Ин ҳамон лаҳзаҳое ҳаст, ки борҳо олимон аз он сухан гуфтаанд. Ҳамон лаҳзаҳое, ки Қуръон бар вуқуъи он таъкид кардааст: «Ҳама нафс чашандаи марг аст.» Марг яъне поёни ҳама хушиҳо ва лаззатҳо, ҳама ранҷҳо ва мусибатҳо, поёни ҳама умедҳо. Гумон кун, ки Малакул мавт руҳи туро аз ҷасадат хориҷ кардааст ва акнун ҷасаде беш нестӣ . Туро ғусл дода, аҳлу иёл бар ту гиря мекунанд. Ту низ гиряи онҳ оро мебинӣ ва мешунавӣ . Аммо қудрат бар гуфтан ва ҳаракат надорӣ . Чан соати дигар туро ба қабристон мебаранд. Ҷое, ки аз онҷ о нафрат доштӣ ва гурезон будӣ . Локин қабр интизори туст. Он чуқуриро барои каси дигар ба ҷуз ту накандаанд. Аввалин чизе, ки бар зеҳнат хоҳад омад, танҳоӣ ва бемунис будани туст. Дигар дусте нест бо ту сухан бигуяд ва ту бо у шухӣ кунӣ . Ба ростӣ , ки танҳоӣ сахт аст ва бадтар аз он ин, ки ҳамешагӣ бошад. Оре, мешавад ҳамаи ин мусибатҳои дар пеш бударо осон кард. Он тавре мешавад осон кард, ки дигар дар қабр эҳсоси танҳоӣ накард ва аз саволи Мункару Накир ва торикӣ ва азоби қабр дар амон буд. Инчунин мумкин аст инсон бо худ сохтмон ва сарвату мол ба дохили қабр бибарад, ки болотарин сарват ва дороӣ имон аст ва беҳ тарин мунис дар қабр яқ ин ба раҳматҳои Худо баъд аз марг аст. Имруз метавон ҳар кореро анҷом диҳӣ . Ҳар гуноҳеро муртакиб шавӣ . Ҳар молеро ба зур соҳиб шавӣ ва касе монеа нашавад ва туро таъқиб накунад. Аз мансабат истифода бурда дастури қатли ҳар инсони бегуноҳеро содир кунӣ ва аз ту касе савол накунад. Моли ҳар ятим ва бечораеро бихурӣ ва касе ҷуръати ҳарф задан надошта бошад. Ҳар ҷиноятеро муртакиб шавӣ ва дар пайи ту набошанд… Вале марг поёни ҳамаи қудратҳост.
" وَجَاءَتْ سَكْرَةُ الْمَوْتِ بِالْحَقِّ ۖ ذَٰلِكَ مَا كُنتَ مِنْهُ تَحِيدُ "
«ВА биёмад сакароти марг ба ростӣ . Ин аст он чи аз он
мегурехтед» сураи «Қоф» ояти 19.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1