саргардон шавам?
То ба кай дилрешу дилхун аз
гами хичрон шавам?
Фасли пири н-омада, то кай
дар ин мулки гариб,
Сер аз умри азизу дилбазан аз
чон шавам?
То ба кай аз мулки худ дурам
зи бахри обу нон?
Ин суоламро надонам аз ки
ман пурсон шавам.
То дар ин шахри гариби зору
саргардон шудан,
Бехтар он, ки рафта андар
дехи худ чупон шавам.
То ба дасти золиме бо хори
мурдан, бех бувад,
Куштаи тири нигохи он
сияхмижгон шавам.
Мекашам аз дарди хичрон
рузу шаб фарёдхо,
Хар гахе, ки модари рахдурро
пазмон шавам.
Ман, ки хастам зодаи куху
камархои Ватан,
Пас, намехохам, ки берун аз
Ватан курбон шавам.
Дил хамехохад, ба руи сангу
хоки кишварам
Дар зимистон барф бошам,
дар бахор борон шавам.
Эй Худо, неру бубахшо ту ба
чисму чони ман,
То ба дарди халки саргардони
худ дармон шавам.
Хамчу Яъкуб то ба кай аз
хасрати руи Юсуф
Сокини майхонаю хам кулбаи
эхзон шавам?
Ман намемонам шавад халки
диерам дар ба дар,
Гар замоне пахлавон чун
Рустами Дастон шавам.
Кухзоди Фатхулло
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2