🙎♂Писарам, супоришоти падари меҳрубонатро ки аз сари хайрхоҳи аст, пазиро бош.
🙎♂Писарам, ба вазоифи худ амал кун, пеш аз он ки марг ба сӯроғи ту ояд ва пеш аз он ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянду хуршеду моҳ дар ҳам шикананд.
🙍♂Фарзандам, ҳар бомдод,ки аз хоб бархезӣ рӯзе нав барои ту оғоз мешавад, ҳушёр бош,ки аз он рӯз баҳрае бигирӣ.Чаро ки агар чунин набошад, дар рӯзи вопасин ҳатто "рӯзҳо" низ дар пешгоҳи адли худованд алайҳи ту гувоҳӣ хоҳанд дод.
🙍♂Фарзандам, дар иқомаи намоз кушо бошу дар густариши некиҳо бикӯш ва аз корҳои зишт мардумро дур нигоҳ дор ва ҳаводиси талху ногувореро, ки баҳри ту пеш меояд, таҳаммул кун, чи ин аз муҳимтарин корҳои асосӣ аст.
🙍♂Фарзандам, ҳар чӣ хоҳӣ кишт, хоҳӣ даравид ва натиҷаи ҳамон кореро, ки анҷом медиҳӣ, ба тамошо хоҳӣ нишаст.
🙍♂Писарам, дар корҳои худ танҳо бо бузургон машварат кун ва аз машварат бо афроди кӯчактар аз худ бипарҳезу шармгин бош!
🙍♂Писарам, он ки забонашро нигоҳ намедорад,саранҷом пушаймон хоҳад шуд.
🙎♂Фарзандам ба касе ки ба ту бадӣ кардааст, ба дидаи авф бингару ба ӯ некӣ кун ва беш аз андоза ба дунё рӯй наёвар, ки аз фиребу макру авоқиби (нохуш) дунёпарастӣ бехабарӣ. Хуб нигоҳ кун, то дарёбӣ, ки ба куҷо биҳишт ё дӯзах сафаре ҳамешагӣ хоҳӣ дошт.
🙎♂Фарзандам, ҳаргиз беҷо фурӯтанӣ макун, чи боиси хорӣ ва зиллати ту мегардад.
🙎♂Писарам, ту маҳори нафси худро аз хоҳишҳои беҷо нигоҳ дор, зеро агар аз хоҳишҳои нафси саркаши хеш барҳазар набошӣ, на ба хоҳишҳои нафси худ посӯхе шоиста хоҳӣ дод ва на ба биҳишт ворид хоҳӣ шуд.
🙍♂Писарам, мабодо корҳои неки ту муҷиби ғурури ту гардаду мабодо бо бузург кардани корҳои шоиста балои риёкорӣ гиребонгири ту шавад ва туро ба ҳалокату нобудӣ биафканад.
🙎♂Фарзандам,то замоне ки васвасаҳои шайтонӣ ва гуноҳон дар ҷаҳон вуҷуд доранд, аз ҳилаҳои дунё ғофил мабош!
🙎♂Фарзандам, бо чашмпӯшӣ аз бархе хушиҳои пасту зудгузар дунёи худро ба зиндоне табдил кун,то бад-он умед, ки дар ҷахони дигар дар биҳишт ба сар бибарӣ!
🙎♂Писарам, рӯзе дар кафан пӯшида хоҳӣ шуду дар гӯр хоҳӣ хуфт ва саранҷом ба тамошои ҳамаи амалҳои ин ҷаҳонии худ хоҳӣ нишаст.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев