Ба Худо ширк маварз, ки ширк, зулми бузурге аст.”[1] Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “(Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Луқмон ба фарзандаш – дар ҳоле, ки ӯро мавъиза мекард – гуфт: “Эй писаракам! Ба Худо ширк маварз.” Ҳамвора аз Худо парво кун ва ҳамеша ёди Худо, дӯстии Худо, тарс аз Худо ва умеди кушоише аз ҷониби Худоро дошта бош, зеро агар инҳоро бипазирӣ, Худо туро азиз мегардонад.”[2] Нақши аъмол дар сарнавишти инсон “(Луқмон ҳамчунин гуфт:) Писаракам! Агар ба андозаи вазнинии донаи хардале (кори нек ё бад) бошад ва дар дили санге ё дар (гӯшае аз) осмонҳо ва замин қарор гирад, Худованд онро (дар қиёмат барои ҳисоб) меоварад. Худованд бодиққат ва огоҳ аст.”[3] Дар китоби Ал-бидоя ван-ниҳоя ба нақл аз Ҳишом ибни Урва аз падараш омадааст: Луқмон (а) гуфт: “Ҳамонро дарав мекунед, ки мекоред.”[4] Дар Ал-ихтисос ба нақл аз Авзоӣ омадааст, ки Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Ту ҳамонро дарав мекунӣ, ки мекорӣ ва ҳамонеро ба даст меоварӣ, ки амал мекунӣ.”[5] Дар Ароис-ул-маҷолис ба нақл аз Суфёни Саврӣ мехонем: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Корҳои кӯчакро кам машумор, зеро фардои қиёмат онҳо бузург мегарданд.”[6] Дар Ал-ихтисос ба нақл аз Авзоӣ омадааст: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Ҳамоно ту саранҷом дар кафанат печида мешавию дар қабрат ҷой мегирӣ ва ҳамаи амалатро мебинӣ.”[7] Ва ҳам дар ҳамин китоб ба нақл аз Авзоӣ мехонем: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Рӯзи қиёмат замоне аст, ки осмон шикофта мешаваду дарҳам мепечад ва фариштагон дар сафҳое дар ҳоле ки аз Худо бимноканду бандагонро бо меҳрубонӣ дарбар гирифтаанд, нозил мегарданд ва ту вазифадор мешавӣ, ки аз пули сирот гузар кунӣ. Дар ин ҳангом амалатро мушоҳида мекунӣ ва тарозуҳои санҷиши амал барпо мегарданд ва девонҳо (номаҳои аъмол) кушода мешаванд.”[8] Корҳои бузург ва асосӣ “Писарам! Намозро барпо дор ва амри маъруфу наҳйи аз мункар кун ва дар баробари мусибатҳое, ки ба ту мерасад, шикебо бош, ки ин аз корҳои муҳим аст.”[9] Дар Иршод-ул-қулуб аст, ки мехонем: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Мабодо хурӯс аз ту зарангтар ва муроқибтар бар намозҳо бошад! Магар онро намебинӣ, ки ҳангоми ҳар намозе бонг мезанаду саҳаргоҳон дар ҳоле ки ту дар хобӣ, бо садояш вақтро эълон мекунад?”[10] Ва ҳам дар ҳамин китоб омадааст: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Ҳаргоҳ намоз мехонӣ, онро намози видоъ қарор деҳ, ки гумон дорӣ баъд аз он ҳаргиз зинда нахоҳӣ монд. Ва аз узртарошӣ барои тарки намоз бипарҳез, зеро узр овардан аз кори хайр, маъно надорад.”[11] Дар Ал-мавоиз-ул-ададия омадааст: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Дар сахтӣ бовиқор ва дар гирифториҳо шикебою дар осоиш сипосгузор ва дар намоз фурӯтану ба сӯи намоз шитобон бош.”[12] Дар ривоят аст, ки Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Рӯзае бигир, ки шаҳвататро қатъ кунад ва рӯзае магир, ки аз намозат туро манъ кунад, зеро намоз назди Худо аз рӯза маҳбубтар аст.”[13] Дар тафсири Сулламӣ мехонем: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Намозро барпо дор ва амри маъруфу наҳйи мункар кун ва аз худат оғоз кун ва бар сахтиҳое, ки ба ту мерасад шикебо бош, зеро ин кор подошҳоро дар пай меоварад.”[14] Хатари такаббур ва ғурур “(Писаракам!) Бо беэътиноӣ аз мардум рӯй магардону мағрурона бар замин роҳ марав, ки Худованд ҳеҷ мутакаббири мағруреро дӯст надорад.”[15] Дар Ал-ихтисос ба нақл аз Авзоӣ омадааст: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Мутакаббирона дар рӯи замин роҳ марав, зеро заминро наметавонӣ бишкофӣ ва ба баландои кӯҳҳо намерасӣ.”[16] Ва ҳам дар ҳамин китоб ба нақл аз Авзоӣ омадааст: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Зӯргӯӣ ва такаббуру тафохурро аз худ дур кун ва бидон, ки ту оқибат дар қабр сокин хоҳӣ шуд.”[17] Ва ҳам дар ин китоб ба нақл аз Авзоӣ мехонем: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Аз зӯргӯӣ ва такаббуру тафохур бипарҳез, вагарна бо Иблис дар хонааш ҳамсоягӣ кунӣ!... Эй писаракам! Бидон, ки ҳар кас бо Иблис ҳамсоягӣ кунад, ҳамоно дар сарои хорию пастӣ қарор мегирад, ки дар он маргу зиндагӣ нест.”[18] Боз ҳам дар китоби номбурда ба нақл аз Авзоӣ омадааст: Луқмон (а) ба писараш гуфт: “Эй писарам! Вой бар касе ки зӯр гӯяду такаббур варзад! Касе ки аз гил офарида шудаасту ба гил бармегардад ва намедонад, ки ба куҷо хоҳад рафт, чӣ гуна худро бузург мешуморад?! Ё ба биҳишт меравад, ки дар ин сурат растагор аст, ё ба ҷаҳаннам, ки дар ин сурат ошкоро зиён карда бадбахт шудааст.”[19] Ором қадам бардоштан ва оҳиста сухан гуфтан “Ва дар роҳ рафтан миёнарав бош ва садоятро оҳиста соз, ки бадтарини овозҳо бонги харон аст.”[20] Дар тафсири ин оят омадааст: “Ва дар роҳ рафтани худ миёнарав бош”, яъне шитоб накун. “Ва садоятро оҳиста соз”, яъне онро баланд накун, “ки бадтарини овозҳо бонги харон аст”.[21] Дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён омадааст: “Ва дар роҳ рафтани худ миёнарав бош”, яъне роҳ рафтанатро миёна ва монанди роҳ рафтан дар ҳоли оромишу виқор қарор деҳ, монанди ин сухани Худо: “Касоне ки дар рӯи замин ба нармӣ қадам мебардоранд”.[22] Қутода мегӯяд: “Маънои он чунин аст: дар роҳ рафтанат фурӯтан бош.”[23] Саид ибни Ҷубайр мегӯяд: “Дар роҳ рафтанат фиребкорӣ накун.”[24] “Ва садоятро оҳиста соз”, яъне ҳаргоҳ Худоятро хондӣ ва муноҷот намудӣ, садоятро паст кун.[25] Ва гуфта шудааст, ки яъне фарёд назан ва садоятро фурӯ бибар ва онро баланду кашида накун.[26] Дар хусуси ин оят, ки: “Ки бадтарини овозҳо бонги харон аст”, аз Қутода нақл шудааст, ки яъне зишттарини садоҳо овози хар аст, ки оғози он ар-ар, нафаси баланд барои ар-ар ва поёни он нафас фурӯ бурдан барои ар-ар аст.[27] Аз Зайд ибни Алӣ ривоят шуда, ки гуфт: Манзур, баровардани садои хар тавассути мардум аст ва онҳо, (ки чунин садоҳое аз худ меоваранд), нодонҳо ҳастанд, ки Худованд онҳоро ба хар ташбеҳ кардааст, чунон ки дар ояти дигаре ононро ба чорпоён ташбеҳ фармудааст: “Онон монанди чорпоёнанд”.[28] Дар ривоят аст, ки: Манзур аз он, атсаи баланду зишт аст ва мард садояшро барои сухан гуфтан ба зиштӣ баланд мекунад, магар он ҳангоме ки дуо кунад ё Қуръон бихонад.[29] Кимиёи саодат [1] Сураи Луқмон, ояти 13. [2] Ҳикматномаи Луқмони Ҳаким. [3] Сураи Луқмон, ояти 16. [4] Ҳикматномаи Луқмони Ҳаким. [5] Ҳамон манбаъ. [6] Ҳамон манбаъ. [7] Ҳамон манбаъ. [8] Ҳамон манбаъ. [9] Сураи Луқмон, ояти 17. [10] Ҳикматномаи Луқмони Ҳаким. [11] Ҳамон манбаъ. [12] Ҳамон манбаъ. [13] Ҳамон манбаъ. [14] Ҳамон манбаъ. [15] Сураи Луқмон, ояти 18-19. [16] Ҳикматномаи Луқмони Ҳаким. [17] Ҳамон манбаъ. [18] Ҳамон манбаъ. [19] Ҳамон манбаъ. [20] Сураи Луқмон, ояти 19. [21] Ҳикматномаи Луқмони Ҳаким. [22] Сураи Луқмон, ояти 63. [23] Ҳикматномаи Луқмони Ҳаким. [24] Ҳамон манбаъ. [25] Ҳамон манбаъ. [26] Ҳамон манбаъ. [27] Ҳамон манбаъ. [28] Сураи Аъроф, ояти 179. [29] Ҳикматномаи Луқмони Ҳаким
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев