Ба номи Аллоҳи Бахшояндаи Меҳрубон!
Оё ту пайравӣ {имом Абу-Ҳанифа} Нуъмон ибни Собит (раҳимаҳуллоҳ) ҳасти ё не?!
____________________________________________
✔{Имом Абу-Ҳанифа} Нуъмон ибни Собит (раҳимаҳуллоҳ) мегуяд: Касе сухани туро қатъ намояд {бурад}, дигар ба у ифодае накун, чун ба илм ва адаб муҳаббате надорад!
⏩
✅Насиҳат:
Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ба шогирдаш Абу-Исмат Нуҳ ибни Абу-Марям (раҳимаҳуллоҳ) навишааст: Бидон, ки кори қазоватро ҷуз олимӣ мутабаррик {бисёр донишманд} ба дурустӣ анҷом дода наметавонад, олиме, ки дар усули илм ба шумули Қуръон ва Суннат ва ақвоми саҳоба маҳорати комил дошта бошад ва ҳам чунин аз худ раъй, мавқеъи илми ва қудратӣ иҷрои дошта бошад. Пас, агар дар вақти қазоват ва баровардани ҳукме ба мушкилие ру ба ру гашти, ба Қуръон ва Суннат ва иҷмоъи уммат руҷӯъ кун!!!
Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) вақте ин насиҳатро ба шогирдаш менавишт, сухани Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва-с-саллам) ҳеҷ гоҳ Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро ором намегузошт, ки: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва-с-саллам) фармуданд: Қозиён {судяҳо} се гурӯҳ {даста} ҳастанд ва танҳо як гурӯҳӣ онҳо ба Биҳишт меравад ва ду гурӯҳӣ дигарашон дар оташӣ Дӯзах ҳастанд. Мард {қозӣ, судя}-е, ки ҳақро бишиносад ва бар асосӣ он ҳукм намояд, вай ба Биҳишт меравад. Қозӣе, ки ҳақро нашиносад, балки бар асосӣ ҷаҳлу нодонӣ ҳукм намояд ва ҳуқуқи мардумро аз байн бибарад, вай дар оташӣ Дӯзах аст ва ҳам чунин қозӣе, ки ҳақро бишиносад, вале {дар миёни мардум ба ноҳақ ва} зулму ситам ҳукм намояд, у низ дар оташӣ Дӯзах аст! (Ривоят аз Абу-Довуд ва Тирмизӣ)
⏩
✔Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ӣ равоншинос {ПСИХОЛОГ}...
Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ба шогирдаш гуфт: Зинҳор ба девонагон ва он аҳли илме, ки равиши мунозара ва истидлоли бо ҳуҷҷатро намедонанд ва ҳам чунин бо онҳое, ки илмро маҳз ба хотири касбӣ ҷоҳталабӣ е мақоме меомузанд ва барои резонидани обруи дигарон ба мунозара ва баррасии масоил дар байни мардум мепардозанд, сӯҳбат накун! Зеро онҳо мехоҳанд туро шарманда ва беобру намоянд ва дар ин бора аз чизе ибо надоранд, ҳар чанд туро бар ҳақ ҳам бидонанд!!!
⏩
✅Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ба шогирдаш Абу-Юсуф (раҳимаҳуллоҳ) гуфт: Аввал; дар лаҳзаҳои ҷавони, ки хотири ҷамъ ва қалби фориғ дори ва ҳануз зеҳн ва хотират ба аҳлу аёли бисёр машғул ва мушавваш нагаштааст, илм биомуз! Он гоҳ аз роҳҳои дуруст ва касби ҳалол мол ба даст биёвар ва пас, аз он зан бигир! Зеро агар дар вақти талаби илм ба фикрӣ ҷамъӣ мол биафти, молу сарват туро ба зиндагии пурайшу нуш бикашонад ва дар натиҷа аз талаби илм оҷиз гардӣ. Агар даҳ сол ҳам бе касб ва қути зиндагӣ бимони, аз илм руй нагардон! Зеро илм зикри Аллоҳ аст ва вақте аз илм руй гардони, ба зиндагии танг ва сиёҳрӯзӣ мубтало мегарди!!!
⏩
✔Ривояте аст, ки: Марде дар масҷиди Куфа ба имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) дашном медод ва ба имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) носазо мегуфт: Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ба вай аҳамияте намедод. Чун сухани худро ба поён расонид ва аз дарс фориғ гардид, бархост ва ба суи хонааш ба роҳ афтод. Он мард аз дунболаш ҳам чунон мерафт ва ба Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) дашном медод. Чун ба дари хона расид, руй ба он мард биёвард ва гуфт: Агар чизе аз гуфторат боқи монда бошад, онро низ бигуй ва тамом кун, ки инак ба хонаам расидам. Он мард хиҷил шуд ва гуфт: Маро бубахш!
⏩
✅Рӯзе имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро назди ҳавлӣе дар офтоб нишаста диданд ва гуфтанд: Чаро дар сояи девор нанишастаи?
Гуфт: Соҳибӣ ин ҳавлӣ чанд дирҳаме аз ман қарздор аст, нахостам дар сояи девораш нишинам ва аз он қарз ба ман фоидае расад, чун ҳар нафъ ва ё фоидае, ки аз қарз ба даст ояд, рибо {процент} аст!
⏩
✔Беҳуш шудани имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) аз як кудак...
Рӯзе имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) дар ҳолати бехабари, пои кудакеро зер кард. Он кудак гуфт: Эй Шайх! Оё аз қасоси рӯзӣ Қиёмат наметарси?!
Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) бо шунидани ин сухан аз ҳуш рафт ва бар замин афтод. Пас, вақте, ки ба ҳуш омад, шахсе ба имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) гуфт: Чи қадар сухани ин кудак дар қалбат таъсир кард?!
имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) фармуд: Аз он метарсам, ки ин сухан ба вай талқин шуда бошад: Яъне; малоика бар забонаш ниҳода бошад! Маноқиби имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ).
⏩
✅Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ). Ибни Хубайра, ки волии Ироқ буд, ҳамаи фуқаҳоро ҷамъ намуда, ҳар яке аз онҳоро дар вазифае аз аркони ҳукумат мансуб донист. Дар ин ҳангом барои Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) муҳрдориро сазовор донист. Савганд ёд намуд, ки агар Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) аз ин вазифа даст кашад, ба ҷазои сахт гирифтор мешавад. Пас, фуқаҳои Ироқ ба Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) гуфтанд: Ба хотири Аллоҳ илтимос мекунем, ки худатро ба ҳалокат наяфкани ва ин мансабро қабул куни мо ба зӯрӣ бар ин мансабҳо гумошта шудаем?!
Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) хоҳиши онҳоро қабул накарда ва гуфт: Ибни Хубайра, масалан фармоне содир мекунад дар бораи қатли марди мусулмоне ба ноҳақ, маро лозим меояд, ки дар зери имзои у муҳр бимонам, қатли ноҳақ баъд аз ширки ба Аллоҳ аз гуноҳони кабира аст. Қасам ба Аллоҳ, ки ман ин мансабро ҳаргиз қабул надорам! Хабар ба ибни Хубайра расид. У амр кард, ки ин фақеҳро зиндони кунанд. Ду Ҷумъа Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) дар зиндон ҳабс карда шуд. Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро дар зиндон азоб медоданд, ки оё вазифаи муҳрдориро қабул мекуни ё не?
Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ҳамоно инкор мекард. Баъди шиканҷаҳои зиёд аз зиндон озод шуд ва ба Макка ҳиҷрат намуд!!!
⏩
✔Соли 750-халифаҳои Аббоси сари қудрат омаданд. Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) хилофати онҳоро пазируфта, ба шаҳри Куфа баргашт. Халифаи Аббоси Мансур баъди бозгашт Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро эъзоз ва икроми бузург намуда, фармон содир кард, ки 10000-дирҳам ва як каниз ба Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ҳадя бидиҳанд. Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ҳадяи Мансурро қабул накард. Таҷрибаи дардноки Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) бо хокимони умавиён якбори дигар дар низоми халифаҳои бани Аббос такрор гардид. Баъзеҳо дар чунин ақидаанд, ки душманони Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ба Мансур расониданд, ки Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) молу давлати зиёд дорад ва обрую эътибораш байни мардум зиёд аст. Дар Басра Иброҳим ибни Абдуллоҳ зиндаги мекунад ва Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) бо вай алоқаи пинҳони дорад. Кушиши Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) дар он аст, ки Иброҳимро ба хилофат маъмур кунад. Мансури халифа аз ин дар тарс шуд. Ба халифа маълум буд, ки Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ба қозӣги розӣ нахоҳад шуд, бинобар онро баҳона кард ва он чи мақсад дошт бо баҳонаи он ба мақсадаш расид...
⏩
✔Имом Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) дар зиндон:
Вақте халифа Мансур дар зиндон бо исрор аз Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) талаб мекард, ки вазифаи қозӣгиро қабул кунад, аммо инкор мекард. Мансур амр кард, ки Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро даҳ тозиёна бизананд. Ходимони Мансур Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро дар кучаҳо ва бозорҳо чарх занонда, шаллоқҳои дарднок мезаданд. Бадани Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро маҷруҳ карданд, ки аз бадани Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) хун ҷори мешуд. Дар зиндон алайҳи Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) сахтгири мекарданд. Обу нон намедоданд.То 15-рӯз Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро ба ин аҳвол азоб медоданд. Дар зиндон маъмурони Мансур ҷомеро барои Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) пешкаш намуданд. Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) гуфт: Ман медонам дар ин ҷом заҳр омехтаед. Дар худкуши ба шумо ҳамроҳ намешавам, аммо маъмурон Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ)-ро ба пушт афканда, маҷбуран ҷоми заҳрро дар даҳонаш рехтанд. Пас, аз ин аз ҷой бархесту сар ба саҷда ниҳод ва ҷон ба ҳақ
супорид. Сабаби асосии мансаби қазоватро қабул накардани Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ин буд, ки Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) метарсид ягон ҳукми ноҳақ дар ҳаққи касе содир накунад. Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ҳамеша ин ривоятро зикр мекард {дар Дӯзах осиёсанге мавҷуд аст, ки сари қозӣёни {муфтиён}-и хилофи шариат амалкунандаро ос мекунад}...
Валлоҳу аълам!!!
⏩
↙⤵↘
Руҳат шод бод Абу-Ҳанифа Нуъмон ибни Собит (раҳимаҳуллоҳ)...
Ин аст Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ), ки мо даъво дорем, ки пайрави мазҳаби Абу-Ҳанифа (раҳимаҳуллоҳ) ҳастем. Эй бор иллоҳо, моро пайрави ҳаққиқи гардон. Аллоҳумма амин!
↗⤴↖
⤵⏬⤵
http://www.sonnat.net/article.asp?id=3113
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев