Ин қуфл бе забони талаб во намешавад.
Кай меравад зи паҳлўи мунъим гурусначашм?
Гирдоб дур аз лаби дарё намешавад.
Рангинии қабо накунад пирро ҷавон,
Барги хазон баҳори тамошо намешавад.
Беморро ғизои мувофиқ кунад даво,
Бе тарбият заиф тавоно намешавад.
Хулқи хуши наҷобати зотист мўҳтарам,
Ҳанзал ба рангу бў гули раъно намешавад.
Афтодааст номи сахо аз забони халқ,
Ин хайма, умрҳост, ки барпо намешавад
Гирдоб, чун садаф нашавад соҳиби гуҳар,
Ҳорис ба саъй молики дунё намешавад.
Нодон ба гуфтугў нашвад соҳиби сухан,
Чуғз аз ҳазор оина гўё намешавад.
Занҷиру қуфл нест ба девона садди роҳ,
Мавҷи ҳубоб монеи дарё намешавад.
Эҳроми Каъбаро ба тасаввур макун тамом,
Ин роҳ қатъ бе мадади по намешавад.
Аз бадниҳод чашми накўӣ тамаъ мадор,
Кури зи модар омада бино намешавад.
Маъшуқро муҳаббати ошиқ диҳад ривоҷ,
Юсуф чаро ба коми Зулайхо намешавад?
То ғунчаи даҳон‐ш пур аз зар намекунам,
Аз ҳеҷ боб роҳи сухан во намешавад.
Ту барқи бемуруввату ман кишти бесамар,
Охир, миёни мову ту савдо намешавад.
Рухсори худ дареғ мадор аз нигоҳи мо,
Аз боғ мева кам ба тамошо намешавад.
Дилгир нест синаам аз оҳ, Сайидо,
Маҷнун ғубори хотири саҳро намешавад.
Сайидои Насафӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев