Муҳаммад Абдулҳафиз
Ҳаракатҳои исломӣ саъю кӯшиш ва хоҳиши Уммати Исломро ба озодшавӣ аз кофирон инъикос намуда, бо татбиқи Ислом шахсият ва ҳувияти онро исбот мекунанд ва бо бунёд кардани Давлати исломии ҷаҳонӣ даъвати онро паҳн мекунанд. Ҳаракатҳои исломиро воҷиб аст, ки инро ҳамеша идрок намоянд ва монанди ҳаракатҳои миллӣ ва минтақавӣ кор набаранд, балки бояд чунон фаъолият баранд, ки Уммати Исломро фаро гирад, то уммат дар сатҳи воқеъе, ки бояд дар он қарор гирад, бимонад. Зеро ғайр аз онҳо кӣ орзуҳои Уммати Исломро амалӣ мегардонад? Сохторҳои мавҷуда, ҳаракатҳои миллӣ, ватанӣ, дунявӣ ё ягон нерӯи сиёсии дигар, ки бар ақидаи исломӣ бунёд нагаштааст, орзую интизориҳо ва эҳсосоти умматеро, ки Исломро қабул кардааст, амалӣ карда наметавонад.
Сохторҳои ҳукмрони мавҷуда, инчунин ҳаракатҳои миллӣ, ватанӣ ва дунявӣ нӯги найзаи душманон дар тани мусулмонон мебошад, ки Ғарб барои нигоҳ доштани вазъи мавҷуда онро гузоштааст. Ғарб ин вазъиятро дар болои вайронаҳои вуҷуди Уммати Ислом, яъне Давлати Хилофати Исломӣ ташаккул додааст. Пас табиист, ки рафтори ин сохторҳо ва ҳаракатҳою ҳизбҳо ба пешгирӣ намудани бунёдшавии дубораи Хилофат нигаронда мешавад, зеро вазифаи онҳо ҳамин аст.
Ҳаракатҳои исломӣ, ки дар ҳаёти сиёсӣ роҳи худро тай мекунанд, бояд барои пурзӯргардонии пиндорҳои Ислом дар уммат фаъолият баранд. Онҳо ин корро ҳамчун вазифаи бар дӯшашон фарз анҷом медиҳанд, то ба ғояи худ: овардани Ислом ба сари ҳокимият тавассути бунёд кардани Давлати Хилофати Исломӣ ─ Давлати ягонаи Уммати Ислом бирасанд. Сабаб дар он аст, ки ҳаракатҳои исломӣ фарзанди шаръии Уммати Ислом мебошанд. Амалиёти тавлиди онҳо танҳо натиҷаи ҳаракати ин уммат ─ Уммати Ислом мебошад.
Бинобар ин, ҳуҷум бар зидди Ислом ва мусулмонон ба ҳаракатҳои исломӣ нигаронда мешавад. Дар ин ҳуҷум сохторҳои ҳукмрони кишварҳоямон, инчунин ҳаракатҳои дунявӣ, миллӣ ва ҳар гуна ҳаракати бар асоси ғайриисломӣ бунёдгашта ҳамчун дастгоҳ иштирок мекунанд. Ҳаракатҳои исломӣ бояд рағбати сахти Уммати Исломро, ки мехоҳад чун пешина уммати ягона, ҳамчун давлати бузурги соҳибтамаддун ва дорои рисолати ҷаҳонӣ мартабаи байналмилалӣ дошта бошад, таҷассум намояд.
Ҳаракатҳои исломӣ ҳангоми муқовимат ба ҳуҷуми зидди Ислом бояд бандҳои зеринро ба ҳисоб гиранд:
1. Доимо идрок намоянд, ки онҳо на бо ном, балки дар ҳақиқат ҳаракатҳои исломӣ мебошанд. Аз ин рӯ, бояд дар кадрҳо ва аъзоёнашон пиндори устуворе пайдо кунанд, ки вобасташавӣ бояд на ба шахсҳо, балки ба Ислом бошад. Ҳатто агар шахсе аз миёни роҳбарият фирефта шавад, ин ба ҳаракат хатаре наорад. Бо ҳамин, вақте ки кофирон ба сафи ҳаракатҳои исломӣ шомил шудан мехоҳанд, роҳи онҳо баста мешавад.
2. Дар байни тамоми уммат паҳн шавад ва муборизаро на ба муборизаи ҳаракатҳои исломӣ ва кофирон, балки ба муборизаи уммат ва кофирони истилогар табдил диҳад. Уммати Ислом дар ҳеҷ як муборизае, ки ҳамчун Уммати Ислом даромадааст, мағлуб нагаштааст. Ҳамин тариқ, амалиёти ҳуҷумоварии кофирон ба Ислом ва мусулмонон яке аз омилҳое мешавад, ки дар бедор кардани уммати мо кӯмак мерасонад, зеро уммат худро ҳамчун Уммати Ислом мавриди ҳадаф меёбад.
3. Аз ҳар гуна мубориза бо ягон ҳаракати исломӣ худдорӣ намояд ва дар дилҳои аъзоёнаш муҳаббати некии ҳаракатҳои исломии дигар ва умеди пирӯзӣ ва муваффақияти онҳоро ҷойгир кунад. Зеро пирӯзии ягон ҳаракати исломӣ, агарчи раъйҳои гуногун дошта бошанд, модом ки ба шибҳи далел такя кунанд, пирӯзии ҳамаи ҳаракатҳои исломист ва ҳатто пирӯзии тамоми уммат мебошад. Маънои ин тарки насиҳат ба ҳаракатҳои дигар ва тарки ибрози ақида нест, зеро насиҳат ва ибрози ақида, агар ин фикрҳо исломӣ бошад ва муноқиша миёни фикрҳои исломӣ сурат гирад, ҳамкорӣ дар кори нек ва парҳезгорӣ ба шумор меравад.
4. Ҳаракатҳои исломӣ бояд идрок кунанд, ки кофирон тавассути пайдо кардани ҳаракатҳои зоҳиран исломӣ, ки Исломро бо тамаддуни Ғарб мувофиқ гардондан мехоҳанд, фаъолияти исломиро маҳдуд карданианд. Чунин ҳаракатҳои исломӣ ба мо тамаддуни Ғарбро ҳамчун таҷрибаҳои дигарон, ки гӯё ба Ислом зид нест ва аз он истифода бурдан мумкин аст, медароранд, монанди гирифтани низомҳои ҳокимияти Ғарб ба ҷои низоми шаръии Хилофат, даровардани афкори шаҳрвандӣ, давлати шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқи зан (бо миқёсҳои Ғарб), прагматизм, эҳтироми андешаи дигарон, ки ба асосҳои ақидавии қатъӣ зид мебошад, бисёрҳизбии сиёсӣ, ки мусулмонон мавҷудияти ҳизбҳои дорои ақидаҳои гуногунро мепазиранд. Чунин ҳаракатҳо дар майдони танги минтақавии ватанӣ фаъолият мекунанд ва ҳарчанд бо қиёфаи исломӣ вонамуд шаванд, монанди ҳаракатҳои миллӣ ва дунявӣ кор мебаранд.
Ғарб мехоҳад бо як тир якчанд чизро ба ҳадаф гирад:
• интиқол додани мубориза ба миёни худи ҳаракатҳои исломӣ;
• машғул сохтани мусулмонон бо воситаи ин мубориза аз фаъолият дар роҳи Давлати бузурги Исломӣ;
• зарба задан ба боварии Уммати Ислом нисбат ба ҳаракатҳои исломӣ бо сабаби муборизаи доимии байниҳамдигарии онҳо;
• пурзӯр гардондани сохторҳои ҳукмрон ва ҳаракатҳои миллӣ-дунявӣ;
• пайдо кардани шубҳа дар дили Уммати Ислом нисбат ба афкоре, ки ҳаракати исломӣ даҳҳо сол инҷониб барои устувор гардондани он фаъолият мебарад, монанди: "Давлати Ислом танҳо Давлати Хилофат мебошад", инчунин пайдо кардани норавшанӣ дар пиндорҳои асосии Ислом.
• маҳдуд шудани фаъолияти исломӣ бо майдони танги минтақавӣ-ватанӣ, ки дар натиҷа мусулмонон бо якдигар на монанди як уммат, балки монанди халқҳои ҳамсоя муомила мекунанд ва ин чиз онҳоро аз фаъолият бурдан дар роҳи Давлати Хилофат дур месозад.
Бинобар ин, мо ─ ҳаракатҳои исломӣ, муборизаро миёни мо, яъне мусулмонон ва Ғарби кофир вогузорем ва кӯшиш намоем, ки ҳуҷум ба Ғарб ва афкору тамаддуни он ҳамчун ҳуҷум ба тамаддуни ғайриисломӣ боқӣ монад. Моро воҷиб аст, ки нодурустӣ, ботилӣ ва ҷиҳати мухолифии онро ба Ислом дар шакли тафсилӣ баён кунем, то ба уммат ошкор шавад, ки ҳар шахси барои гузарондани чунин фикрҳо ҳаракаткунанда, агарчи қиёфаи исломӣ вонамуд кунад, гумоштаи Ғарб мебошад. Мо набояд бо мубориза бар зидди ин ҳаракатҳои сохта машғул шавем, зеро ин чиз ҳадафҳои Ғарбро амалӣ мегардонад.
5. Бояд аз фитнаҳои тоифагароӣ, ки Ғарб дар байни умматамон барангехтан мехоҳад, монанди фитнаангезӣ дар байни суннӣ ва шиа бо воситаи сохторҳои мавҷуда ва муҳитҳои сиёсии онҳо, худдорӣ намояд. Баръакс мо бояд дар фазои тамоми умматамон бо вуҷуди гуногунии мазҳабҳои фиқҳӣ паҳн шавем. Азбаски мо ҳаракатҳои исломӣ мебошем, пас кадом чиз мамониат мекунад, ки ҳар шахси мусулмон хоҳ суннӣ бошад, хоҳ шиа ба яке аз ҳаракатҳои исломӣ, ки фикрҳои тафсилиашро риоя мекунад, мансуб шуда, дар сафҳои он фаъолият барад. Ҳамин тариқ, мо ба ваҳдат наздиктар мешавем. Зиндагӣ кардани мусулмонон дар чунин ҳолати парокандагӣ – дар ҳоли ҷудо шудан ба гурӯҳҳо чунин маъно дорад, ки Ғарб дар байн ҷангҳои тоифагароиро, ки хушку тарро месӯзонад, барангехта метавонад.
6. Ҳарис шудан ба равшан мондани ҳадаф дар ҳама шароитҳо, то ки дар ягон ҳолат, ҳарчанд сахтиҳо ояд, ғубори ҷанг ҳадафро норавшан нагардонад. Инчунин ҳарис шудан ба устуворӣ дар роҳе, ки ба ҳадаф мерасонад. Мо бояд бидонем, ки кофирон дар ҳамлаи худ ба мо бароямон роҳҳои дигареро мекушоянд, ки моро аз ҳадафамон сӯи дигар метобад, то гумроҳ шуда, ба роҳҳои гуногун равем. Дар ин ҳолат, агар мо аз ҳадаф ва роҳи ба он расидан бароем, умматамонро ба торикиҳои ноумедӣ ва табаият меафтонем, мо доимо суханони зерини Аллоҳ Таолоро дар хотир нигоҳ дорем:
﴿ (((( (((( (((((((((( ((((((( ((( ﴾
"Албатта аз паи душворӣ осонист" [Иншироҳ, 6],
﴿ ((((( (((((( (((( ((((((( ((((( ((((((((( ((( (((((((((((( (((( (((((( (( (((((((((( ( ((((( (((((((((( ((((( (((( (((((( (((((((((( ( (((( (((( ((((((( ((((((((( ( (((( (((((( (((( ((((((( (((((( ((((((( ((( ﴾
"Ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, барои ӯ роҳе барои берун шудаи қарор хоҳад дод ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзиаш медиҳад. Ҳар кӣ бар Аллоҳ таваккал кунад, Аллоҳ ӯро кофист. Аллоҳ кори худро ба иҷро мерасонад ва ҳар чизро андозае қарор додааст" [Талоқ, 2-3].
7. Пурзӯр гардондани алоқа бо ашхоси бонуфузи уммат ва гузоштани онҳо дар назди масъулияташон, то ки дар беруни сафи ҳаракатҳои исломӣ бошанд ҳам, ба ҷунбиш оянд, зеро онҳо низ мусулмонанд ва дар дӯши онҳо воҷибҳои шаръӣ ҳаст. Ба ҷунбиш омадани онҳо худи онҳоро ба амал кардан ва сарф намудан одат кунонда, дар уммат зиндадилиро пайдо мекунад. Бояд хитобе, ки ба онҳо нигаронда мешавад, на хитоби ҳаракатҳою гурӯҳҳо, балки хитоби исломии шаръӣ бошад. Ҳамин тавр, даъват дар уммат реша медавонад ва бештар паҳн мешавад.
8. Берун баромадан аз ҳолати минтақавӣ ба фазои васеи Уммати Ислом, яъне ҳаракатҳо набояд минтақавӣ, балки байналмилалӣ бошанд, зеро минтақагароӣ қафасест, ки кофирон бароямон гузошта, дари онро бастаанд ва посбонҳоро таъйин кардаанд, ки аз сохторҳои ҳукмрон ва ҳаракатҳои миллӣ-дунявӣ иборатанд. Инчунин дурӣ аз шарикшавӣ бо ҳизбҳои миллӣ-дунявӣ, зеро чунин шарикӣ боқӣ мондан дар қафаси минтақагароӣ мебошад, ки умматамонро дар зери ҳукмронии кофирон нигоҳ медорад. Илова бар ин, ҳаракатҳои исломӣ, агар аз ҳолати минтақагароӣ бароянд, мардум ба онҳо пайравӣ мекунанд, зеро на ҳаракатҳои миллӣ ва дунявӣ, балки маҳз онҳо эҳсосу интизориҳои умматро таҷассум мекунанд. Агар дар ҳаёти сиёсӣ бо даъват машғул шуда, аз шарикӣ бо ин ҳаракатҳо худдорӣ намоянд, ҳаракатҳои миллӣ ва дунявӣ ҳаргиз бо роҳи интихобот ба худ ҷомаи қонуният пӯшонда наметавонанд, зеро барои уммат моҳияти онҳо маълум гаштааст. Дар оянда интихоби онҳо аз мазмун холӣ хоҳад шуд. Магар намебинем, ки ҳаракатҳо танҳо ба идораҳои фалаҷгашта, ки аз муфтхӯрону ҳимоятгарони ришвахӯрӣ иборат аст, табдил ёфтаанд? Илова бар ин, даромадан ба фазои васеи уммат барои кофирон зарба заданро ба ҳаракатҳои исломӣ душвор мегардонад. Инчунин ба сохторҳо ва ҳизбҳои миллӣ ба гурӯҳҳо пароканда кардани умматро душвор мегардонад, зеро уммат бо сабаби паҳн шудани ҳаракатҳои исломӣ дар байни он монанди нерӯи сиёсие шудааст, ки ба ваҳдат ниҳоят наздик мебошад. Ғарб ва ҳамроҳи он сохторҳо ва ҳаракатҳои миллию дунявӣ айнан бар зидди ҳамин чиз мубориза мебаранд.
9. Ҳаракатҳои исломӣ бояд аз истилоҳҳои сиёсӣ, ки кофирон барои мо гузоштаанд, монанди манфиати миллӣ, болотар истанд. Хитоби сиёсӣ набояд ғайр аз сақофати исломӣ истилоҳи дигареро дарбар гирад, зеро дар он истилоҳҳои зиёде ҳаст, ки мо бояд зинда гардонем, монанди "эй мусулмонон" ба ҷои "эй халқи мо", "дорулислом" ва "кишварҳои исломӣ" ба ҷои "ватан". Бигзор, уммат барои лафзу истилоҳҳои шаръӣ ба ҷунбиш ояд ва ба ваҳдат наздиктар шавад.
10. Ҳуҷуми кофирон ба мо бояд омили эҷобие пайдо кунад, ки фаъолияти исломиро тақвият мебахшад, яъне ин ҳуҷум ва моҳияти он, ки ҳуҷум ба Уммати Ислом, дини он ва пешгирӣ намудани бозгашти давлати бузурги он мебошад, ошкор карда шавад. Дар натиҷа, маълум мешавад, ки ҳар шахсе, ки ба татбиқи Ислом бо бунёд кардани Хилофат мамониат мекунад, гумоштаи кофирон бар зидди уммат мебошад. Он гоҳ кофирон дастгоҳҳояшонро дар байни мо, ки аз сохторҳои ҳукмрон, муҳитҳои сиёсӣ ва дигар касони бо либоси мутафаккирони исломӣ вонамудшаванда иборат аст, аз даст медиҳанд.
11. Набояд бетараф мондани артишҳо пазируфта шавад, зеро ин ба кофирон осон мегардонад, ки онҳоро бар зидди лоиҳаи Уммати Ислом барангезанд. Ин ҳолат дар якчанд ҷой рух медиҳад. Ё онҳо артишро водор месозанд, ки вазъи мавҷударо бо номи муҳофизат аз демократия дар кишвар ҳимоя кунанд. Ҳаракатҳои исломиро воҷиб аст, ки ин артишҳоро бо амалиётҳои зӯроварӣ ва ғайра зери ҳадаф қарор надиҳанд, балки онҳо бояд ин артишҳоро ҳамчун артишҳои исломӣ, ки бар дӯшашон ҳимояи Уммати Ислом ва гардондани таҷовуз аз он воҷиб аст, мақсад кунанд. Зеро таъмини татбиқи Ислом дар дохил ва кӯшиши фароҳам овардани шароит барои паҳн шудани Ислом дар хориҷ вазифаи ин артишҳост. Пас, хитоб ба онҳо бояд хитоби мусулмон ба мусулмон бошад, маънавиёти онҳоро баланд бардошта, онҳоро ба фаъолият барои Ислом бо мақсади расидан ба розигии Аллоҳ Таоло ҳавасманд гардонад, то онҳо дар ин ҳамлаи зидди дин ва умматашон бетарафиро напазиранд. Ин кор бо нигарондани хитобҳои гирдиҳамойиҳо ва роҳпаймоиҳо ба онҳо амалӣ мегардад. Дар натиҷа ҳар вақте, ки кофирон ба уммат зараре расонанд, умеди уммат ба артишҳо баста мешавад ва ин ба афкори омма табдил меёбад, ба ҳар як фарди артиш, дар куҷое бошад, хитоб карда мешавад, ки онҳо бояд барои иҷрои масъулияти шаръиашон ба ҷунбиш оянд.
12. Мо, ҳаракатҳои исломӣ, ки бо душманонамон муқовимат мекунем, бояд онҳоро ба халқҳояшон фош кунем ва муборизаро бо роҳи сиёсӣ, ки дар ғанимат донистани фурсат кӯмак мерасонад, идора кунем. Зеро душманонамон бо мо барои он меҷанганд, ки аз нав ба уммати бузург табдил наёбем ва мартабаи байналмилалиеро, ки ҳамчун уммати пайравишаванда ба он лоиқ аст, ишғол накунем. Онҳо медонанд, ки дар амалӣ кардани ҳадаф комёб шудани мо боиси азбайнравии тамаддуни капиталистии онҳо ва ҷои онро гирифтани тамаддуни исломии мо мегардад, зеро тамаддуни мо хусусиятҳое дорад, ки агар дар давлат татбиқ шавад, мардумро ба худ ҷалб мекунад. Мо бояд воқеи онҳоро хуб идрок намоем, то бидонем, ки чӣ тавр ба онҳо ҳуҷум мекунем ва онҳо дар ҷомеаҳои капиталистии дунявӣ, ки қадриятҳои рӯҳӣ, ахлоқӣ ва инсониашонро аз байн бурдааст, чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Дар онҳо инсон ба фарде, ки ҷуз манфиати шахсии моддиаш чизе барояш муҳим нест, табдил ёфтааст. Ҳатто онҳо аз ташкили артишҳо бе ёрии ҳавасмандгардониҳои моддӣ оҷиз мондаанд. Тамаддунашон инчунин онҳоро ба ҳолате расонд, ки ба ҷомеаҳои пиршуда табдил ёфтаанд. Онҳо ба ҷавононе мӯҳтоҷанд, ки ҷомеаашонро хоҳ дар соҳаи артиш бошад, хоҳ дар соҳаи кор ва хоҳ дар соҳаи андоз бо ҳаёт ва нерӯ таъмин мекунад. Аз сабаби кам будани ҷавононашон андозҳо онҳоро ба танг овардааст ва аз он роҳи халосӣ меҷӯянд. Ояндаи онҳо дар дасти мост. Онҳо чӣ қадар кӯшиш накунанд, ин муамморо ҳал карда наметавонанд, зеро он муаммои ақидавӣ ва фикрист ва онҳо инро дарк кардаанд. Аз ин рӯ, дар байнашон ҳизбҳои ҷониби рост, ки бар зидди паҳншавии Ислом дар байнашон мубориза мебаранд, пайдо шуда, пурзӯр мешаванд. Аз якчанд ҷониб Пайғамбар (-ро таҳқир намудани онҳо танҳо бо мақсади хотиррасон кардани ғарбиён буд, ки шахсияти онҳо дар муқобили Ислом шахсияти насронӣ мебошад. Онҳо аз ҳар як хитоби сиёсии мусумонон, ки ба онҳо ҳуҷум мекунад, дар амалиёти зиндагардонии насроният ҳамчун шахсияти ғарбиён истифода мебаранд. Халқҳои ғарбӣ дар натиҷаи густариш ёфтани тафаккури илмӣ дар байнашон боварии худро ба насроният гум кардаанд ва бо роҳи илмӣ фикр меронанд. Аз ин рӯ, омили муҳиме, ки онҳоро аз қабули Ислом бозмедошт, аз байн рафтааст. Илова бар ин, Ислом на ба тақлид, балки ба ақл бунёд мегардад.
Агар Ислом дар ягон давлат инъикос ёбад, дарҳол ба он рӯ меоранд ва ба форсҳо, барбарҳо ва туркҳо, ки дар гузашта бо баробари пазируфтани Ислом онро паҳн кардаанд ва дар сафҳои аввали паҳнкунандагон истодаанд, шабеҳ мегарданд. Халқҳои ғарбӣ ба танзим одат кардаанд ва онҳо нерӯҳои зиёд доранд.
Гурӯҳи ҳукмрон, ки дар Ғарб ҳукмронӣ мекунад, инро медонад. Ин гурӯҳ гурӯҳи капиталистони инҳисоргар мебошад, ки ҳолати худро нигоҳ доштан мехоҳад. Аз ин рӯ, ба мубориза шомил кардани насрониятро мехоҳад ва аз калисоҳое, ки ғарқи муаммоҳояш гаштааст, инчунин аз ҳизбҳои ҷониби рост ёрӣ мепурсад. Агар дар ин кор комёб гардад, миёни халқҳои Ғарб ва фаҳмидани Ислом монеа эҷод мекунад. Ин гурӯҳ мепиндорад, ки бо ин роҳ дар мардум барои насли бештар овардан такондиҳандае пайдо мекунад, то роҳи паҳншавии Исломро тавассути муҳоҷирон пешгирӣ намояд.
Банди мазкур баҳси бештару фарогиртарро талаб мекунад. Бинобар ин, бо ҳамин чизҳо кифоят мекунам. Ман инро танҳо барои он овардам, ки хатари хитоби онҳоро ҳамчун насрониён дарк кунем. Моро воҷиб аст, ки муборизаро миёни Ислом ва капитализм, ки ду мабдаи ҳаёт аст, нигоҳ дорем ва насрониятро ба мубориза шомил накунем. Мардуми Ғарб нокомии капитализмро дарк намудаанд ва дар фарохӣ зиндагӣ мекунанд, вале ҷонишине ёфта наметавонанд. Васоити ахбори капитализм мехоҳад Исломро дар муқоиса бо динҳои дигар ҳамчун дине тасвир кунад, ки пайравонашро ба зӯроварию куштор такон медиҳад. Ҳар гуна беруншавӣ аз ин тактика, ки ба онҳо ҳамчун насронӣ ҳуҷум карда мешавад, ба фоидаи онҳо мебошад ва ҳар гуна бетарафгардонии насроният ва маҳдудкунии мубориза дар байни Ислом ва капитализм ба фоидаи мо, уммати исломии ҷаҳонӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки ба насрониён ҳангоми даъват ҳамчун насронӣ хитоб намудан истилоҳҳои хосе дорад, ки аз хитоби капиталистон фарқ мекунад.
Илова бар ин, ба насрониён бо васфи насронияти онҳо ҳуҷум овардан насрониҳои кишварамонро дар шакли салбӣ бармеангезад. Ҳол он ки бо баробари баргаштани Ислом ба ҳокимият онҳо ва шахсияти онҳо ҳимоя хоҳад шуд, зеро аҳкоми шаръӣ тақозо мекунад, ки аҳволи шахсии онҳо бо қозигии худи онҳо мувофиқи динҳояшон ҳаллу фасл шавад. Инчунин тақозо мекунад, ки онҳо аз динашон боздошта нашаванд. Аммо илмоният тақозо мекунад, ки тамоми қонунҳо, ҳатто аҳволи шахсӣ бо қонунҳои шаҳрвандӣ ҳаллу фасл шавад. Аз ҳамин сабаб, онҳо монанди мардуми имрӯзаи Ғарб шахсияташонро тамоман аз даст медиҳанд.
Нигоҳ доштани мубориза дар байни Ислом ва капитализму илмоният ба гурӯҳи ҳукмрони Ғарб зарба зада, миёни он ва мардуми Ғарб фарохӣ пайдо мекунад, роҳи душманонро, ки мехоҳанд насрониёни кишварашонро ба сафи худ ҳамроҳ кунанд, мебандад, калисоҳои Ғарбро дар тобути марг вомегузорад. Инчунин мартабаи Исломро баланд бардошта, ҳақиқати онро, ки ақидаи ақлӣ аз ҷониби Зоти доно ва огоҳ буда, аз он низом сарчашма мегирад ва ин низом тамоми муаммоҳои инсонро ҳал карда, дар шакли дақиқ танзимгузорӣ мекунад, ба онҳо нишон медиҳад.
Аммо ҳаракатҳои мухолифи мусаллаҳ бояд дар ҳолати кунуниашон – зарба задан ба кофирони истилогари кишварамон ва беқувва гардондани нерӯҳои онҳо бимонанд ва аз дохилшавӣ ба мубориза бо ҷонибҳои дохилӣ худдорӣ намоянд. Зеро ин ба ғайр аз он ки ба Ислом зид ва гуноҳи бузург аст, амалигардонии ҳадафҳои душманонамон ва гузоштани монеаҳои калон дар роҳи фаъолият барои бунёд кардани давлати исломиамон, ки давлати тамоми мусулмонон аст, ба шумор меравад. Ин ҳаракатҳо бояд кори худро бо ҷиҳоди кофирони истилогар маҳдуд сохта, ба ҷабҳаи дигари сиёсӣ надароянд.
Аз Аллоҳ Таоло мепурсем, ки қадамҳоямонро дар ҳақ устувор гардонад, амалҳоямонро холис барои Худаш гардонад ва дар ёрии ҳамаи фаъолияткунандгони мухлис бошад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев