духтарони Муҳаммад салаллоҳу
алайҳи вассалам, №4) Фотима (р) духтари Муҳаммад (с) ва
Хадиҷаи кубро (р) мебошад, ки
хурдсолтарин духтари Паёмбар (с)
буда, сарвари занҳои асри худ
мебошад. Паёмбар (с) фармуданд:
Кофист туро аз занони олам,Марям бинти Имрон ва Хадиҷа бинти
Хувайлид ва Фотима бинти
Муҳаммад (с) ва Осия зани Фиръавн.
(Ривояти Тирмизӣ) Каме пеш аз биъсат мутаваллид
шуда, бо Алӣ ибни Абутолиб (р) дар
соли дуюми ҳиҷрӣ баъд аз ғазваи
Бадр оила барпо намуда, соҳиби
панҷ фарзанд: Ҳасан, Ҳусайн, Муҳсин, Уммикулсум
ва Зайнаб гардиданд. Паёмбар (с)
ўро бисёр дўст медошт, зани
собираву диндор ва шукргузор буд. Маконати ў (р) дар назди падараш
Муҳаммад (с) Фотима (р) сарвари занҳои асри
худ буда, яке аз чаҳор занҳое
мебошад, ки бо сифати камол дар
олам васф шудаанд, чун зан сифати
камолро дошта бошад, нури чашми
атрофиёнаш хоҳад буд. Аз Умар ибни Абусалама (р) ривоят
аст, ки фармуд: Вақте, ки ин сухани
Худо бар паёмбар (с) дар хонаи
Умми Салама (р) нозил шуд:
[ ﺖﻴﺒﻟﺍ ﻞﻫﺃ ﺲﺟﺮﻟﺍ ﻢﻜﻨﻋ ﺐﻫﺬﻴﻟ ﻪﻠﻟﺍ ﺪﻳﺮﻳ ﺎﻤﻧﺇ ﺍﺮﻴﻬﻄﺗ ﻢﻛﺮﻬﻄﻳﻭ] “Эй аҳли байт, Худо мехоҳад
палидиро аз шумо дур кунад ва
шуморо пок нигоҳ дорад”. (Сураи
Аҳзоб, ояти 33 ) Сипас Паёмбар (с) Фотима ва Ҳасану
Ҳусайнро фаро хонд ва онҳоро бо
як чодаре печонд дар ҳоле, ки Алӣ
(р) дар пасашон буд, ўро низ
печонд, сипас фармуданд: Парвардигоро, инҳо аҳли байти ман
ҳастанд,пас палидиро аз инҳо дур
бикун ва инҳоро пок нигоҳ бидор!
Умми Салама фармуд: Ман низ бо
онҳо ҳастам? Паёмбар (с)
фармуданд: Ту дар маконати худ ҳастӣ ва ту бар хайр ҳастӣ! дар
ҳақиқат наздиктарин кас барои
фард фарзандонаш мебошанд, хоҳ
писар бошанд, хоҳ духтар. Аз Зайд ибни Арқам ривоят аст,ки
паёмбар (с) барои Алӣ (р), Фотима
(р) ва Ҳасану Ҳусайн (р) фармуданд:
Ман эълони ҷанг мекунам бо касе, ки
шумо биҷангед ва ман эълони сулҳ
мекунам бо касе, ки шумо сулҳ бандед. (Ривоти Тирмизӣ) Фотимаи заҳро (р) дар замони худ
аз зумраи беҳтарин занҳо маҳсуб
мешуд. Дар бузургӣ, каромат ва дар
тамоми ашё, дар тамоми муддат
канори падари хеш буд, ҳатто
шоҳиди тамоми мавқифҳои паёмбар (с) шуда, аз замони
хурдсолиаш то он даме, ки
падараш аз дунёи ҳастӣ ба сўйи
Парвардигор рафт. Маконати Фотима (р) дар назди
Парвардигор (ҷ) тааҷубовар нест...
Идомаи мақоларо аз сомонаи
Васатият ё бахши фесбукии мо
мутолеъа намоед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 6
Оиша (р) беҳтарин занон баъд аз
ҳазрати Хадича аст.
Аввал инки оё ҳарфи Абӯ Ҳанифа ҳуҷҷат аст ё ҳарфи Паёмбари (с).
Дуввум инки Абӯ Ҳанифа чанд сол
баъд аз Паёмбар (с) омадааст? Дар
замони Имом Содиқ (а) шогирди
Имом Содиқ (а) буд! Чаро ту сухани
Имом Содиқ (а)-ро ки устоди Абӯ Ҳанифа аст нақл намекуни?
Севвум инки дар ҳамаи аҳодиси
Паёмбар (с) беҳтарин занон фақат
ҳазрати Осия, ҳазрати Марям,
ҳазрати Хадиҷа, ҳазрати Фотимаи
Заҳро сиддиқаи кубро ҳастанд. “бартарин занони биҳишт, Хадиҷа
духтари Хувайлид, Фотима духтари
Муҳаммад, Осия духтари Музоҳим,
Марям духтари Имрон мебошад.
Муснади Аҳмад, ҷ 1, с 293.
Мустадраки Ҳоким, ҷ 3, с174. Таҳзибут Таҳзиб, ҷ 6, с 609.
Ал Истиъоб, ҷ 4, с 284.
Захоирул Уқбо, с 42.
ном намебарад? Дар ҳоле ки ба ҷуз
ҳадиси боло аҳодиси зиёде аст ки Ҳазртаи Фотимаи Заҳроро сарвари
занони Биҳишт ва сарвари занони
мӯъмина ва сарвари занони ҷаҳон
ва сарвари занони ин уммат
гуфтааст.
Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 4, с 209. Ал Мустадрак, ҷ 4, с 47.
Шарҳи Иҳқоқул Ҳақ, ҷ 10, с 103.
Музнифи ибни Абӣ Шайба, ҷ 12, с
127.
Бо ин ҳама ҳадис читавр ҳазрати
Абӯ Ҳанифа ҳазрати Оиша (р) ро баъд аз ҳазрати Хадиҷа бартарини
занон медонад?
Оё ҳазрати Оиша (р) пораи тани
Паёмбар ҳаст ё Фотимаи Заҳро (с)?
Оё Паёмбар дасти ҳазрати Оиша (р)
ро мебӯсид ё дасти Фотимаи Заҳро (с) ро?
Оё Паёмбар ба эҳтироми ҳазрати
Оиша (р) аз ҷояш баланд мешуд ё
барои ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)?
Оё Паёмбар бӯи Биҳиштро аз
ҳазрати Оиша (р) бӯ мекард ё аз Фотимаи Заҳро (с)?
Оё Паёмбар ҳазрати Оиша (р) ро
зани осмонӣ гуфт ё Фотимаи Заҳро
(с) ро?
Ин ҳамаро Паёмбар ба Фотимаи
Заҳро (с) гуфт.
ҳазрати Оиша (р) тӯҳмат мезананд!
Аввал инки Имом Ҷаъфари Содиқ (а)
имоми шиаён ва олими шиаён дар
замони Абӯ Ҳанифа ва устоди ӯ
ҳастанд. Оё имом Содиқ (а) ба ҳазрати Оиша
(р) тӯҳмат мезад ё он ҳазратро
ҳақорат мекард?
Ҷавоб маълум аст! Имом Содиқ
сунин кореро анҷом намедиҳад!
Чун имом Содиқ (а) ро худи Абӯ Ҳанифа таъриф кардааст ва
шогирдии он ҳазратро худ ихтиёр
кардааст!
Бо ин баён Абӯ Ҳанифа дар инҷо
иштибоҳ кардааст чун ӯ маъсум нест
ва аз ӯ хато сар мезанад. Чунонки худи шумоҳо мегӯид “иҷтиҳод
карду хато кард”!
Удалить заметку
17 июн
Насколько достоверна книга САХИХ АЛЬ-БУХАРИ?: