Предыдущая публикация
Рӯзе, ки он азиз маро дар канор буд,
Он рӯз рӯзи сабзтарини диёр буд.
Мелоди он баҳорнамо буду ҳар саҳар,
Пайки хуше зи шоири худ интизор буд.
Дарё равону кӯҳ ба сар мисли соябон,
Дар зери бед накҳати сад боғзор буд.
Гулҳо шукуфта, дашту даман сабзу махмалин,
Эй хуш, ки фасли лолаву даври баҳор буд.
Он рӯзҳо набуд ба дил аз гарди ғам асар,
Чун дар канор гулнафаси ғамбарор буд.
Пайваста ҳамчу ҷуфти кабӯтар ба ҳам будем,
Моро зи баски даргаҳи бахт интизор буд.
Ҳар лаҳза ифтихор зи дилдор доштам,
Ӯро ҳам аз муҳаббати ман ифтихор буд.
Он рӯзро ба хотираш орам чу ҷашн ёд,
Гар буд, Кӯҳзод куҷо хору зор буд?
13.04.2023
Кӯҳзод Фатҳулло
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев