🍒
Ман як чизро медонам. Оё ту инро фаҳмидан мехоҳӣ? ~ Канӣ ба дастат нигоҳ кун. Панҷаҳои дастатро ба ҳаракат дарор. Акнун ягон чизро гир. Бо дастонат ту бисёр корҳоро карда метавонӣ ва онҳо ёрдамчии хубанд. Оё ту медонӣ, ки дастони моро кӣ офаридааст? ~
Ҳа, ин ҳамон Шахсест, ки даҳон, бинӣ ва чашмонамонро офаридааст. Ин Худо, яъне Падари Устоди Бузург аст. Оё ту хурсанд нестӣ, ки Худо ба мо чашм додааст? ~ Бо чашмонамон мо бисёр чизҳоро дида метавонем, масалан, гулҳои зебо, алафи сабз ва осмони кабудро. Баъзан бошад, мисли писарчае, ки дар расм кашида шудааст, мо ҳатто чумчуқчаҳои гушнаро дида метавонем. Вақте мо чизҳои аҷоибу гуногунро мебинем, мо аз ин бисёр хурсанд мешавем, ҳамин хел-не? ~
Лекин ҳамаи ин чизҳоро кӣ офарид? Оё онҳоро ягон одам сохт? Не. Одамон хона сохта метавонанд. Вале ягон одам алафи сабзро офарида наметавонад. Ҳамчунин одам чумчуқча, гул ё дигар чизҳои зиндаро офарида наметавонад. Оё ту инро медонистӣ? ~
Бале, ҳамаи ин чизҳоро Худо офарид. Худо осмону заминро сохт. Ҳамчунин Ӯ одамони аввалин — Одаму Ҳавворо офарид. Ва Устоди Бузург дар бораи ин таълим медод (Матто 19:4–6).
Аммо Исо аз куҷо медонист, ки мард ва зани аввалинро Худо офаридааст? Вақте ки Худо онҳоро офарид, оё Исо инро дида буд? ~ Албатта, чунки он вақт Исо бо Худо буд. Исо аввалин шахсест, ки Худо ӯро офарид. Вай дар аввал фаришта буд ва дар осмон бо Падари худ зиндагӣ мекард.
Аз Китоби Муқаддас мо мехонем, ки Худо ба касе чунин гуфт: «Одамро меофарем» (Ҳастӣ 1:26). Оё ту медонӣ, ки Худо ин суханонро ба кӣ гуфта буд? ~ Ба Писараш. Ӯ инро ба шахсе гуфт, ки баъдтар ба замин омад ва ӯро Исо номиданд.
Оё ин аҷоиб нест? Камтар истода фикр кун. Агар Исоро гӯш кунем, мо аз шахсе таълим мегирем, ки дар вақти офаридани замин ва ҳамаи чизҳои дигар бо Худо буд. Исо бо Падараш дар осмон якҷоя кор карда, бисёр чизҳоро ёд гирифт. Барои ҳамин, Исо Устоди Бузург шуд!
Ба фикри ту, оё Худо пеш аз офаридани Писараш аз танҳоӣ зиқ мешуд? ~ Не, Ӯ танҳоӣ ҳис намекард. Пас барои чӣ Худо чизҳои дигари зиндаро офарид? ~ Барои он ки Ӯ Худои пур аз муҳаббат аст. Ӯ мехост, ки дигарон ҳам зиндагӣ кунанду аз ҳаёт хурсандӣ гиранд. Аз ин рӯ, мо бояд ба Худо барои ҳаёти додагиаш миннатдор бошем.
Ҳамаи офаридаҳои Худо муҳаббати Ӯро нишон медиҳанд. Худо офтобро офарид. Офтоб ба мо равшанӣ ва гармӣ медиҳад. Агар офтоб намебуд, ҳама чиз ях мекард ва ҳаёт дар рӯи замин намебуд. Магар ту аз он ки Худо офтобро офарид, хурсанд нестӣ? ~
Худо ҳамчунин ғамхорӣ кард, ки аз осмон борон борад. Мумкин баъзан боридани борон ба ту маъқул нест, чунки ту дар он вақт дар берун бозӣ карда наметавонӣ. Лекин борон барои шукуфтани гулҳо ёрӣ медиҳад. Барои ҳамин, вақте ки гулҳои хушрӯйро мебинем, мо бояд аз кӣ миннатдор бошем? ~ Аз Худо. Ва вақте ки меваю сабзавотҳои бомаззаро мехӯрем, мо ба кӣ бояд раҳмат гӯем? ~ Мо бояд ба Худо раҳмат гӯем, чунки барои сабзидани онҳо Ӯ офтоб ва борон медиҳад.
Мумкин ягон вақт касе ба ту чунин савол медиҳад: «Оё одам ва ҳайвонотро низ Худо офарид?» Ту чӣ ҷавоб медодӣ? ~ Ту ба вай ин хел гуфта метавонӣ: «Ҳа, одамон ва ҳайвонотро Худо офаридааст». Лекин агар ин шахс ба он ки одамонро Худо офаридааст, бовар накунад-чӣ? Агар ӯ «одам аз ҳайвон пайдо шудааст», гӯяд-чӣ? Мо, албатта, медонем, ки Китоби Муқаддас инро таълим намедиҳад. Дар он навишта шудааст, ки ҳамаи чизҳои зиндаро Худо офаридааст (Ҳастӣ 1:26–31).
Лекин мумкин он шахс мегӯяд, ки вай ба Худо боварӣ надорад, он гоҳ ту чӣ мегӯӣ? ~ Ту метавонӣ ягон хонаро нишон дода, аз вай пурсӣ: «Ин хонаро кӣ сохтааст?» Ҳама медонанд, ки онро касе сохтааст. Охир хона худ аз худ пайдо намешавад-ку! (Ибриён 3:4).
Баъд, ту метавонӣ он шахсро ба боғ барӣ ва гулеро ба вай нишон дода пурсӣ: «Ин гулро кӣ офаридааст?» Албатта онро одам наофаридааст. Ва чӣ хеле ки хона худ аз худ сохта намешавад, ҳамин тавр гул низ худ аз худ пайдо шуда наметавонад. Пас кӣ гулро офаридааст? Ҳа, онро Худо офаридааст.
Сипас аз шахс хоҳиш кун, ки як дам истода сурудхонии паррандагонро гӯш кунад. Баъд аз вай пурс: «Кӣ паррандагонро офаридааст ва кӣ ба онҳо сурудхониро ёд додааст?» Албатта, Худо. Ӯ осмону замин ва ҳамаи чизҳои зиндаро офаридааст! Худо Шахсест, ки ба ҳама ҳаёт медиҳад.
Лекин он шахс мумкин мегӯяд, ки ӯ танҳо ба чизе бовар мекунад, ки онро дидан мумкин аст. Вай шояд чунин мегӯяд: «Агар ман чизеро набинам, ба он бовар намекунам». Ана барои чӣ баъзеҳо ба Худо боварӣ надоранд.
Дуруст аст, ки мо Худоро дида наметавонем. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худоро ҳеҷ вақт касе надидааст». Ягон кас дар рӯи замин — на мард, на зан ва на кӯдак — Худоро дида наметавонад. Аз ин сабаб, кас набояд барои кашидани сурати Худо ё сохтани ҳайкали Ӯ кӯшиш кунад. Худи Худо мегӯяд, ки мо набояд ин тавр кунем. Барои ҳамин, агар мо дар хонаамон чунин расму тасвирҳоро нигоҳ дорем, ин ба Худо маъқул намешавад (Хуруҷ 20:4, 5; 33:20; Юҳанно 1:18).
Вале агар ту Худоро дида натавонӣ, пас ту аз куҷо медонӣ, ки Ӯ дар ҳақиқат вуҷуд дорад? Фикр кун: оё ту шамолро дида метавонӣ? ~ Не, ҳеҷ кас шамолро намебинад. Лекин ту кореро, ки шамол мекунад, дида метавонӣ. Масалан, дар вақти вазидани шамол ту ҷунбидани баргҳои дарахтонро мебинӣ. Ва ин ба ту боварӣ мебахшад, ки шамол ҳаст.
Ту корҳои Худоро низ дида метавонӣ. Масалан, вақте ки ту ба гули зинда ё ба паррандае нигоҳ мекунӣ, ту чизеро ки Худо офаридааст, мебинӣ. Ва ин ба ту боварӣ мебахшад, ки Худо дар ҳақиқат вуҷуд дорад.
Агар ягон кас аз ту пурсад, ки «Офтоб ва заминро кӣ сохтааст?» ту чӣ ҷавоб медиҳӣ? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худо осмон ва заминро офарид» (Ҳастӣ 1:1). Ҳа, ҳамаи ин чизҳои аҷоибро Худо офаридааст! Магар аз донистани ин ту Худоро боз ҳам бисёртар дӯст намедорӣ? ~
Бале, чӣ қадар ширин аст ҳаёт! Мо метавонем сурудхонии паррандагонро шунавем ва гулҳою дигар чизҳои офаридаи Худоро бинем. Ғайр аз ин, мо метавонем хӯроки бомаззаеро, ки Худо ба мо додааст, хӯрем.
Барои ҳамаи ин чизҳо мо бояд ба Худо раҳмат гӯем. Беш аз ин, мо бояд барои ҳаёте, ки Ӯ додааст, миннатдор бошем. Агар мо дар ҳақиқат ба Худо миннатдор бошем, мо инро бо корҳоямон нишон медиҳем. Чӣ тавр? ~ Мо Худоро гӯш мекунем ва он чизеро, ки Ӯ ба воситаи Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, иҷро мекунем. Ҳамин хел мо нишон медиҳем, ки Шахсеро, ки ҳама чизро офаридааст, дӯст медорем.
Мо бояд ба Худо барои ҳама корҳои кардааш миннатдориамонро нишон диҳем.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3