Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.
Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
Танҳо ба ҷои танг туро орамиданист.
Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист.
Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,
Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.
Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.
Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор,
Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист.
Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ ба гӯр,
Бо Мункару Накир ҷавоби ту доданист.
Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт» ҳукм шуд,
Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.
Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.
Чун ҳазрати Расули Худо(с) дар ҷаҳон намонд,
Касро чӣ эътимод, ба нобуд буданист.
Саъдӣ, дар ин қафас, натавон дошт мурғро,
Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.
#СаъдииШерозӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев