Имом Шаъбӣ рӯзе Қозӣ Шурайҳро диду аз ҳолу авзоъи хона ва зиндагиаш пурсон шуд. Қози Шурайҳ дар ҷавобаш гуфт: Бист сол мешавад, ки бо хамсарам зиндагӣ дорам, вале то ҳол кореро аз вай надидаам, ки маро ба ғазаб оварда бошад.
Имом Шаъбӣ боз пурсид: «Чӣ тавр?» Қози Шурайҳ гуфт: «Аз ҳамон шаби арусӣ чун бар вай даромадам, ӯро соҳибҷамол ва бисёр зебо ёфтаму ба худ гуфтам: «Бояд таҳорат намуда, ду ракъат намози шукр барои Аллоҳ таъоло гузорам. Вақте аз намоз фориғ шудам, дидам, ки занам мисли ман намоз гузорида, салом дода истодааст».
Чун ҳама хешовандон ва дӯстон бирафтанд, наздаш омада, даст ба сӯаш дароз кардам. Ҳамсарам гуфт: «Шитоб макун Абӯумайя, сипас афзуд: «Ситоиш Худойрост, ки факат Ӯро ҳамду сано мегӯем ва аз Ӯ ёриву мадад мехоҳем ва дуруду саломҳо бар Муҳаммад (с) ва оли ӯ. Ҳамоно банда зани ноошно ҳастам, ки ахлоқу атвори шуморо намедонам. Аз ин рӯ, ҳар ончи, ки хӯш дорӣ, маро огоҳ кун, то онро ба ҷо оварам ва ҳарчизеро намеписандӣ, огоҳам соз, то аз он парҳез намоям».
Ҳамчунин илова намуда гуфт: «Бидунни шакку шубҳа аз қавму қабилаи худатон занҳое ёфт мешуданд, издивоҷ намоӣ ва низ ман ҳам аз қавми ақориби худ марде муносиби худ меёфтам, ки ба шавҳар бароям. Вале қазову қадари илоҳӣ бар ин рафта, ки мо бо ҳам издивоҷ намудем ва дар ҳақиқат ту соҳибу сарпарасти ман гардидаӣ, пас ончиро, ки Хақ таъоло амрат карда, ба ҷо биёвар, ё сарпаристии хуб кун, ё ба ҳусну накӯӣ роҳамро боз кун. Тамоман гуфтаниҳоямро баён кардам ва аз худованд барои худ ва шумо талаби омурзиш менамоям».
Қозӣ Шурайҳ мегӯяд: «Эй Шаъби валлоҳи, ӯ дар ҳамин мавқеъ ба хутба хондан водорам сохт, ки ман ҳам дар навбати гуфтам: «Ситоишу сано барои Аллоҳ таъолост, ки танҳо Ӯро ҳамд мегӯем ва аз Ӯ дархости мадад менамоем ва бар равони Муҳаммад (с) ва оли ӯ салоту дурудҳо мефиристам, аммо баъд: Воқиан, шумо суханҳое гуфтед, ки агар сидқан ба онҳо побанд бошед, бар зиёни худатон далелу бурҳон мешаванд. Фалон корҳоро дӯст медорам ва аз фалон корҳову хислатҳо нафрат дорам. Ҳар амали некамро дидӣ, ошкораш кун ва корҳои баду хатоамро бипӯш».
Ҳамсарам гуфт: «Нисбати рафту омади хешу таборам чӣ фикр дорӣ? Гуфтам: «Дӯст намедорам, ки хешу табори зан маро бо зиёратҳову рафту омади зиёд хаста созанд». Боз пурсид: «Аз ҳамсояҳо киро меписандӣ, ки ба ҳавлиат дарорам ва киро дӯст намедорӣ, ки аз дароварданаш парҳез намоям?» Гуфтам: «Фарзандони фалон қавм одамҳои солеҳу накӯкор ҳастанд ва фалон авлод одамҳои бад мебошанд».
Қозӣ Шурайҳ меафзояд: «Бо вай беҳтарин шабҳо ба поён бурдам ва як соли тамом ҳамроҳаш зиндагӣ кардам, ҷуз хайру некӣ ҳеҷ чиз надидам. Баъд аз як сол рӯзе аз додгоҳ омадам. Занеро дар хона дидам. Гуфтам: Ин кист? Гуфт: «Хушдоманат аст». Пас ӯ ба тарафам рӯ оварда пурсид: «Ҳамсаратро чӣ гуна дарёфтӣ?» Гуфтам: «Беҳтарин ҳамса»р. Гуфт: «Эй Абӯумайя, зан дар ду сурат бисёр бад мегардад. Яке ин ки писаре тавалид кунад, ё инки писанду мақбули шавҳараш гардад. Савганд ба Худо, барои мардон🤲
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев