Дусти азизам! ту бештар аз ду шабро дар зиндагият таҷриба нахоҳӣ кард. Шабе бо хонавода ва дустонат дар хандаву шодӣ ва дар тансиҳатӣ , дар хушӣ ва сархушӣ ба ханда ва шаби дигар аввалин шаби қабр, ки дар хавфу ҳарос аз саволу ҷавоб. Шаби танҳоӣ ва беҳамсару фарзандон. Оре, аввалин шаби қабр. Шабе, ки шиддати он қомати олимони раббонӣ ва бузургонро хамида кардааст ва қалбашонро ба тапиш водоштааст. Шабе, ки паёмбарон ва фариштагони Худоро ба шикояту зорӣ кашондааст. Шабе, ки агар туро тарсонданд ва амалҳоятро напазируфтанд, бидон, ки бечора ва бадбахт шудӣ . Шабе, ки сарнавишти доимии туро муайян хоҳад кард. Шабе, ки субҳи он қиёмат аст ва тулуъи хуршедро дигар дарбар надорад.
" إذا أمسيت فلا تنتظر الصباح و إذا أصبحت فلا تنتظر المساء "
«Агар шаб кардӣ ба интизори субҳ мабош ва агар субҳ бедор шудӣ ба интизорӣ шаб маншин».
АВВАЛИН ШАБИ ҚАБР, ШАБИ ВАҲШАТ Ё ШАБИ РОҲАТ.
Шабе, ки дигар бар ту муаззин барои намози субҳ азон нахоҳад гуфт. Дигар аз нидои «Ассалоту хайрун минан навм» (яъне намоз беҳтар аз хобаст) хабаре нест. Шабе, ки муаззини субҳи он Исрофил аст. Чун у нидо барорад устухонҳои пусида аз ҷо бархезанд ва ба дарбору мақоми Парвардигори оламиён рост истанд.
" و تركنا بعضهم يومئذ يموج في بعض و نفخ في الصور فجمعناهم جمعاً "
« Ва бигузорем баъзеи онҳоро он руз, ки дарҳам омезанд дар баъзеи дигар ва дамида шавад дар сур пас баҳам орем онҳоро баҳам овардание». Сураи « Каҳф» ояти 99. Оре, намозу руза тамом шуд. Дигар саҳархезию ифторе вуҷуд надорад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1