Рузе як яҳудии кофир ба қасди
куштани ҳазрати Муҳаммад (с)
ба шаҳри Мадина омад .Ин кофир чунон афти
безеб дошт, ки касе агар ӯро медид метарсид. Ӯ
дар даст шамшер ба роҳ баромад. Дар роҳ
ҳазрати Умар (р)ин кофирро дида гуфт;аз афтат маълум, ки кофир ҳастӣ, дар ин сарзамине ки
мусулмонҳо зиндагӣ мекунанд ту чи кор мекунӣ?
Кофир гуфт, ки барои куштани Муҳаммад
(с)омадаам. Ҳазрати Умар(р) тоқати шунидани
ин гуна суханҳоро надошт ва ӯ аз падар модар
ва аз ҳамаи чиз дида Муҳаммад (с)- ро дӯст медошт. Модоме ки марди боқуввату боғайрат
буд, кофирро афтонда,шамшерашро
гирифта,дасту пояшро баста ба масҷид овард ва
ба назди Муҳаммад (с) омада гуфт; як мард қасди
куштани шумо(с)-ро кард, мо бо ӯ инчунин
муоимила кардем. Ҳазрати Муҳаммад (с) дарҳол хеста ба назди он кофир омаданд ва диданд, ки
дар як кунҷи масҷид дасту пояш бастагӣ хоб
рафтааст. Саҳобаҳоро гуфтанд, ки ба ӯ ғизо
додед? Умар ҳайрон шуд, ки чаро ӯ қасди ҷони
шумо мекунад ва мо чи гуна ӯро ғизо диҳем?
Ҳазрати Муҳаммад (с) гуфтанд, ки биривед аз хонаи ман барои ӯ шири тоза биёред. Пас аз
чанд вақт бо амри он ҳазрат(с) шир оварданд ва
кофирро ғизо доданд ва ӯ сер шуд. Ҳазрат (с) боз
гуфтанд, ки дасту пояшро кушоед, то ки
баромада равад. Вақте ки дасту пояшро
кушоданд, ҳазрати Умар (р)ба кофир гуфт; модоме ки Расулуллоҳ ба ту ин гуна муомилаи
хуб кард, бигу ”Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу
ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва
расулуҳу". Кофир гуфт; не намегӯям. Ҳазрати
Муҳаммад (с) гуфтанд, ки ӯро озод кунед, то ки
равад . Он марди кофир камтар дур шуд ва боз аз шаҳр гашта ба назди онҳо омад ва гуфт;
”Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду
анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳу". Ҳазрати
Умар(р) аз ӯ пурсид, ки чаро ҳангоме, ки ман
гуфтам имон наовардӣ? Марди яҳудӣ гуфт; агар
он вақт имон меовардам, шумо фикр мекардед, ки аз тарси шамшер аст, аммо ин имоне, ки ман
овардам аз рӯи ахлоқу одоби Муҳаммад (с)
мебошад...ДУСТОНИ АЗИЗ АГАР ШУМО ХОҲЕД ЧУНИН ҚИССАҲО БО МО ПАЙВАСТ ШАВЕД ИНШОАЛЛОҲ ПУШАЙМОН НАМЕШАВЕД .. ok.ru/group/52361992339545
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2