Предыдущая публикация
Дили ман ба шиша сузад, ҳама санг мефурушад.
Ба карашмае нигоҳаш дили содалавҳи моро,
Чи ба ноз мерабояд, чи кашанг мефурушад.
Шараре бигиру оташ ба ҷаҳон бизан, ту эй оҳ,
Зи шарорае, ки ҳар шаб дили танг мефурушад.
Ба дукони бахти мардум, ки нишастааст ёрон,
Гули ханда меситонад, ғами чанг мефурушад.
Дили кас ба кас насузад ба муҳити мо ба ҳадде,
Ки ғизол чуҷаашро ба паланг мефурушад.
Мудатест кас надида гуҳаре ба кулзуми мо,
Ки садаф ҳар он чи дорад, ба наҳанг мефурушад.
Зи танури табъи Фони ту наҷу суруди ором,
Маталаб гул аз дуконе, ки туфанг мефурушад
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев