шайтон
"Ман дар назди шумо ду чизи
гаронбаҳое мегузорам, ки
иборатанд аз китоби Худо ва
Итрати Аҳли Байти ман. Агар ба
ҳардуи онҳо тамассук кунед баъд
аз ман ҳаргиз гумроҳ нахоҳед
шуд, ва онҳо аз ҳам ҷудо
намешаванд, то инки бар ман
вориди ҳавз шаванд".
Ин ҳадис дар мӯътабартарин
китобҳои аҳли суннат омадааст.
Ин ривоятро шиа ва суннӣ нақл
кардаанд, ҳатто бисёре аз
бузургони аҳли суннат бар ин
назар ҳастанд, ки ин ҳадис аз
ҷумлаи ҳадисҳои мутавотир аст.
Ибни Ҳаҷари Маккӣ дар китоби
зидди шиъии "Ассавоиқул
муҳриқа", саҳ.122 дар мавриди ин
ҳадис мегӯяд: "Сӣ саҳоба ин
ҳадисро аз Набийи акрам(с)
ривоят кардаанд ва бисёре аз
тариқҳои ин ҳадис саҳеҳ ва ҳасан
аст" ҳамчунин Ибни Касири
Дамишқии салафӣ дар китоби
"Ал-бидояту ван ниҳояту", ҷ.5,
саҳ.229 мегӯяд: "Шайхи мо
Абӯабдуллоҳи Заҳабӣ гуфт, ин
ҳадиси саҳеҳ аст" ва чандин
қавлҳои бузургони аҳли суннат
дар ин маврид омадааст. Ва
ҳамчунин Пайғамбари гиромии
Ислом(с) мефармояд: "Масали
Аҳли Байти ман мисли киштии Нуҳ
аст, ҳар касе савораш шавад наҷот
меёбад ва ҳаркасе ки аз ӯ
тахаллуф кунад ғарқ мешавад".
Пайғамбари гиромии Ислом(с)
мефармояд: "Ситорагон барои
аҳли замин аз ғарқ шудан амон
ҳастанд ва Аҳли Байти ман амон
ҳастанд барои уммати ман аз
ихтилоф, пас ҳангоме ки қабилае
аз араб бо онҳо ба мухолифат
бархезад, ихтилоф мекунанд, дар
ин ҳангом мубаддал ба ҳизби
шайтон мешаванд".
Ҷудоӣ аз Аҳли Байт(а) пайвастан
ба ҳизби шайтон аст ва ҳамчунин
аз ҳазрати Расули акрам(с) суол
шуд: "Агар Аҳли Байт(а)-ро канор
бигузоранд, шумо ҷомеаро чӣ
тавр мебинед? Фармуд: ҷомеа
бидуни Аҳли Байт(а) ҳамонанди
хари камаршикаста аст".
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев