Биё, қисмат кунем дарде, ки дорӣ.
Биё, қисмат кунем бешаш ба ман деҳ,
Ки ту кӯчакдиле тоқат надорӣ!
❗Дарахти ғам ба ҷонум карда реша,
Ба даргоҳи Худо нолум ҳамеша.
Рафиқон қадри якдигар бидонед,
Аҷал санг асту одам мисли шиша!
❗Агар ёри маро дидӣ ба хилват,
Бигӯ: Эй бевафо! Эй бемурувват!
Гиребонам зи дастат чок-чок аст,
Нахоҳам дӯхт то рӯзи қиёмат!
❗Ҳар он кас ошиқ аст, аз ҷон натарсад,
Яқин аз банду аз зиндон натарсад.
Дили ошиқ бувад гурги гурусна,
Ки гург аз ҳайҳайи чӯпон натарсад!
❗Бимирам то ту чашми тар набинӣ,
Шарори оҳи пурозар набинӣ.
Чунон дар оташи ишқат бисӯзам,
Ки аз ман ранги хокистар набинӣ!
❗Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,
Ҳар он чӣ дида бинад, дил кунад ёд.
Бисозам ханҷаре нешаш зи фӯлод,
Занум бар дида, то дил гардад озод!
❗Баҳор омад ба саҳрову дару дашт,
Ҷавонӣ ҳам баҳоре буду бигзашт.
Сари қабри ҷавонон лола рӯя,
Даме, ки маҳвашон оян ба гулгашт!
❗Диле дирам, харидори муҳаббат,
К-аз ӯ гарм аст бозори муҳаббат.
Либосе бофтам бар қомати дил,
Зи пуди меҳнату тори муҳаббат!
❗Шаби сармову сангистону му маст,
Қадаҳ аз дасти му афтиду нашкаст,
Нигаҳдорандааш некӯ нигаҳ дошт,
Вагарна сад қадаҳ н-афтода бишкаст!
❗Ду зулфонат бувад тори рубобам,
Чи мехоҳӣ аз ин ҳоли харобам.
Ту, ки бо му сарӣ ёрӣ надорӣ,
Чаро ҳар нимашаб ойӣ ба хобам!
❗Сиёҳии ду чашмонат маро кушт,
Дарозии ду зулфонат маро кушт.
Ба қатлам ҳоҷати тиру камон нест,
Хами абрӯву мижгонат маро кушт!
❗Ба қабристон гузар кардам каму беш,
Бидидам қабри давлатманду дарвеш.
На дарвеш бекафан дар хок рафта,
На давлатманд бурда як кафан беш!
❗Магар шеру палангӣ, эй дил, эй дил,
Ба му доим ба ҷангӣ, эй дил, эй дил.
Агар дастам фитӣ, хунат биреҷам,
Бивинам то чи рангӣ, эй дил, эй дил!
БОБО ТОҲИРИ УРЁН
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев