Амир Абдулаҳадхон бо тахаллуси Оҷиз шеър мегуфт
ДУ ҒАЗАЛИ АМИР АБДУЛАҲАДХОН (ОҶИЗ)
Дил чӣ бандӣ дар ҷаҳон донӣ, ки ин дунпарвар аст,
Ҳар кӣ бо ӯ шуд муқайяд, доимо дарди сар аст.
Тӯша пайдо кун, ки андар пеш дорӣ роҳи сахт,
Меравӣ бо ҳасрату хишти лаҳад зери сар аст.
Бар муроди хеш камтар рав, ки ин доми балост,
Номуродӣ беҳтар аз шоҳиву тоҷи қайсар аст.
Ғулғули кӯси ҷаҳондорӣ, ки шаҳро бар дар аст,
Мекунад огаҳ, ки ҳон, навбат барои дигар аст.
Бандаи Оҷиз ду матлаб дорад аз лутфи Худо,
Тавфи Байтуллоҳ, тавофи равзаи пайғамбар аст.
******
Чархи каҷрав, ки маро кард зи дилдор ҷудо,
Гаштам аз ёр мани зор ба ночор ҷудо.
Ман ҷудо гаштаму дил монд ба сарманзили ту,
Чӣ кунам чора, шудам аз дили афгор ҷудо?
Хешро ҳамдаму ҳамроз надидам бо ту,
Чун тавонам, ки шавам аз ту ба як бор ҷудо!?
Гарчи бар ман ситами чархи ҷафобин бигузашт,
Ситами чарх ҷудову ситами ёр ҷудо.
Оҳ, сад оҳ, ки аз кулфати ҳиҷрон дидам,
Кулфати рӯз ҷудо, ранҷи шаби тор ҷудо.
Ману дар кулбаи ғам дур зи кӯяш, Оҷиз,
Бахти бад кард маро з-он гули рухсор ҷудо.
Бо кӯшиши Исмоил Зарифӣ ғазалҳо аз форсӣ ба кириллик баргардонида шуд
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев