Ҳар яке дар ғаму фикри хеш хастем!
Ҷавоне бемор гашту дар беморхона бистари гашт. Духтурон ба волидайнаш гуфтанд, ки умри ин фарзандатонро моҳе боқист ё камтар. Уро ба хонаатон бубареду то рузи маргаш нигоҳубин намоед. Ночор волидайн уро ба хона бурданд.
Руз ба руз аҳволи он ҷ авон бадтар шудан мегирифт. Волидону наздикон боз духтурро даъват намуданд то уро доруҳои дард гумкунанда намояд. Духтур сузандору гузарониду боз ҳам гуфт, ки аҳволи у вазнин аст. Мумкин якчанд рузе аз умраш боқи бошад.
Оҳу нолаи сахте аз синаи волидону зану фарзанду наздиконаш атрофро фаро гирифт. Чун ин овоз ба гуши
ҷ авон расид дарк кард, ки инак марг наздик аст. У волидайну наздиконашро наздаш даъват кард. Сипас хоҳиш кард то уро нишонанд.
Чун уро нишонданд ба суи падар нигаристу ашкҳои чашмони уро дида аз у пурсид:
- Барои чи мегирйи падар? Сабаби ин гиряву фиғони кардаат чист? Ба ман росташро бигу!
- Ҷони падар! Ман аз он мегирям, ки туро аз даст медиҳаму танҳо мемонам!- ҷ авоб гуфт падар.
Сипас ҷ авон ба суи модар нигаристу аз у пурсид:
- Эй модари ман! Барои чи гиря мекуни? Чист сабаби гиряиву нолаи ту?
-Ай ҷ игарбандам! Ман аз ғами он мегирям, ки фироқи туро натавонам таҳаммул кард. Ғам
кам кам маро аз дохил нобуд месозад. – ҷ авоб гуфт модар.
Ҷавон ба занаш нигаристу аз у низ пурсид:
- Чи туро гирён кардаст эй
ҳамсари ман?
- Ман аз он сабаб мегирям, ки аз ин пас он ҳама некиҳову меҳру муҳаббати ту бароям намерасад. Чун туро ёд кунам, наёбамат дар дунё!- ҷ авоб гуфт
ҳамсараш.
Ҷавон ба суи фарзандони худ ки хурдсол буданд нигаристу аз онҳо пурсид:
- Чаро шумо ашк мерезед эй фарзандони ман?
- Аз он сабаб, ки мо ятим хоҳем монд. Пас аз марги ту мо бепадар хоҳем монд!Ин бароямон душвор хоҳад буд.- ҷ авоб гуфтанд фарзандон.
Чун аз ҳама наздикон ҷ авони бемор ҷ авоб гирифт худ сар поин карду бо овози баланд бигрист. Волидайну наздиконро аз чунин гиряи ҷ авон дилҳо реш реш гашту уро ором карданд ва аз у пурсиданд:
- Сабаби ин гиряву фиғони ту дар чист?
Ҷавон ҳар якеро назар андохту
ҷ авоб гуфт:
- Дидед? Ҳар яки шумо дар ғами худатон ҳастед, ки аҳволатон чи мешавад пас аз марги ман!
Ҳамин тавр не? Аммо оё нафаре аз шумо ғами онро мехуред, ки ман чи тавр бо дасти холи назди Холиқи худ сафар хоҳам кард? Аҳволи ман чи мешавад?
-Эй волидайнам! Магар шумо намегуфтед, ки аввал бихонам, кори хуб ёбам? Ҳама роҳҳои зиндагиро бароям нақшакаши карда будед! Ҳама роҳҳоро -ғайри рохи «на ҷ от»-ро!
Шумо будед, ки мегуфтед ҳоло фурсат барои тоъату ъибодат меёби. Пас ку ҷ о шуд он гуфтаҳои шумо? Оё назди Холиқам дипломи донишгоҳу ҷ оҳу мансаби имруза доштаам кор меояд?
Магар намешуд маро насиҳат мекардед ки:
- Писарам ҳам ъилми дуняви бихон ва ҳам ъилми Исломи. Ҳам
ин дунёатро обод намо ва ҳам аз обод намудани «охирати худ» фаромуш накун!
- Ай ҳамсари ман!Оё аз он ҳама молу матоъ ва мошину пулҳои доштаам ман бо худ дар ин сафар бурда метавонам ё хайр? Албатта наметавонам! Ту ҳам шояд як муддат ғам хури ва рузе
маро фаромуш сози. Аммо дар паи гирд овардани ин молу пул ман аз ҷ амъоварии «тушаи охират» фаромуш карда будам – чаро ту маро боре ёдрас накарди?
-Эй фарзандони ман? Аз барои шумо шуда ман шабу руз кор мекардам то аз чизе кам набошед. Аммо ин лаҳза шумо дар фикри онед, ки пас аз ман аҳволатон чи мешуда бошад.
ҳазорон ятимонро Худованд ризку рузи медиҳад-шумо ҳам гуруснаву ташна нахоҳед монд!
Сипас у ба волидайну наздикон мурочиат намуд:
- Акнун ҳама дидед, ки на молу пул ва на мансаб имрузу ин соат барои ман ки сафари Охират дорам кор наояд. Пас воооой бар ҳоли ман, ки имруз аз тоъату ъибодат ва хайру саховат барои фоидаи худ тушае надорам ва назди Холиқам шояд шармандаву расво хоҳам гашт. Ин аҳволи маро бубинеду ъибрат бигиред!
Аз ҳамаи шумо илтимосе дорам! Маро гузоред то он соатҳое, ки бароям боқист аз Худованд бахшиши гуноҳҳо талабам. Каме ҳам бошад ъибодат кунам, ашки ҳасрат бирезам. Имрузу соат китоби
Қурьоне ҳе ҷ не бо ҳарфҳои кирили ба дастам бидиҳед то каломи Холиқамро бихонам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев