” Дар ҷавоби онҳо ман мегуям: Ин куфри ошкорост ва мухолифи китоби Аллоҳ ва Пайғамбар аст.
Аллоҳ дар Қуръон мефармояд :
وَمَا أُمِرُوا إِلَّا لِيَعْبُدُوا اللَّهَ مُخْلِصِينَ لَهُ الدِّينَ حُنَفَاءَ وَيُقِيمُوا الصَّلَاةَ وَيُؤْتُوا الزَّكَاةَ وَذَلِكَ دِينُ الْقَيِّمَةِ
Ва ононро фақат ин фармон доданд, ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле ки дар дини ӯ ихлос меварзанд. Ва намоз гузоранду закот диҳанд. Ин аст дини дурусту рост.
Аз шейх ибн Усаймин пурсиданд, ки – имон ин ба забон гуфтан ва ба дил тасдиқ кардан аст ва амал кардан бо бадан ин танҳо амали дил аст ва дар ҷавоб шейх Усаймин гуфт: Ба Аллоҳ паноҳ металабам! Ин мазҳаби Мурҷиъа аст! Ин мазҳаби кӯҳна ва маълум аст! (Танбиҳ АльИхван ила ҳақиқати Альиман.69).
Шейх Фавзон гуфтааст: “Мурҷиъа чор гуруҳ аст”:
Якумини онҳо – мурҷиъаи аз ҳад гузашта,ки онҳо ҷаҳмия мебошанд ва мегуянд, ки Имон ин танҳо ба дил тасдиқ кардан аст.
Гуруҳи дуюм – ашъариҳо, ки мегуянд: Имон ин танҳо тасдиқ ба дил буда,ҳатто агар ба забон калимаи шаҳодатро наорад...
Гурӯҳи сеюм - карамитҳо, ки мегӯянд: Имон ин гуфтани калимаи шаҳодат аст, агарчи ба дил тасдиқ нашавад.
Гуруҳи чорум – фуқаҳои Мурҷиъа, ки мегӯянд – имон ин гуфтани калимаи шаҳодат ва ба дил тасдиқ кардан аст. Онҳо амал карданро қисми аз имон намедонанд.
Гурӯҳи панҷум низ имрӯзҳо пайдо шудааст,ки мегуянд – амал кардан бо баданро, шарти пурра будани имони фарзӣ мебошад... («Ат-Ta’лик ал-Мухатасар ъала ал-Қасидати ан-Нуния» 647\2.)
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев