Садриддинов Сирати саййида Руқая (р) (Силсиламақолаҳои духтарони
Муҳаммад салаллоҳу алайҳи
вассалам, №2) Руқая (р) падарашон Муҳаммад (с)
ва модарашон Хадиҷа (р)
мебошанд, баъди Зайнаб (р)
таваллуд шуда, ҳамроҳи модар ва
хоҳаронаш ислом оварда, ду
ҳиҷрат намудааст, яке ба сўйи Ҳабаша ва дигаре ба сўйи Мадинаи
мунаввара. Хонадоршавии ў (р)
Бо Утба ибни Абулаҳаб оила барпо
намуд ва чун сухани Худо дар ҳақи
Абулаҳаб нозил шуд: «Дастҳои
Абулаҳаб (киноя аз худи ӯст) ҳалок
бод ва ҳалок бод Абулаҳаб.» (Сураи Масад, ояти 1)
Сипас падараш ба ў гуфт: сарам аз
сарат ҳаром бод, агар духтарашро
талоқ надиҳӣ, сипас Утба ўро талоқ
дод. Паёмбар (с) алами талоқашро
чашиданд, талоқ шикасти зан мебошад, инчунин шикаст барои
волидайн аст ва чун Худо паёмбар
(с)-ро пешвои ҳасана қарор
намудааст барои муъминон то рузи
қиёмат паёмбар (с) дар тамоми
мавқиф ҳамчун шахси комил истодагарӣ намуданд, дарди
фарзандро ва талоқи духтарро
чашиданд, чашиданд дарди
ончиро,ки дар Мадина дар ҳақи
Оиша (р) паҳн шуда, ки лоиқи ў
набуд, инчунин фақр ва дороиро чашиданд, ҳазимат ва пирўзӣ
барояшон пеш омад,беморӣ ва
саломатиро чашиданд. Дар тамоми
имтиҳонҳои илоҳӣ мавқифи шахси
комилро доштанд,то барои мову
шумо умматон пешвои ҳасана бошанд. Чӣ касе Руқая (р)-ро ба зани гирифт? Байни Руқая (р) ва Утба талоқ воқеъ
шуд, пеш аз ин, ки духул сурат
гирад. Ба сабаби ояте, ки нозил шуд.
Усмон барои хостгорӣ назди
паёмбар (с) омад,то ба шарафи хеш
шудан бо паёмбар (с) ноил гардад. Паёмбар (с) талаби Усмонро
пазируфтанд, ки аввалин шахсе
буд, зери дасти Абўбакар (р)
исломро пазируфт.
Дар ҳақи ин ду ҷуфт чунин гуфта
шудааст: Ба мисоли ин ду ҷуфт зебогие дида
намешуд ва хеле хурсанду
хушбахт буданд, вале ин хушбахтӣ
дер давом накард, зеро вақте, ки
хешовандони Усмон (р)
фаҳмиданд, ки ў исломро пазируфтааст, муносибаташонро бо
Усмон (р) қатъ карданд ва чун
шуниданд, ки бар замми исломаш,
духтари Муҳаммад (с)-ро ба занӣ
гирифтааст, оташи душманиашон
зиёдтар шуд. Инчунин шаъни ҳақу ботил то рўзи қиёмат ҳамин аст ва
сабабаш дар пайравӣ аст, зеро ў
пайравӣ аз ҳақ мекунад ва онҳо
пайравӣ аз ботил. Усмон (р) дар
миёни қавмаш маконати бузурге
дошт, чун имон ба Муҳаммад (с) овард, ҳама атрофиёнашро аз даст
дод, ин як имтиҳони илоҳӣ буд. Як
саҳобии бузурге аст, ки номаш
Мусъаб ибни Умайр аст, як ҳаёти
хаёлӣ дошт, беҳтарин таъомро
мехўрд, беҳтарин либос дар тан дошт ва як манзалати бузурге дошт,
пулу мол дошт ва зебо буд, ҳаёти
бисёр хуб дошт, дар ҳоле, ки ў
ҷавон буд ва чун исломро пазируфт
тамоми аҳлаш аз ў дур шуданд ва
тамоми дороияшро кашида гирифтанд, ин ҳам имтиҳони илоҳӣ
буд. Ту ҷаннатеро талаб мекунӣ, ки
паҳноияш заминҳову осмонҳост ва
абадӣ аст, имкон надорад, ки
гирифтори бало нашуда ба ин
макон бирасӣ! Худо мефармояд: Оё гумон кардед, ки ба биҳишт дароед,
пеш аз он ки Худо муҷоҳидон ва
собиронро аз миёни шумо ошкор
созад? (Сураи оли Имрон, ояти 142) Идомаи мақоларо аз сомона ва ё
бахши фесбукии мо мутолеъа
намоед!
СОМОНАИ ВАСАТИЯТ:http:// wasatiyat.tj/2011-07-11-17-02-32/2 761-2013-11-24-03-26-36.html . Васатият дар фесбук:https:// www.facebook.com/ groups/160750644136038/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев