Ту шояд ҷомаи домодй медӯзӣ ба сад нийят,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ...
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,
Аё модар, аё модар!
Бурун аз деҳа норафта, надидӣ рӯи дунёро,
Ба гирди хеш гӯё чарх гаштӣ, зиндагӣ кардӣ.
Ба гирди русто домони гардун гӯй часпида
Туро барбаст роҳи нийяту азми ҷаҳонгардӣ.
Чӣ дорад олами дар худ ниҳони ту,
Аё модар, аё модар!
Худо гуфтию оят хондию таъбирҳо ҷустӣ,
Ту доим «Ҳафтяк» мондӣ ба зери болиши кӯдак, ,
Ки шояд тифл бебоку далеру қаҳрамон гардад. ,
Дили пайғамбарон гунҷад даруни синаи кӯчак...
Даруни кулбаи пасти назарногири пур аз дуд,
Ба ҳукми қарзи инсонӣ ҷаҳонеро бигунҷондӣ,
Шабонгаҳ мижжа таҳ нокарда, пухтй кулчаи ширӣ,
Саҳар фарзандҳоятро ба майдонҳо гуселондӣ,
Шараф андӯхтӣ аз ҷонфишониҳои фарзандон,
Аё модар, аё модар!
Бубинӣ хоб шаб фарзандҳои мурдаи худро,
Биёбӣ саҳнаи дидорбиниҳои рӯҳонӣ.
Ба назди остонат дом монад сояи маргат,
Туро хонад ба сӯи олами торику зулмонӣ.
Матарс аз марг, охир безаволӣ ту,
Аё модар, аё модар!
Ҳазорон маргро, андӯҳу ғамро пушти сар кардӣ,
Нахурдиву напӯшидиву бо сад ранҷ парвардӣ
Маро бигрифта зери пар.
Барои он ки дар ман зиндаю ҳозир бубинӣ боз
Ҳамон сайёдҳои сайдгапгга — рафтагонатро,
Шудӣ хуни ҷигар, модар.
Кунун имрӯз фарзандат — ҷигарбандат ҳунар омӯхт.
Ки ёбад нони беминнат.
Ба номат дафтаре бикшод,
Дуои хайр гӯ, модар,
Ки ӯ бо номи ту дар роҳи раҳҷӯй қадам бинҳод.
Варо ту мағфират кун, раҳнамоӣ кун,
Аё модар, аё модар!
Зи лабҳои фурӯрафта, зи ожанги пурасрорат,
Агар дурам, агар наздик, хонам панди ногуфта:
Чӣ суд аз он гуле, ки зеби як кокул шуду афтод?
Сано бодо ба он гул, ки барои даҳр бишкуфта.
Ту охир ибтидои ибтидоҳоӣ,
Аё модар, аё модар!
Ту ҳоло дар дами пирӣ нафасҳои ғаниматро
Ба нақши гул, ба рӯи сӯзаниҳо сабт месозӣ.
Дурахши охирини чашми худро дар дили шабҳо
Барои субҳи фардо ҳадя месозию менозӣ.
Гулу нуру шарофат ёдгор аз ту,
Аё модар, аё модар!
Суруди ҳузнангези қадимиро махон, модар!
Дилатро бо суруди аввалини ман даме афрӯз!
Агар дасторхону ҷомаи нав дӯзй бо уммед,
На танҳо баҳри ман,
Баҳри ҳама фардоиён ҳам дӯз!
Ғанимат дон насиби вопасинатро, саломат бош,
Аё модар, аё модар!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев