Предыдущая публикация
Пеши чашм орам саҳаргаҳ чашми дарёи туро.
Аз раҳе, ки чида-чида пой бигзорӣ, ба дил
Чида-чида бигзарам нақши қадамҳои туро.
Ваъдаи имрӯзу фардоят маро девона кард,
То чӣ хоҳад шуд, чу бинам рӯи фардои туро.
Қасди ман ин аст аз дунёи ишқу ошиқӣ,
То бикӯчонам ба шеъри хеш дунёи туро.
Афканам то гӯр бори зиндагониро зи дӯш,
То ба гӯр аммо барам сарбори савдои туро.
[1986]
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев