Предыдущая публикация
гузарад
Ба гирифтории дунёву ба кулфат
гузарад.
Хуш ҳамон умр, ки дар сӯҳбати
мардони худо,
Бо худоҷӯӣ ба ҳар аҳли муҳаббат
гузарад.
Ба забон зикру ба дил фикри
шуҳуди зоташ,
Ба ҳузури дилу дар гармии сӯҳбат
гузарад.
Дил ба огоҳию тан қоими меҳроби
суҷуд,
Ин чунин то дами охир ба ибодат
гузарад.
Чун саги Каҳф муқими дари
мардони худо,
Завқи сармасти майю касби
тариқат гузарад.
Дили гулхангаҳе ошиқ кабобе
карда,
Ба ҷигардарду ба рухи зарду
риёзат гузарад.
Ҳолати ҷазбу дами завқ ба савдои
Ҷунун,
Гиряву зор ба андӯҳи қиёмат
гузарад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев