мӯъминин?
Чаро аз назари шиа духтари
Пайғамбар (с) Фотима (а) бар
ҳамсарони Пайғамбар (с)
бартарӣ дорад?
Ҷавоб:
Барои посухи ин суол ба Қуръон
муроҷиа мекунем, оё оёте ки дар
бораи духтари гиромии
Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам) нозил шудааст,
дар бораи ҳамсарони Ӯ низ фурӯд
омадааст?
Бархе аз оёте ки дар шаъни
ҳазрати Фотима (а) нозил
шудааст, иборатанд аз:
1. Сураи Кавсар:
Худо ба Пайғамбар (саллаллоҳу
алайҳи ва олиҳи ва саллам) хитоб
мекунад, ки мо ба ту “КАВСАР”
додем, онҷоки мефармояд:
َﻭ َﮏِّﺑَﺮِﻟ ِّﻞَﺼَﻓ *َﺮَﺛْﻮَﮑْﻟﺍ َﮎﺎﻨْﯿَﻄْﻋَﺃ ﺎَّﻧِﺇ
ُﺮَﺘْﺑَﺄْﻟﺍ َﻮُﻫ َﮏَﺌِﻧﺎﺷ َّﻥِﺇ *ْﺮَﺤْﻧﺍ
“Мо ба ту кавсар эъто кардем, пас
барои Парвардигорат намоз бихон
ва қурбонӣ кун, ба дурустӣ ки
душмани ту абтар аст”.
Муфассирон дар мисдоқи
“КАВСАР” ки ба маънои “хайри
касир” аст, қавлҳое доранд, вале
қавли рӯшан ҳамон аст, ки бигӯем
мурод аз он фарзандони зиёде аст,
ки Худо аз тариқи ҳазрати Заҳро
(алайҳо салом) ба Пайғамбар лутф
фармудааст ва шоҳиди ин гуфтор,
охири сура аст, ки мефармояд: “Эй
Расули гиромӣ душмани ту
“абтар” аст; яъне ту абтар нестӣ ба
далеле ки мо ба ту кавсар; яъне
хайри касир додем, ки яке аз
мазоҳири он фарзандони зиёд аз
насли Заҳро (алайҳо салом) аст.
Фахри розӣ дар тафсири сураи
“КАВСАР” мегӯяд: Ин хабари
ғайбии Қуръон таҳаққуқ
пазируфтааст; зеро умавиҳо ва
аббосиҳо дар куштани
фарзандони Заҳро (алайҳо салом)
дареғ накарданд, бо ин ҳол
шарқу ғарби олам аз насли Заҳро
моломол аст. Онгоҳ мегӯяд: Уламо
ва донишмандони бузург
монанди Боқирул улум ва ҳазрати
Содиқ ва ҳазрати Козим ва ҳазрати
Ризо (алайҳим салом) дар оғӯши
ин хонавода парвариш ёфтаанд”
(Фахри Розӣ, тафсири сураи
Кавсар).
2. Ояи Татҳир:
Ояи дигаре ки дар бораи ҳазрати
Заҳро (саломуллоҳи алайҳо)
нозил шудааст, ояи “ТАТҲИР” аст:
َﻞْﻫَﺃ َﺲْﺟِّﺮﻟﺍ ُﻢُﮑْﻨَﻋ َﺐِﻫْﺬُﯿِﻟ ُﻪَّﻠﻟﺍ ُﺪﯾِﺮُﯾ ﺎﻤَّﻧِﺇ
ًﺍﺮﯿِﻬْﻄَﺗ ْﻢُﮐَﺮِّﻬَﻄُﯾ َﻭ ِﺖْﯿَﺒْﻟﺍ
“Ҳамоно Худованд ирода
кардааст, то риҷсу палидиро аз
шумо Аҳли Байт бибарад ва
шуморо ба покии ҳақиқӣ
бирасонад” (сураи Аҳзоб, ояи 33).
Ин оя дар бораи ҳазрати Заҳро
(саломуллоҳи алайҳо) ва ду
фарзандаш Ҳасану Ҳусейн ва
ҳамсари гиромӣ ва падари
бузургвораш нозил шудааст ва
мақсуд аз Аҳли Байт хонадони
ваҳй ва набувват аст.
Ривоёти зиёде гувоҳӣ медиҳад, ки
Пайғамбар ҳар чаҳор нафарро
ҳамроҳи худ зери кисое қарор
дод ва ин ояро тиловат карду
фармуд: Худоё барои ҳар
Пайғамбар аҳли байте аст ва инҳо
Аҳли Байти ман ҳастанд.
3. Ояи Мубоҳила:
Дар яке аз солҳои ҳиҷрат
пешвоёни насорои Наҷрон вориди
Мадина шуданд, то бо Пайғамбар
аз наздик мунозира кунанд, онон
дар мунозира маҳкум шуданд,
вале аз пазируфтани Ислом сар
бартофтанд. Пайғамбар ононро ба
мубоҳила даъват кард; яъне
ҳамагон дар нақтае ба дур аз
мардум гирд оянд ва
дурӯғгӯёнро лаъну нафрин
кунанд.
Ва ин ҳамон ҳақиқате аст, ки дар
Қуръон чунин аз он ёд шудааст:
ﺎﻧَﺀﺎﺴِﻧ َﻭ ْﻢُﮐَﺀﺎﻨْﺑَﺃ َﻭ ﺎﻧَﺀﺎﻨْﺑَﺃ ُﻉْﺪَﻧ ﺍْﻮَﻟﺎﻌَﺗ ْﻞُﻘَﻓ
ْﻢُﮑَﺴُﻔْﻧَﺃ َﻭ ﺎﻨَﺴُﻔْﻧَﺃ َﻭ ْﻢُﮐَﺀﺎﺴِﻧ َﻭ
“Пас бигӯ биёед биёварем
фарзандони моро ва фарзандони
шуморо, занонамонро ва
занонатонро ва нафсҳоямон ва
нафсҳоятонро (касонеро ки ҷони
мо ва шумо ҳаст)...” (сураи Оли
Имрон, ояи 61).
Ояи муборака ҳокӣ аст, ки
Пайғамбар бояд се гурӯҳро ба
майдони мубоҳила ворид кунад:
А): Фарзандони худро ” ﺎﻨﺋﺎﻨﺑَﺃ”
Б): Занони хешро “ ﺎﻨﺋﺎﺴِﻧ”
В): Ҷонҳои хешро “ ﺎﻨﺴﻔﻧﺃ”
Ва ба иттифоқи муфассирон ва
торихнависон, Пайғамбар аз
фарзандони мунтасаб ба хеш
фақата Ҳасану Ҳусейн
(саломуллоҳи алайҳимо)-ро
вориди майдони мубоҳила кард
ва аз занон Заҳро (алайҳо салом)-
ро баргузид ва аз гурӯҳи севвум
ба номи “ ﺎﻨﺴﻔﻧﺃ” ки ҷони
Пайғамбар бошанд Алӣ (алайҳи
салом)-ро ҳамроҳ овард.
4. Ояи Итъом барои Худо
Сураи Инсон аз сураҳои мавриди
таваҷҷӯҳи шиаён аст; зеро оёте аз
ин сура дар ситоиши хонадони
рисолат ворид шуда (хонае ки
Фотима меҳвари он аст) ва ононро
тавсиф мекунад, онҷо ки
мефармояд:
ُﻩُّﺮَﺷ َﻥﺎﮐ ًﺎﻣْﻮَﯾ َﻥﻮُﻓﺎﺨَﯾ َﻭ ِﺭْﺬَّﻨﻟﺎِﺑ َﻥﻮُﻓﻮُﯾ
ِﻪِّﺒُﺣ ﯽﻠَﻋ َﻡﺎﻌَّﻄﻟﺍ َﻥﻮُﻤِﻌْﻄُﯾ َﻭ *ًﺍﺮﯿِﻄَﺘْﺴُﻣ
ْﻢُﮑُﻤِﻌْﻄُﻧ ﺎﻤَّﻧِﺇ *ًﺍﺮﯿِﺳَﺃ َﻭ ًﺎﻤﯿِﺘَﯾ َﻭ ًﺎﻨﯿِﮑْﺴِﻣ
ﻻ َﻭ ًﺀﺍﺰَﺟ ْﻢُﮑْﻨِﻣ ُﺪﯾِﺮُﻧ ﻻ ِﻪَّﻠﻟﺍ ِﻪْﺟَﻮِﻟ
ًﺎﺳﻮُﺒَﻋ ًﺎﻣْﻮَﯾ ﺎﻨِّﺑَﺭ ْﻦِﻣ ُﻑﺎﺨَﻧ ﺎَّﻧِﺇ *ًﺍﺭﻮُﮑُﺷ
َﻭ ِﻡْﻮَﯿْﻟﺍ َﮏِﻟﺫ َّﺮَﺷ ُﻪَّﻠﻟﺍ ُﻢُﻫﺎﻗَﻮَﻓ *ًﺍﺮﯾِﺮَﻄْﻤَﻗ
ﺎﻤِﺑ ْﻢُﻫﺍﺰَﺟ َﻭ *ًﺍﺭﻭُﺮُﺳ َﻭ ًﺓَﺮْﻀَﻧ ْﻢُﻫﺎَّﻘَﻟ
ﺍﺮﯾِﺮَﺣ َﻭ ًﺔَّﻨَﺟ ﺍﻭُﺮَﺒَﺻ
“Онҳо ба назри худ вафо
мекунанд ва аз рӯзе ки шар ва
азобаш густардааст метарсанд ва
ғизои худро бо инки ба он алоқа
ва ниёз доранд ба мискин, ятим ва
асир медиҳанд ва мегӯянд мо
шуморо ба хотири Худо итъом
мекунем ва ҳеҷ подошу сипосе аз
шумо намехоҳем! Мо аз
Парвардигорамон хоифем дар он
рӯзе ки абусу сахт аст! (ба хотири
ин ақида ва амал) Худованд
ононро аз шарри он рӯз нигаҳ
медорад ва онҳоро мепазирад дар
ҳоле ки ғарқи шодию суруранд!
Ва дар баробари сабрашон,
биҳишт ва либосҳои ҳарири
биҳиштиро ба онҳо подош
медиҳад!” (сураи инсон ояи 7 то
12).
Дар ин оёт нукоти фаровоне
ҳаст, ки ба баъзе аз онҳо ишора
мекунем:
1.Вафо ба назр: онҷо ки назр
карда буданд, ки се рӯз рӯза
бигиранд ва ҳамаашон ба ба
назри худ вафо карданд.
2.Ҳангоми ифтор бенавое дарро
заду таом талабид, онҳо хӯроки
худро дар ихтиёри ӯ ниҳоданд ва
бо об ифтор карданд. Фардои он
рӯз низ рӯза гирифтанд, ин бор
вақти ифтор ятиме дари хонаро
кӯбиду дархости таом кард, онҳо
хӯроки худро ба ӯ доданд ва бо
об ифтор карданд.
Рӯзи севвум низ рӯза гирифтанд,
ин дафъа асире дархости хӯрок
кард ва ҳамаашон ғизоро ба ӯ
доданд.
3.Онон хӯроки худро дар ҳоле
ки ба он ниёз доштанд; яъне
гурусна буданд дар роҳи Худо
доданд; зеро замири “Ало
ҳуббиҳи” ба таом бармегардад, ки
аз феъли “ва ютъимуна”
баргирифта мешавад.
4.Ангезаи онҳо ситоишу подош
набуд, балки онҳо ин корро
барои Худо анҷом медоданд ва
шиорашон ин буд “Ба хотири
Худо ба шумо таомамонро
медиҳем”.
5. Ояи Маваддат:
Қуръони Маҷид маваддати Заҳро
(алайҳо салом)-ро дар зимни
маваддати қурбо ба унвони як
фариза муаррифӣ кардааст ва
онро ба зоҳир, аҷри рисолат
медонад, онҷо ки мефармояд:
ﯽِﻓ َﺓَّﺩَﻮَﻤْﻟﺍ ﺎَّﻟِﺇ ًﺍﺮْﺟَﺃ ِﻪْﯿَﻠَﻋ ْﻢُﮑُﻠَﺌْﺳَﺃ ﻻ ْﻞُﻗ
ﻰﺑْﺮُﻘْﻟﺍ
“Бигӯ ман аз шумо подоше ҷуз
дӯстии хешовандони худам
намехоҳам” (сураи Шӯро ояи 23).
Инҳо бархе аз оёте аст, ки мақому
мавқеияти ин бонуи бузурги
Исломро муаррифӣ мекунад ва
агар ба ривоёте ки аз Пайғамбар
(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва
саллам) дар ҳаққи Заҳро (алайҳо
салом) ворид шуда аст таваҷҷӯҳ
кунем, манзалати ҳазрати Заҳро
(алайҳо салом) намоёнтар
мегардад.
Заҳро (алайҳо салом) бонуе аст,
ки ризои Ӯ ризои Пайғамбар ва
хашми Ӯ хашми Пайғамбар аст ва
аз тарафе ҳам ризо ва хашми
Пайғамбар ҳамсӯ бо ризо ва
хашми Худо мебошад
(Мустадраки Ҳоким, ҷ.3, саҳ.154;.
Захоирил уқбо, саҳ.39;. Хасоиси
Насоӣ, саҳ.35).
Бинобар ин Ӯ бонуи маъсуме
будааст, ки ризо ва хашми Ӯ бо
ризо ва хашми илоҳӣ баробар
будааст ва ба хотири ҳамин
шоистагиҳои зотӣ аст, ки
Пайғамбар фармуд: Духтарам
Заҳро саййидаи занони биҳишт аст
(Саҳеҳ Бухорӣ, бобу маноқиби
Фотима).
Акнун назаре ба гуфтори
Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам) дар бораи
духтари гиромиаш меафканем ва
аз ривоёти фаровоне ки дар
бораи духтари гиромии
Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва
олиҳи ва саллам) ворид шудааст
ба як маврид басанда мекунем.
Бухорӣ дар саҳеҳи худ бобе дар
бораи маноқиби Фотима (алайҳо
салом) мунъақид кардааст ва
мегӯяд:
(ﻢَّﻠﺳ ﻭ ﻪﻟﺁ ﻭ ﻪﯿﻠﻋ ﻪّﻠﻟﺍ ﻰَّﻠﺻ) ﻰﺒﻨﻟﺍ ﻝﺎﻗ
ﺭﺩ ﻭ .«ﺔّﻨﺠﻟﺍ ﻞﻫﺃ ﺀﺎﺴﻧ ﺓﺪﯿﺳ ﺔﻤﻃﺎﻓ
َّﻥﺇ» :ﺪﻨﮐ ﻰﻣ ﻞﻘﻧ ﻦﯿﻨﭼ ﺮﮕﯾﺩ ﻯﺎﺟ
(ﻢَّﻠﺳ ﻭ ﻪﻟﺁ ﻭ ﻪﯿﻠﻋ ﻪّﻠﻟﺍ ﻰَّﻠﺻ) ﻪّﻠﻟﺍ ﻝﻮُﺳَﺭ
ﺎﻬَﺒَﻀْﻏَﺃ ْﻦَﻤَﻓ ﻰّﻨِﻣ ٌﺔَﻌْﻀَﺑ ُﺔَﻤِﻃﺎﻓ» :َﻝﺎﻗ
ﻰﻨَﺒَﻀْﻏَﺃ
“Фотима сарвари занони аҳли
биҳишт аст” “Фотима пораи тани
ман аст, ҳаркасе ки Ӯро ғазаболуд
кунад, маро ба ғазаб
овардааст” (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ.5,
саҳ.105, ҳадиси 255).
Ба ин тартиб ҷуз Фотимаи Заҳро
(саломуллоҳи алайҳо) бонуи
бузургворе, ки сарвари занони
биҳишт бошад, кист? Бо ин
маноқиб дар Қуръон ва ҳадис чӣ
гуна метавон дигаронро бо Ӯ
ҳамангу ҳамтароз донист?
(Роҳнамои ҳақиқат, Шайҳ Ҷаъфари
Субҳонӣ, саҳ.398 то 403).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев