Ҳамчуноне ки кофиронро гуноҳ аз ҳар тараф фаро гирифтааст, ҳамон гуна подошро хоҳанд дид ва ононро оташ аз ҳар тараф фаро хоҳад гирифт.
Чунончи дар ин маврид Худованди қодиру тавоно дар ин оятҳо мефармояд:
«Бистаре аз оташиҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташиҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунинҷазо медиҳем!»
(Сураи Аъроф, ояти 41)
Ва мақсади дар оят зикршуда он аст, ки кофиронро оташ аз боло ва поён фаро хоҳад гирифт.
Худованд мефармояд:
«Рӯзе, ки азоб аз болои сару зери пой онҳоро дарбар мегирад ва Худо мегӯяд: «Ба хотири аъмоле, ки мекардед, инак азобро бичашед».
(Сураи Анкабут, ояти 55)
Ва дар ҷои дигар мефармояд:
«Болои сарашон табақоти оташ аст ва дар зери пояшон табақоти оташ». Ин чизест, ки Худо бандагони худро ба он метарсонад. Пас, эй бандагони Ман, аз Ман битарсед!
(Сураи Зумар, ояти 16)
Ва дар ҷои дигар Худованд баён намудааст, ки оташ монанди деворест, ки дӯзахиёнро иҳота менамояд ва барои кофирон берун баромадан аз он девор амри ношуданист. Худованд мефармояд:
Бигӯ: «Ин суханиҳақазҷониби Парвардигори шумост.Ҳар кӣбихоҳад, имон биёварад ваҳар кӣбихоҳад, кофир шавад». Мо барои кофирон оташе, ки онҳамаро дар бар мегирад омода кардаем ва чун ба истиғоса(додхоҳӣ)об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки азҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешаванд, бихӯронан-дашон. Чӣбад обе ва чӣбад оромгоҳе!»
(Сураи Каҳф , ояти 29)
Ва дар оятсуродиқба маънои панҷара ва девор, ки он ҷоро иҳота менамояд, омадааст.(2)
Д)Шуъла задани оташдар дилҳо
Худованд мефармояд:
«Ҳаргизчуниннест,албаттаӯро дарҳутамаҳандозанд.Ва ту чӣдонӣ, киҳутамаҳчист? Оташи афрӯхтаи Худост, ки бар дилҳоғалаба меёбад».
(Сураи Ҳумаза, оёти 4-7)
Е)Банд ва занҷирҳои дӯзахиён
Худованд барои дӯзахиён қайдҳо ва занҷирҳо омода намудааст, ки мефармояд:
«Ҳароина, Мо барои кофирон занҷирҳовуғулҳо ва оташи афрӯхта омода кардаем».
(Сураи Инсон, ояти 4)
«Ҳароина, назди Мост бандҳои гарон ва Дӯзах ва таоме гулӯгиру азобе дардовар».
(Сураи Музаммил, оёти 12-13)
Ва он қайдҳо бар гарданҳои онон баста мешаванд. Худованд мефармояд:
«Забуншуморидашудагон бақудратмандон гӯянд: «Балки, шумо шабу рӯзҳила мекардед, он гоҳки моро фармон медодед, ки ба Худои барҳақкофир шавем ва бароиӮшариконеқарор диҳем!» Ва чун азобро бубинанд, дар дил пушаймонӣкунанд. Ва Моғулҳоро(тавқҳои азобро)бар гарданҳои кофирон бигузорем. Оё на чунин аст, ки дар баробари аъмолашонҷазо дода мешаванд?
(Сураи Сабо,ояти 33)
«Он гоҳки тавқҳоро ба гарданҳошон андозанд ва бо занҷирҳо бикашандашон».
(Сураи Ғофир, ояти 71)
«Ҳароина, назди Мост бандҳои гарон ва Дӯзах»
(Сураи Муззаммил, ояти 12)
Занҷирҳо дигар намуди азоб аст, ки ба онҳо гунаҳкорон баста мешаванд, ҳамчуноне, ки дар дунё гунаҳкорон бо онҳо баста мешаванд.
Ва дигар намуди азоб, ки дӯзахиён ба он гирифтор хоҳанд шуд ва Худованди субҳон дар каломи покаш аз он хабар додаст, ин аст:
«Бигиредаш ва занҷираш кунед! Ва баҷаҳаннамаш дароред! Ваӯро бо занҷире, ки дарозияшҳафтод зироъ(аз оринҷ то ангушт)аст бикашед!»
(Сураи Алҳоққа, оёти 30-32)
Ё) Шайтон ва маъбудони бехудоён дар оташанд
Худованд мефармояд:
«Шумо ва он чизҳое, ки азғайри Аллоҳ мепарастидед,ҳезумҳоиҷаҳаннамед. Шумо баҷаҳаннам хоҳед рафт! Агар онҳо худоён мебуданд, баҷаҳаннам намерафтанд ваҳол он киҳама дарҷаҳаннамҳамешагианд».
(Сураи Анбиё, оёти 98-99)
Ва инчунин мефармояд:
«Ҳар кас, ки аз ёди Худои Раҳмон рӯй гардонад, шайтоне барӯвобаста мекунем, киҳамешаҳамроҳаш бошад. Ва он шайтонҳо ононро,ҳароина, аз роҳи Худо боз мегардонанд, вале пиндоранд, киҳидоятёфтагонанд.То он гоҳки назди Мо ояд мегӯяд: «Эй кош, дурии ману ту дурии машриқу мағриб буд. Ва ту чӣбадҳамроҳе будаӣ». Чун ситам кардед. Он рӯз пушаймонӣҳаргиз суд накунад ва албатта,ҳарду дар азоб шарик бошед».
(Сураи Зухруф, оёти 36-39).... Давом дорад....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
Мо шуморо интизорем!