Ҳазрати Абу Талҳа (р) рӯзе дар боғи худ намоз мехонд. Дар он вақт як парранда ба ҳаво парвоз кард, азбаски барги дарахтони боғ бисёр дарҳам печида буд, парранда натавонист, ки ба зуди барояд. Гоҳе ба ин тараф ва гоҳе ба он тараф парвоз мекард, то ки аз боғ барояд. Дар ин вақт нигоҳи ҳазрати Абу Талҳа ба тарафи парранда афтид. Ба ҳар тарафе, ки парранда мепарид, нигоҳи ӯ ба ҳамон тараф мегашт. Дар ин ҳол ногаҳон дар ёдаш омад, ки ман дар намоз ҳастам, аммо надонист, ки ин кадом ракат аст. Бисёр ғамгин шуда гуфт, ки ин мусибат аз ҷиҳати ин боғ бар болои ман омад, ки намозро фаромуш кардам. Баъд аз он дар ҳол ба назди расули Худо (с) рафта, тамоми саргузашти худро арз кард, ки аз ҷиҳати боғ ин мусибат бар болои ман омад, пас аз ҳамин ҷиҳат ин боғро дар роҳи Аллоҳ(ҷ.ҷ) медиҳам, дар куҷое, ки шумо мехоҳед дар он ҷо инро сарф намоед.
Фоида: Ин ғайрати имондорӣ аст, ки аз ҷиҳати бе фикрӣ дар як амри муҳим ба монанди намоз ӯ боғи худро ба як дам роҳи Худованд садақа карданд. Ҳазрати Шоҳ валиюллоҳ Деҳлавӣ (раҳ.) дар китоби худ, ки дар бораи ақсоми нисбатҳои суфиёи киром навишта карда аст, дар он китоб дар ин бора менависад, ки ин як нисбате аст, ки муқаддам доштани итоъати Аллоҳ( ҷ.ҷ.)дар тамоми дигар чизҳо ва барои он кӯшишу ғайрат кардан аст. Ба ҳамин хотир дар
он ҳазратҳо ба ин амр ғайрат омад, ки чаро дар вақти ибодати Аллоҳ(ҷ.ҷ.) мо ба сӯи дигар чиз нигоҳ кардем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев