Ин оят ҳамчун дастгири аз ҷониби Аллоҳ ба муъминон нозил шуд вақте, ки мусалмонон ғалабаро ба даст оварда буданд ва ногаҳон ғалаба аз даст рафт ва ба шикаст ру ба ру шуданд. Ҳафтод нафар аз беҳтарин мардуми болои замин кушта шуда ва бисёриҳо захми шуданд. Ҳатто Паёмбар (саллалоҳу алайҳи ва саллам) захм бардошта аз чеҳраи муборакашон хун ҷори шуда буд, ва Ў (саллалоҳу алайҳи ва саллам) мегуфт: Ғазаби Аллоҳ бузург аст ба сари касоне, ки хуни Паёмбарашонро ҷори кардаанд. Ин шикаст як шикасти мувақати ва санҷише буд барои мӯъминон то, ки муъминон сабабҳои шикасти худро андеша кунанд. Иштибоҳот ва гуноҳони як гурўҳ муъминон сабаби шикасти тамоми муҷоҳидин мегардад.
Умар Ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) дар ҷанги Ал Қодсия Саъд Ибни Абиваққос (разияллоҳу анҳу)ро амир таин карда буд ба вай маслиҳат дода буд, аз гуноҳони худ зиёдтар битарсед нисбат ба душмани худ, чунки гуноҳ хатарноктар аст аз душман.
Мо мусалмонҳо ба кофирон ғолибу пируз ҳастем ба сабабе, ки гуноҳони онҳо зиёдтар ҳастанд нисбати гуноҳони мо на ба ягон сабаби дигаре. Агар гунҳони мо ба гуноҳони кофирон баробар мешуданд онҳо бар мо ғолиб меомаданд ба нисбати шумора, қувва таҷҳизоти пешрафта,иқтисоб ва ғайра.
Саъд Ибни Абивақос (разияллоҳу анҳу) дар ҷанги Қодсия бо форсҳо ба маслиҳати Халифа амал карда Маҳҷонаи Сақафиро ба сабаби майнушиаш ба зиндон банди кард то, ки гуноҳи у сабаби шикаст ва ба таъхир шудани пирузи мусалмонон нагардад. Дар вақти саршудани ҷанг Абу Маҳҷона дар банди хона ба шеър хони шуру кард суханони уро ҳамсари Саъд шунида уро аз зиндон ба як муҳлате боз кард то дар ҷанг бо кафирон ширкат намояд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1