Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!
Савол:Муҳаммад (с) дар чӣ соле ба паёмбарӣ мабъус гардид?
Ҷавоб:40 солагӣ.
Савол:Аввалин ояти қуръонӣ, ки бар паёмбар (с) нозил шуд, чӣ буд?
Ҷавоб: “Иқра бисми рабикаллази халақ”.
Савол:Мавзеъгирии Хадиҷа (р) дар бораи он чӣ барои паёмбар (с) дар оғоз иттифоқ афтод, чӣ буд?
Ҷавоб:Фармуд: Қасам ба Худо, Худованд ҳаргиз туро дучори зиёну зарар ва осебу нороҳатӣ намекунад.
Савол:Мавзеъгирии Варқа (писари амаки Хадиҷа (р) нисбат ба он чи дар ғор барои Муҳаммад (с) пеш омад, чӣ буд?
Ҷавоб:Гуфт: ин (Ҷабраил (а) ҳамон маъмури ваҳйӣ аст, ки Худованд ӯро бар Мусо (а) нозил фармудааст.
Савол:Дар кадом оятҳо Худованд паёмбар (с)-ро ба инзори қавмаш амр мефармояд?
Ҷавоб:Ё аюҳал муддассир(1)қум фаинзир(2)ва раббака факаббир(3).
Савол:Аввалин се нафареро, ки нури ислом вориди дилҳояшон шуд, ном баред?
Ҷавоб:Хадиҷа, Абӯбакр ва Алӣ (разияллоҳу анҳумо).
Савол:Муҳаммад (с) дар оғоз чӣ тавр мардумро даъват мекард?
Ҷавоб:Афроди мавриди эътимод ва рознигаҳдорро ба сурати пинҳони даъват менамуд.
Савол:Ҷавоби Усмон ибни Аффон (р) ба амакаш, ки ӯро аз ислом боз медошт, чӣ буд?
Ҷавоб:Қасам ба Худо, ҳаргиз ӯро раҳо намекунам ва аз он ҷудо намешавам.
Савол:Номҳои сабқатгирандагон ё пештозон дар пазириши ислом аз аҳли байти паёмбар (с)-ро ном баред?
Ҷавоб:Хадиҷа Бинти Хувайлид, Алӣ Ибни Абутолиб, Зайд ибни Ҳориса ва Умми Айман Барка бинти Саълаба (разияллоҳу анҳумо аҷмаъин).
Савол:Собиқинеро, ки ба даъвати Абӯбакр (р) имон оварданд, ном баред?
Ҷавоб:Усмон Ибни Аффон, Зубайр, Абдураҳмон ибни Авф, Саъд ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ (разияллоҳу анҳумо аҷмаъин).
Савол:Муҳаммад (с) дар кадом макон собиқинро мулоқот мекард?
Ҷавоб:Дар хонаи Арқам ибни Абиларқам.
Савол:Бо кадом оят даъвати ошкор шуруъ шуд?
Ҷавоб:“Фасадаъ бимо туъмар ва ариз аннил мушрикин»
)
Савол:Пас аз он, ки Муҳаммад (с) даъваташро ошкор намуд, мавзеъгирии Қурайш чӣ тавр буд?
Ҷавоб:Муҳаммад (с) ро мавриди тамасхур, истеҳзо ва азияту озор қарор доданд.
Савол:Сарсахттарин касе, ки бештар аз ҳама ба паёмбар (с) иҳонату истеҳзо намуд, кӣ буд?
Ҷавоб:Абӯҷаҳл.
Савол:Се нафарро ном баред, ки Расулуллоҳ (с)-ро азият карданд?
Ҷавоб:Абӯҷаҳл, Умми Ҷамил (ҳамсари Абӯлаҳаб) ва Уқба ибни Абумуъит.
Савол:Кадом оят дар бораи истеҳзокунандагон ба Расулуллоҳ (с) нозил шуд?
Ҷавоб:“Инно кафайнака мустаҳзиин”.”.
Савол:Қуръон Валид ибни Муғйраро чӣ тавр тавсиф мекунад?
Ҷавоб:Ӯро ба аноду саркашӣ васф менамояд:“Каллла иннаҳу кона ли оётино анида”
Савол:Билол ҳангоми шиканҷа чӣ суханро такрор ба такрор мегуфт?
Ҷавоб:Аҳадун Аҳад.
Савол:Чӣ касе Билолро аз дасти касоне, ки ӯро шиканҷа мекарданд, озод намуд?
Ҷавоб:Абӯбакри сиддиқ (р) Билолро аз арбобаш харид.
Савол:Се нафаре, ки дар роҳи ислом ба сахтӣ шиканҷа шуданд, киҳо буданд?
Ҷавоб:Аммор, Хубоб ва Зиннйра.
Идома дорад....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев