Мо бар онем, ки ҳам оя, ҳам оят бошад.
Кори мо нест фақат сохтани хомаи гил,
Кори мо ин, ки дар он хома муҳаббат бошад.
Кори мо нест фақат коштани тухме чанд,
Кори мо ин, ки дар он кишт садоқат бошад.
Кори мо нест фақат сохтани ҷодаи рост,
Кори мо ин, ки дар он ҷода ҳақиқат бошад.
Кори мо нест фақат сохтани пайкарае,
Кори мо ин, ки дар он пайкара миллат бошад.
Кори мо нест фақат тантанаи Сомонӣ,
Кори мо ин, ки дар он тантана тинат бошад.
Кори мо нест фақат лофу газоф аз ваҳдат,
Кори мо ин, ки ба ваҳдат абадият бошад.
Кори мо нест фақат ёди Бухорои Шариф,
Кори мо ин, ки зи мо низ шарофат бошад.
Кори мо нест фақат ёди Самарқанди чу қанд,
Кори мо ин, ки Самарқанд асолат бошад.
На бар инем, ки ислом нишинад бар тахт,
Мо бар онем, ки ислом саломат бошад!
Лоиқ Шералӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев