃ َّﺐﺣﺃ ﺪﻘﻓ ﻭ َﻪﻠﻟﺍ ﺾﻐﺑﺃ ﻦﻣ
ًﺎّﻴﻠﻋ ﺪﻘﻓ ﻲﻨﻀﻐﺑﺃ ﻭ ﻦﻣ ﻲﻨﻀﻐﺑﺃ ﺪﻘﻓ
.َﻪﻠﻟﺍ ﺾﻐﺑﺃ
Умми Салама мегўяд: Ман
шаҳодат медиҳам, ки шунидам
Паёмбари гиромии Ислом
(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи
ва саллам) мефармуданд: Ҳар
кӣ Алиро дўст бидорад, дар
ҳақиқат маро дўст доштааст
ва ҳар кӣ маро дўст бидорад,
дар ҳақиқат, Худои мутаолро
дўст доштааст. Ҳар кӣ Алиро
душман бидорад, дар ҳақиқат,
ки маро душман доштааст ва
ҳар кӣ маро душман бидорад,
ба дурустӣ Худои бузургро
душман доштааст".
Ровӣ: Умми Салама.
Китобҳо: 1)"Мўъҷам-ул-
кабир"-и Табаронӣ
ҷ.23.саҳ.380.901. 2)"Маҷмаъ-уз-
завоид" ҷ.9.саҳ.132. 3)Таърихи
Ибни Асокир ҷ.62.саҳ.271.
4)"Ҷомеъ-ус-сағир"-и Суютӣ
ҷ.2.саҳ.554,р.8319. 4)"Канз-ул-
уммол" ҷ.11.саҳ.622,р.33024.
Ҳайсамӣ санади ин ҳадисро
саҳеҳ гуфтааст.
ﻝﺎﻗ ﻝﻮﺳﺭ ﻰّﻠﺻ ﻪﻠﻟﺍ ﻪﻠﻟﺍ ﻭ ﻪﻴﻠﻋ
ﻪﻟﺁ :ٍّﻲﻠﻌﻟ ﺏﺬﻛ ﻦﻣ ﻢﻋﺰﻳ ﻪّﻧﺃ ﻭ ﻲﻨُّﺒﺤﻳ
.ﻚﻀﻐﺒﻳ
Паёмбари гиромии Ислом
(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи
ва саллам) ба Алӣ фармуданд:
"Дурўғ мегўяд ҳар он касе,
ки гумон кунад маро дўст
медорад дар ҳоле ки бо ту
душманӣ варзад".
Ровиён: 1)Имом Алӣ.
2)Ибни Аббос. 3)Абўсаид.
4)Умми Салама. 5)Анас.
Китобҳо: 1)Таърихи Ибни
Асокир ҷ.42.саҳ.268-283.
2)Таърихи Ибни Касир
ҷ.7.саҳ.391. 3)"Кифоя"-и Ганҷӣ.
4)"Фароид-ус-симтайн"
ҷ.2.с.423. 5)"Маноқиб"-и Ибни
Мағозалӣ. 6)"Лисон-ул-мизон"-
и Ибни Ҳаҷар ҷ.2.саҳ.413.
7)"Шавоҳид-ут-танзил"-и
Ҳасаконӣ ҷ.2.с.358. 8)"Канз-ул-
уммол” ҷ.13.с.123.р.36392.
9)"Мизон-ул-эътидол"-и Заҳабӣ
ҷ.1.с.252.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1