мавло гузарад,
Моҳии ташналаби мурдаи дарё
гузарад.
Олами рӯйхунук гармӣ ба ҷуз ишқ
надошт,
Ҳайфи умре,ки дар ин ларзиши
сармо гузарад.
Дари фирдавс кушода,ту ба дӯзах
моил,
Оқил он аст,сӯи ҷаннати аъло
гузарад.
Дун бигӯяд манаму ишқ бигӯяд ба
ман ой,
Мард он аст,ки бар ишқ зи дунё
гузарад.
Ҳама дар шӯриши ғавғои ҷаҳон дар
ғафлат,
Оқилона хирад аз ҳодиси дунё
гузарад.
Ишқ хонӣ сабақ аз дафтари офоқ
махон,
Хуни дилхӯр магар аз дарси
муъаммо гузарад.
Кори гардун ҳама дар офати
саргардонист,
Толиби ҳақ магар аз гунбади ҳазро
гузарад.
Дида бе рӯи гулаш ҷуз алами хор
чӣ дид?
Ҳайфи он умр,ки бе ӯ ба тамошо
гузарад.
Ошиқон аз ғами ӯ мусҳафи дил
мехонанд,
Толиби бодаи ӯ ҷониби мино
гузарад.
Лоларо дидӣ,бикун нола ба доғи
дили мо,
Ҳар баҳоре,ки Ҷунун,лолаи бе мо
гузарад.(Маъдан-ул-ҳол)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1
https://ok.ru/group/54787682533459
Ҳамроҳ шавед. Пушаймон нахоҳед шуд